Ru  | Tj
Баргузории маҳфили “Шабе дар осорхона” дар Душанбе бахшида ба рӯзи ҷаҳонии осорхона
Баргузории маҳфили “Шабе дар осорхона” дар Душанбе бахшида ба рӯзи ҷаҳонии осорхона
Аксҳо: Halva.tj

Баргузории маҳфили “Шабе дар осорхона” дар Душанбе бахшида ба рӯзи ҷаҳонии осорхона

Нашр шуд

Дишаб (18-уми май) дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмиллалии осорхона ва эълон гаштани шаҳри Душанбе Пойтахти фарҳангии ИДМ иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона” баргузор гардид. Чорабинии мазкур, ки 30 барномаи фарҳангӣ – фароғатиро фарогир буд, аз соати 18:00 то 23:00 давом кард.

Иқдом бо намоиши ҳунармандони Сирки давлатӣ ва сурудҳои сарояндагони машҳури кишвар дар саҳни осорхона ифтитоҳ ёфт. Тамошобинон пас аз тамошои ҳунарнамоиҳо вориди осорхона шуданд. Дар ин ҷо аз зербино то ошёнаи сеюм намоиши ҳунарҳои мардумӣ: заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар чӯб, гулдӯзӣ ва дигар намудҳои он ба маъраз гузошта шуда буд. Инчунин, дастовардҳои меъмории шаҳри Душанбе, ихтироот ва маҳсули дасти донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар низ пешниҳоди меҳмонон гардид.

Дар зербинои осорхона барномаи рақсу суруд барои кӯдакон ташкил шуда буд, ки дар он шумораи зиёди хурдсолон хурсандона иштирок карданд. Дар ошёнаи якум бошад намоиши “Ихтироъкорони ҷавон”, “Хӯрокҳои миллӣ”, “Ҳунари заргарӣ”, “Хушнавис”, “Муҳрасозӣ”, “Ҷуроббофӣ”, “Кентавр” – экспанатҳои зинда баргузор гардид.

Дар ошёнаи дуюм бошад, намоиши “Рӯҳнавоз” – ҳунарнамоии Оркестри симфонии назди ДИП ҶТ, “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо” – намоиши сафоратҳои кишварҳои ИДМ, “Ҳунари сикказанӣ”, “Арифметикаи зеҳнӣ”, “Мутриб” ба маърази тамошо гузошта шуд.

Ошёнаи сеюми осорхона бо намоишҳои “Ҷилваи ҳунар”, “Кандакорӣ дар чӯб”, “Чеҳранигорӣ” ва маҳфили “Як тасвир” диққати меҳмононро ба худ ҷалб мекард. Ғайр аз ин дар рафти барномаҳои дар нақшабуда саҳнаҳои театрикунонидашудаи “Қаҳрамонҳои таърихӣ дар ОМТ”, тамошои “Олами ҳайвоноти зинда”, озмуни акси беҳтарин “Нигоҳи ман”, “Дунёи афсона”, намоиши филмҳои “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ”, шоу – маҳфилҳо, барномаҳои дилхушӣ, барномаҳои консертӣ ва озмунҳои гуногун шумораи зиёди меҳмононро дар атрофи худ ҷамъ карданд.

Барномаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин сарпарастӣ ва дастгирии ширкатҳои “Сиёма”, “Мегафон Тоҷикистон” шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Душанбе HD”, “Ҷаҳоннамо” ва радиои “Ватан” ба роҳ монда шуд.

Иқдоми “Шабе дар осорхона” барномаи байналмиллалӣ буда, ҳар сол барои фароғат ва ҷалби шаҳрвандон ба осорхонаҳо санаи 18 май – дар Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо баргузор мегардад. Ҳоло дар 120 давлати дунё 30000 осорхона ин иқдомро ба роҳ мемонанд. Дар Тоҷикистон аввалин маротиба иқдоми “Шабе дар осорхона” баъди ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013 доир шуда буд ва чорабинии навбатӣ маротибаи 8 – ум ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ҳамасола 18 – уми май ҷашн гирифта мешавад ва онро аз соли 1978 дар 150 кишвари дунё таҷлил менамоянд.

8 осорхонаи онлайнӣ, ки шумо онҳоро аз хона набаромада тамошо кардан метавонед

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед