Кашшофи ахтарони само. Чӣ тавр бонуи тоҷик рӯ ба илми нуҷум овард?
Нашр шуд
Фирӯза Раҳмат бонуи ахтаршиноси тоҷик буда, 12 сол боз дар олами ситораву сайёраҳо сайр дораду кораш таҳқиқу омӯзиши ҷирмҳои осмонист. Ӯ миёни олимону муҳаққиқони илми нуҷум (астрономия) бо шавқу шӯр талош дораду самти ҳадафаш устуворона ва ҳадафмандона гом мениҳад. Имрӯз дар кори хеш ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст ва мехоҳад барои ояндагон ва насли ҷавон аз таҳқиқу пажӯҳишҳои худ чизе ба ёдгор гузорад.
- Аз овони кӯдакиям дарк мекардам, ки инсон бояд пас аз худ номи нек боқӣ гузорад ва агар исмаш дар саҳифаи таърих ба некӣ ёд шавад, пас хушбахттарин фард хоҳад буд. Вақте ки дар мактаби миёна таҳсил менамудем, аз фанни нуҷум (астрономия) ба мо дарс намегузаштанд. Азбаски мактабхониям ба давраҳои душвори охири солҳои 90-ум рост меомад, норасоии муаллимонро бешубҳа дарк мекардам. Ягона роҳ худомӯзӣ буд. Бо ёрии падар ва муаллимони ғамхор ба худомӯзии нуҷум машғул будам. Дар фосилаи зангҳои дарсӣ рафта аз муаллимони фанни ҳисоб суол мекардам ва онҳо ба ҳадди имкон посух медоданд, вале аз ҷавобҳои эшон қонеъ намегаштам, - нақл мекунад ӯ.
Фирӯза дар умқи дил орзу ва майли сарояндаи барҷастаи опера гаштан дошт. Дар хона сарояндагони операсаро чун Мария Каллас, Магда Оливеро, Клаудия Мутсио, Роза Понсел, Монсеррат Кабалйе ва дигарҳоро гӯш мекард. Бисёр мехост мисли онҳо дар саҳнаҳои бузург ҳунарнамоӣ кунад ва бо ҳунари худ дилҳоро тасхир намояд. Вале дарк мекунад, ки зиндагӣ аз ӯ чизи дигареро талаб дорад. Раванди зиндагӣ ва вазъи оилавӣ нагузошт, ин истеъдодро дар хеш такмил диҳад. Ӯ мегӯяд, дар он лаҳзаҳо вуҷудам мехост, ки ба як такомули нодир ва бениҳоят бузург даст занаму чизи ғайримаъмулеро барои оянда интихоб намоям. Интихоби онрӯзаи ман кулли ҳаёт ва ҳамрози зиндагии имрӯзаам гашт.
Қаҳрамони мо аз рӯзи аввали дохил гаштанаш ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кафедраи астрономия ба кор медарояд.
- Вақте ки моро гурӯҳ ба гурӯҳ тақсим карданд, устод Хурсанд Ибодинов, доктори илмҳои физикаю математика ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба мо аз курси астрономияи умумӣ дарс меомӯхтанд. Дарёфтам, ки дар кафедра ҷойи кори холӣ аст, ба устод муроҷиат карда, аз аҳволам хабардор намудам ва он кас гуфтанд, ки ба мудири кафедра академик Бобоҷонов П.Б. арзи ҳол кунам. Пас аз чанд рӯз наздашон рафта матлаби хешро баён намудам, ростӣ маро бе ҳеч мушкилӣ ба кор гирифтанд ва ду сол ба ҳайси ассистенти кафедра нимбаст фаъолият кардам. Аз саҳар то нисфирӯзӣ лексия мехондам ва пас аз дарс то соати 5-и бегоҳирӯзӣ кор мекардам, - мегӯяд Фирӯза.
Муҳити донишгоҳ ва фаъолият миёни шахсиятҳои соҳибкасбу таҷрибадор ва олимону устодони соҳа ба як ҷавондухтаре бо хаёли рангин таассуроти хуб бахшид.
Одамоне ҳастанд, ки таҳсил дар донишгоҳро танҳо ба хотири диплом мебинанд. Аммо қаҳрамони мо мегӯяд, ки дар раванди таҷриба ба хулосае омадам, ки муҳити донишгоҳ ва фаъолият миёни шахсиятҳои соҳибкасбу ботаҷриба қобилияти ҳалли масъалаҳо, пайдо кардани роҳҳои сазовори баромадан аз вазъияти душвор ва дар сурати ноком шудан таслим нашуданро меомӯзад.
- Бибинед, вақте ки мавсими имтиҳонҳо фаро мерасад, чӣ қадар кӯшиш ба харҷ медиҳӣ, ки аз марҳила ба марҳилаи ниҳоӣ бо обрӯ бароӣ. Ин муносибат дар солҳои донишҷӯйӣ ташаккул меёбад. Ҳангоми таҳсили ман масъалаи хондан бароям муҳим буд. Барои ҳамин бояд пеш аз ҳама эҳтиром ба худ бигзорӣ, ки ту ҳам метавонӣ бо роҳи меҳнату заҳмат дар миёни шахсиятҳои соҳибкасбу ботаҷриба ба дастоварде ноил шавӣ, - зикр мекунад ӯ.
Бону Фирӯза иқрор мешавад, ки таҳсил ва кор дар донишгоҳ сатҳи маърифатнокии ӯро баланд бардошт ва маҳз ба шарофати ҳайати омӯзгорон омӯхтану фикр кардан, таҳлил, инчунин дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ моҳирона ва равшан баён кардани фикрро омӯхт.
АЗ ИЛМ СӮЙИ АМАЛ
Фирӯза таҳти роҳбарии академик Пӯлод Бобоҷонов хусусиятҳои динамикии 206 астероидро бо меъёрҳои алоҳида ҳисоб менамояд.
- Ман бо академик П.Бобоҷонов аз курси якум шинос шудам. Эшон ба мо аз фанни механикаи кайҳонӣ дарс меомӯхтанд. Дар раванди дарсомӯзӣ бисёр суолҳо медодам ва ниҳоят дар анҷоми мавсими имтиҳонҳо устод ба мо, донишҷӯён супориши ҷиддие доданд, ки он ҳам ҳисоб кардани элементҳои мадор бо формулаҳои махсуси механикаи кайҳонӣ буд. Шумо шояд бовар накунед, ҳалли вазифа дар ду дафтари 46 варақа ҷой мегирифт. Ман бо хирагиву суботкорӣ қариб ҳар рӯз назди эшон ба Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳо мерафтам. Дар паси дарашон интизор мешудам, то ин ки ҳалли масъалаи маро бибинанд. Хуллас, бо ёрии устод ин вазифаро паси карда аз имтиҳони сахти академик гузаштам ва бо ин таҷриба ба дигар ҳамкасбонам ҳам ёрӣ расондам, - қисса мекунад Фирӯза.
Дар охири соли дуюми таҳсил Фирӯзаро устод Пӯлод Бобоҷонов ба Пажӯҳишгоҳи астрофизика ба кор даъват мекунад. Пас аз ин фаъолияти илмии ӯ бо устод бештар мегардад ва корҳои реферативӣ, курсӣ ва ниҳоят кори дипломиро таҳти роҳбарии эшон ба анҷом мерасонад, ки ин марбут ба таҳқиқи 206 астероид буд. Ҳангоми навиштани кори дипломӣ тайи чанд моҳ таҷрибаомӯзӣ мекунад ва ин коромӯзӣ бо таҳқиқи 206 астероид сипарӣ мегардад.
- Мақсади кор ошкор кардани табиати динамикии 1996 астероиди назди заминӣ буд. Дар натиҷаи коркарди динамикӣ бо усулҳои махсуси астрономӣ ошкор гардид, ки 206 астероиди назди заминӣ аз рӯйи мадори кометамонанд ҳаракат менамоянд ва онҳо номзад ба ҳастаҳои хомӯшшудаи кометаҳо мебошанд, - мегӯяд бонуи нуҷумшинос.
ТАҶРИБААНДӮЗӢ ДАР РАСАДХОНАҲОИ ФАРОМИЛЛӢ
Расадхонаи астрофизикии Қрим яке аз калонтарин пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки дар соҳаҳои зерин тадқиқот мебарад: 1. Физикаи ситораҳо; 2. Физикаи Офтоб; 3. Радиоастрономия; 4. Астрономияи экстрагалактикӣ ва гамма-рентгенӣ; 5. Астрофизикаи таҷрибавӣ; 6. Истеҳсоли оптикӣ.
Доираи корҳои илмии олимони расадхона хеле васеъ аст. Барои ҳамин такмили ихтисос дар он барои як бонуи тоҷик хеле ифтихор буд. Бо дастгирии профессор Хурсанд Ибодинов, ки он солҳо раҳбарии пажӯҳишгоҳро ба уҳда доштанд, Фирӯза тӯли се моҳ дар расадхонаи мазкур дар шуъбаи астрофизикаи амалӣ такмили ихтисос менамояд. Дар раванди омӯзиш бо мутахассисони пешбари ҷаҳон дар самти астрономия кор карда, таҳқиқотҳои замонавиро азхуд мекунад.
- Яке аз таассуроти хотирмонам он буд, ки дар телескопи машҳуртарин ЗТШ-Шайн, ки қутри оинагии ӯ 2,6 м аст, мушоҳидаҳои астрономӣ гузаронидам. Ин телескоп яке аз бузургтарин асбобҳои астрономӣ дар Аврупо мебошад, - зикр мекунад ӯ.
Мақолаҳои бонуи ахтаршинос дар мавзӯъҳои гуногуни илми астрономия аз рӯйи самти ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи пешбари хориҷи кишвар ба монанди «Астрономический Вестник», «Planetary and Space Sciences», «Advances in Space Research», «Astrophysics», «Contributions of the Astronomical Observatory Skalnaté Pleso, Icarus» ва ғайра рӯйи чоп омадаанд.
Ҳоло Фирӯза Раҳмат дар расадхонаи Санглохи ноҳияи Данғара ба омӯзиши ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ ба монанди астероидҳо ва кометаҳо, инчунин ба омӯзиши ситораҳои тағйирёбанда ва фавқулнав машғул буда, мушоҳидаҳои ҷирмҳоро ба сомон мерасонад. Расадхона заминаи асосии корҳои таҷрибавии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва мушоҳидаҳои муҳими астрономӣ дар онҷо сурат мегиранд.
Расадхонаи астрофизикии Қрими Академияи илмҳои Русия ва расадхонаи Лесникии Академияи миллии илмҳои Украина низ аз ҷумлаи маконҳои таҳқиқоти ин бонуст. Омӯзиши фаъолияти афрӯзиши ҷирмҳо, хусусиятҳои динамикӣ ва физикии гурӯҳҳои нави ҷирмҳои хурди системаи офтобии ба наздикӣ кашфшуда, ҷирмҳои гурӯҳи кентавр, ҷирмҳои дорои мақоми духела дошта аз корҳои муҳимтарини ӯст. Ӯ бо истифода аз назарияҳо ва усулҳои муосир хусусиятҳои асосии динамикӣ ва физикии ҷирмҳои мушоҳидашударо муайян карда, механизмҳои фаъолияти онҳоро баррасӣ намуд ва дар бораи хусусияти эҳтимолии объектҳои омӯхташуда хулосаҳои нав баровард.
- Олами астрономия ба мо имкон медиҳад, ки ба саволҳои худ ҷавоб ёбем: мо дар куҷоем, аз куҷо омадаем ва ба куҷо меравем. Ин илм барои қонеъ кардани кунҷковии хоси насли инсонӣ ба донистани коинот, инчунин дониши асосиро барои кашф кардани фанновариҳо (технологияҳо) ва хидматҳои муҳимтарин дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо фароҳам оварда, шарҳ медиҳад. Нуҷум (астраномия) илми бунёдӣ аст. Дар айни замон ин илм барои таъмини бештари пажӯҳишҳо ва рушди технологӣ, инчунин дар баробари омӯзиши мутобиқшавии ҳаёт дар дигар муҳитҳо, яъне вуҷуд доштани ҳаёт дар дигар сайёраҳо, хавфи сайёраҳои бегона ба сайёраи Замин ва фаҳмидани зуҳуроти табиат барои ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии рӯйи Замин муҳим аст, - иброз менамояд Фирӯза.
БА МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН НИЁЗМАНДЕМ
- Тоҷикистон дорои расадхонаҳои нодир аст ва кӯҳсорони сарбафалаккашидаи кишвар нуқтаи асосии омӯзиши ситораҳост. Иқлими Тоҷикистон барои мушоҳидаҳо ва кор дар ин раванд хеле мусоид мебошад. Илми нуҷумшиносии тоҷик ба ҷавонони лаёқатманд, ки дар ҳақиқат мехоҳанд умри худро ба илм бахшанд, ниёз дорад. Имрӯз ба ин қишри ҷомеа имкониятҳои фаровон аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти кишвар фароҳам оварда шудааст. Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо озмунҳои гуногун, аз ҷумла озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»-ро ба роҳ монданд. Нафароне, ки мехоҳанд дар ҷодаи илми нуҷум қадам гузоранд, бояд дар интихоби худ қавӣ бошанд. Пеш аз ҳама, сабр ва таҳаммул намоянд, чун маҳаки илм сабурист, - зикр мекунад қаҳрамони мо.
Аз нигоҳи Фирӯза зиндагӣ ин талош кардан, эҳтиром ба худ ва атрофиён доштан, бо як барномарезии хуб кор кардан, натарсидан аз заҳмат ва кори неку ҳалол аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед