«Бодпой». Достоне аз сарнавишти сӯзанда ва созандаи афғон
Нашр шуд
Бори дуюм аст, ки ин китобро мехонам. Маротибаи аввал се сол қабл буд ва ин бор мутолиаи он ба ман таассуроти дигар бахшид. Бахше аз ҷанбаҳои асарро дар мутолиаи пешина хуб дарк накарда будем ва ин маротиба бо ҳавсалаи нав онро хондам.Китоби ҳайратовар... Ин яке аз он таърихҳои фаромӯшнашаванда аст, ки тӯли солҳои зиёд бо шумо хоҳад монд. Ҳамаи мавзӯъҳои бузурги адабиёт ва ҳаёт матоъи ин румони ғайримуқаррариро бофтаанд: муҳаббат, ифтихор, эҳсоси гуноҳ, тавбакорӣ... Достон ончунон пуртаъсир аст, ки ҳарчӣ ман минбаъд хондам, дар назарам содаю бенамак ва бемаънӣ тофт.
Изабел Аленде
Асари «Бодпой»-и Халид Ҳусейнӣ, нависандаи афғони муқими Амрикоро як асари маъмулӣ ва дорои чанд сужаву қаҳрамон ва ҳаводис наметавон гуфт. Достон дорои ҷанбаҳои гуногуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ буда, хонандаро ба андешидан талқин менамояд.
1. Амир ва Ҳасан қаҳрамонони марказии асар ду шахсияти мутафовит: яке писари марди сарватманду баобрӯй ва шинохта ва дигарӣ бенавову хидматгор; яке босаводу китобхон ва дигарӣ ҳарфҳоро намешинохта ва бесавод; яке дар миёни шахсиятҳои соҳибэҳтиром дорои иззат ва дигаре дур аз ин тоифаву ҷамъ, худ ва бо аъмоли худ танҳо ҳастанд.
2. Ҳарду зери як сақф зиндагӣ мекунанд, ҳамсинну соланд, аз як ҳаво нафас мекашанд, бо ҳам бозӣ мекунанд, аз вақти бо ҳамдигар гузаронда лаззат мебаранд, вале дӯст нестанд. Зеро якумӣ соҳибхона аст ва дувумӣ хидматгор, аввалӣ паштун аст ва дувумӣ ҳазора, аввалӣ суннимазҳаб ва дувумӣ шиа. Миёни дӯстии онҳо на худи онҳо, балки ҷомеаи Афғонистон, гуногунии қавмӣ ва эътиқоди онҳо рахна эҷод мекард.
3. Дӯстӣ, садоқат, хиёнат, азоби виҷдон ва пушаймонӣ қисмати меҳварии ин асарро ташкил медиҳад. Ҳасан дӯстиро муқаддас медонад ва дар садоқат устувор аст. Ӯ хешро қурбонии разолат мекунаду дӯстии миёни худу Амирро эмин нигоҳ медорад, вале Амир баробари шоҳиди бадрафторӣ нисбати Ҳасан гаштан чашм мепӯшад, ба дӯстии худу Ҳасан хиёнат мекунад. Шояд нотавонӣ, тарс ва ё тафовути мазҳабию қавмӣ нагузошт, ки Амир риштаи дӯстии худро бо Ҳасан аз канда шудан раҳонад. Амир дар ин бозӣ бохт ва як умр азоби виҷдон кашиду товони хиёнатро ахиран баъди бисту ҳафт сол ҷуброн кард. Ва таассуфовар он аст, ки ҳарду қаҳрамони мо бародарони ғайрихунӣ будаанду инро намедонистанд. Ҳасан аз ин сир огоҳ нагашта, аз зери дасти толибони хунхор парронда шуд ва Амир дар 37-солагӣ баъди аз Амрико ба Афғонистон баргаштан ҳақиқати зиёдеро дар бораи хонаводаи хеш ва Ҳасан кашф мекунад, ки дигар ҳарфе ба гуфтан намеёбад.
Аз ин китоб чанд нуктаро метавон дарк кард: Ҳеч гоҳ ду хонаводаи мутавофит ва ё ду шахсияти гуногунқавму гуногунтабақа бо ҳам дӯсти хуб буда наметавонанд, хусусан дар Афғонистони сарсон. Вале ин нуктаи охирини хулосаи мо нест, зеро ҳолатҳои воқеии акси ҳол низ кам нестанд. Дувум, ҳар нафар қодир нест хешро барои дигаре қурбон кунад ва ҳеч дӯстие баъди хиёнат пойдор намемонад.
Табақаи доро ҳарчанд нисбати нодорҳо меҳрубониву ҳотамӣ кунанд, аслан кӣ будани худу хидматгорашонро фаромӯш намекунанд. Инро дар мисоли Ҳасану Амир дидан мумкин аст. Падари Амир – Алӣ падари Ҳасанро эҳтиром мекарду дӯст медошт ва Ҳасанро баробари писари худ медонист, вале ҳатман миёни онхо фосила буд ва сабабашро дар охири китоб барои хеш кашф кардем, ки Ҳасан писари хунии Бобо будааст. Вагарна чаро Амирро бо мошини худ ба дабиристон (мактаб) мебурд, вале Ҳасан, ки як умр хидмати хонаводаашонро ба ҷо меовард, на. Зеро намехост хиёнату асрори чандинсолаашро фош намояд. Бобо – падари Амир марди олиҳиммат ва рӯшанфикру доро буда, барои ӯ гуногунии қавмиву мазҳабӣ аҳамият надошт ва инсонияту шарафро муҳим мешумурд, вале ӯ ҳам сирри ниҳоне дошт. Барои шуштани гуноҳҳои худ ҳамаи корҳои хайре, ки аз дасташ омад, анҷом дод.
Ҳасан яке аз симоҳои мусбати асар аст, ки кулли хислатҳои неки инсонӣ чун меҳрубонӣ, сабурӣ, рафоқат, ҳалимӣ, садоқат, ростгӯӣ ва мардонагӣ дар замираш ҳувайдост. Ҳасан барои ҳар наслу ҳар қавме улгӯ (намуна) аст. Барои ӯ инсон ва болотар аз ҳама мард будану садоқат доштан муҳим аст. Ӯ қурбонӣ аст, қубонии ноадолатӣ, ҳифзи шарафу номус, инсоният ва қурбонии як қавм бар қавми дигаре ва ахиран қурбонии як сохтор.
Ҳоло ҳам мебинем, ки чӣ гуна миёни қавмҳо ва намояндагони дину мазҳабҳои гуногун баҳсу нофаҳмиҳо ва хунрезиҳо рух медиҳад, ки боиси аз байн бурдани инсоният, шараф, номус ва ахлоқ мегарданд.
Амир дар охир бо наҷот додани бародарзодаи худ Суҳроб писари Ҳасани марҳум аз миёни лошахӯрону номусфурӯшон гуноҳи хешро шушт ва эҳсоси роҳативу оромӣ баъди азоби виҷдони тӯлонӣ рӯҳи ӯро осуда намуд. Ӯ имкон пайдо кард, ки дар пайроҳаи накӯкорон дубора қадам занад.
Нооромӣ, бесуботӣ, мансабталошӣ ва бесарусомонӣ дар як кишвар ба сарнавишти мардуми он таъсири бузурге мегузорад. Мо солиёни зиёд шоҳиди ҳамин гуна вазъи мушкил дар Афғонистон ҳастем ва хеле нохушоянд аст, ки халқи одии афғон ҳамеша қурбони зулму бедодӣ ва худхоҳии мансабдорони ҷоҳиланд.
ХАЛИД ҲУСЕЙНӢ КИСТ?
Муаллифи ин асари барҷаста Холид Ҳусайнӣ соли 1965 дар шаҳри Кобул дар оилаи дипломати афғон таваллуд шудааст. Падараш Носир намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ва модараш муаллими забони форсӣ дар дабиристони духтаронаи Кобул буд. Вобаста ба мансубияти қавмӣ Холид Ҳусайнӣ худро нисф паштун ва нисф тоҷик меномад. Соли 1970 Ҳусайнӣ ҳамроҳ бо волидонаш ба Эрон мекӯчанд ва падараш дар Сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба фаъолият мепардозад. Соли 1976 падари нависанда бо сабаби ёфтани фаъолияти нав дар Порис ба Фаронса мекӯчанд. Дар соли 1980 вақте ӯ 15 сол дошт, оилаи онҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои паноҳгоҳи сиёсӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд. Вақте аввалин бор Амрико рафтанд, ӯ тамоман забони инглисиро намедонист. Холид соли 1984 баъди хатми дабиристон дар Сан Ҷосе ба Донишгоҳи Санта Клара, ихтисоси биология дохил мешавад. Баъди хатми он дараҷаи магистриро дар Омӯзишгоҳи тиббии Сан Диегои Донишгоҳи Калифорниа идома медиҳад.
Румони аввалини нависанда «Бодпой» (2003) пурфурӯштарин асари амрикоӣ дар ибтидои асри нав гардид ва чанд сол мешавад, ки яке аз китобҳои пурхонандатарин дар олам маҳсуб мешавад. Достон ба беш аз чиҳил забони дунё тарҷума шудааст.
Соли 2005 Холид Ҳусайнӣ соҳиби мукофоти бонуфузи адабии «Шоҳиди сулҳ» ва моҳи ноябри соли 2007 нахустнамоиши филми аввалин бар пояи румони "Бодпой"-и Холид Ҳусайнӣ баргузор гардид.
Соли 2007 румони дувуми нависанда «Ҳазор хуршеди тобон» ва соли соли 2013 румони севуми ӯ «Ва кӯҳҳо садо доданд» ба нашр мерасад, ки худи ҳамон лаҳза китоби беҳтарини мағозаҳои китобфурӯшии ҳамаи давлатҳои инглисизабон гардид.
Ҳусайнӣ дар айни замон сафири Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) мебошад. Ӯ фаъолияти худро барои расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон тавассути «Бунёд»-и Холид Ҳусайнӣ ба роҳ мондааст. Ҳадафи ин бунёд сохтани хонаҳо барои гурезаҳое, ки ба Афғонистон бармегарданд ва ҷамъоварии маблағ ба онҳост, ки баъди ба Афғонистон сафар намудани Ҳусайнӣ дар соли 2007 ҳамроҳи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ба вуҷуд омад.
Холид Ҳусайнӣ бо Рӯъё (Roya) ном бону издивоҷ намуда, ҳоло соҳиби ду фарзанданд. Ӯ ҳоло бо оилааш дар Калифорнияи Шимолӣ дар Амрико умр ба сар мебарад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед