Ru  | Tj
Барандаи муҳоҷир: Чӣ гуна Давлатмо тӯйҳоро дар ғарибӣ ободу навои шодиро то ба Ватан мерасонад?
Барандаи муҳоҷир: Чӣ гуна Давлатмо тӯйҳоро дар ғарибӣ ободу навои шодиро то ба Ватан мерасонад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Барандаи муҳоҷир: Чӣ гуна Давлатмо тӯйҳоро дар ғарибӣ ободу навои шодиро то ба Ватан мерасонад?

Нашр шуд

Давлатмо Амирдин 13 сол боз ҳамчун баранда дар тӯю маъракаҳои мардум хизмат менамояд. Ӯ фаъолияти ровигиашро замоне шуруъ намуд, ки донишҷӯи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Баъди ду соли таҳсил дар ин ришта ба шуъбаи ғоибонаи факултет гузашта, ба шаҳри Маскав мекӯчад. Инҷо, алакай Давлатмо, ки тариқи саҳифаи инстаграмаш ҳамчун ровии хушкор шинохта шуда буд, аз ҷониби обуначиёну дӯстон барои гузарондани тӯйу маъракаҳо даъват мешуд, вале дар баробари он барои ба даст овардани маблағ дигар корҳои иловагӣ низ анҷом медод, то дар мусофират тавонад рӯзгорро хуб пеш барад.

 "Ба нақли падарам ман се сол доштаам, ки онҳо руҷуи бандаро ба балангӯяку суханпардозӣ мушоҳида кардаанд. Ман дар бештари маврид чароғча – фонарикро гирифта, ба табрики ҳозирин мепардохтам ва аҳли хонавода ба суханпардозиам кафкӯбӣ мекарданд. Шояд ҳамон кафкӯбиҳои онҳо шуълаи муҳаббат ба ин касбро дар вуҷудам рӯшан карду имрӯз миёни мардум ба ман нону ном дод", - мегӯяд ӯ.
Давлатмо зодаи деҳаи дурдасту зебоманзари Намадгути ноҳияи Ишкошими Бадахшон аст. Аз даврони мактабхонӣ дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии сатҳи мактабиву берун аз он ширкат варзида, танзиму пешбарӣ, ровигӣ ва гоҳе сарояндагиро ба дӯши худ мегирифт, зеро хеле хуб аз ӯҳдаи иҷрои онҳо мебаромад.

Давлатмо тасмим мегирад, ки баъди хатм ба факултети журналистика ҳуҷҷатҳояшро супорад, зеро муҳаббат ба ин пешаро наттоқони телевизионҳои дохиливу хориҷӣ дар дили ӯ бештар ҷо намуда буданд. Ҷавондухтаре бо орзуҳои наҷиби хеш аз кӯҳистони дурдаст рӯ ҷониби пойтахт меорад ва ба ӯ даст медиҳад, ки донишҷӯи яке аз донишгоҳи бонуфузи кишвар, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети журналистика гардад.

"Дар оғоз ба барандагӣ ҳамчун манбаи даромад менигаристам, зеро он солҳо барои гузарондани як тӯй 200 сомонӣ пардохт мекарданд ва барои як донишҷӯ ин маблағ хеле кумак мекард", - ба ёд меорад ӯ.


Вале баъдан ин пеша тавонист, ки нигоҳи қаҳрамонамонро ба зиндагӣ ва ба фаъолияташ иваз намояд. Замоне, ки рисолати кориашро бо табассуму масъулият ва муҳаббату дилбастагии зиёд анҷом медоду гармии тарафайнро аз ҷониби атрофиён ва шунавандагонаш ба даст меовард, нерӯи тоза мегирифт. "Вақте шодиро дар симои дигарон медидам, дар худ гум мешудам ва воқеан худро хушбахт эҳсос мекардам", - нақл мекунад ӯ. Вокуниши хуби соҳибтӯйҳо ва дӯстон масъулияташро бештар намуданд ва минбаъд Давлатмо талош мекард, ки бояд маъракаҳоро дар сатҳи беҳтар ва бо омодагии ҷиддитар гузаронад.

Баъди оғози фаъолият дар Русия, Давлатмо мекӯшид, ки сифати саҳифаи инстаграмашро низ хуб намояд. Дар оғоз ӯ ба нашри лаҳзаҳои ҷолиби тӯю маъракаҳо дар сторизу саҳифаи асосии инстаграмаш пардохта, ба ин восита ҳам шумораи обуначиёнаш зиёд мегашт ва ҳам бештару беҳтар миёни мардум шинохтатар мешуд. Ӯ мегӯяд, ки аксари пайвандони навхонадорон наметавонанд бевосита дар рӯзи хурсандиашон канорашон бошанд ва онҳо тавассути наворҳои сабткардаам базму маҳфилҳоро тамошо менамоянд. Ин буд, ки Давлатмо ҳам вазифаи ровӣ ва ҳам блогеру наворбардорро иҷро мекард. Аз соли 2018 инҷониб  саҳифаи шахсиашро дар инстаграм пеш мебарад ва имрӯз шумораи обуначиёни саҳифааш ба 66 ҳазор расида, наворҳояш то 1 миллион маротиба тамошо  доранд.  Инстаграм дар фаъолияти Давлатмо нақши калидӣ дорад ва аксари фармоишро аз ҳамин сомона мегирад. Бо омода кардани муҳтавои (контент) ҷолибу зебо аз рафти тӯйҳо ӯ тавониста, тамошобини доимии саҳифаашро пайдо намояд ва пайваста аз ҷониби онҳо аксуламали назаррас гирад. Мавсими асосии корӣ барои қаҳрамони мо фасли тобистон аст ва қариб ҳар рӯз барои гузарондани маҳфили бахт даъват мегардад. Фармоиши тӯйҳоро як, ду ва ё се моҳ қабл қабул менамояд. Соҳибҷашнҳо аз аксари шаҳрҳои Русия Давлатморо барои гузарондани базми хурсандии худ даъват менамоянд. Дар мавридҳои дигар дар як ҳафта гузарондани ду – се тӯйро ба ӯҳда мегирад ва даромад аз фаъолияташ барои қаҳрамони мо ба ҳамаи талаботи рӯзгораш басандагӣ мекунад.


Аз мушкилот то роҳи ҳал

Давлатмо мегӯяд, ки ҳар як касб, аз ҷумла ровигӣ дар аввал душвориҳои зиёд дорад. Ровӣ ба ҳама гуна тағйироте, ки дар раванди базм ба вуҷуд меояд, бояд омода бошад ва ҳамзамон, ҳар як лаҳзаи он аз зери назорати баранда берун намонад, яъне контроли асосии базм дар дасти барандаи туй аст. "Дар оғоз банда ба душвориҳои гуногун дучор мегаштам ва ё баъди маъракаҳо аз паҳлӯ ба овозу тарзи баёну ҳаракати худ назар намуда, дарк мекардам, ки аз камбудиҳо орӣ нестам. Гоҳе камҷасоратиамро худам эҳсос мекардам, вале бо гузашти замону таҷрибаи зиёд касб кардан, тавонистам, ин камбудиро бартараф намоям. Барои ҳар як баранда сараввал муҳим аст, ки буррову равон ва бо боварӣ ба худу маҳораташ базмро пеш барад. Ровӣ бояд тавонад аудиторияи худро қонеъ кунаду нагузорад миёни базм хаос ба миён ояд ва ба эҳсосот низ дода нашавад. Агар шуду ровӣ ин маҳоратҳоро дар худ надошта бошад, беибо касе ба суханаш таваҷҷуҳ намекунаду эътибор намедиҳад. Рӯҳияи шодиву хурсандӣ ва позитивӣ гирифтани базм аз маҳорати барандаи хуб вобаста аст. Ин касб аз мушкилот кам нест, вале сабру таҳаммул меваи ширин дорад", - мегӯяд ӯ.


«Дар инстаграм гоҳе аз ҷониби бадбинҳо (хейтерҳо) ва обуначиёни саҳифаам, ки аслан шахсияташон номаълум аст, шарҳҳои таҳқиромез низ ба суроғаам ворид мешаванд, ки он ҳам аслан на ба кору фаъолиятам дахл дорад, балки мехоҳанд ягон камбудии зоҳирии бандаро зери ҳарф баранд. Фақат ҷасорату хоҳиши зиёд лозим аст, то муваффақ шавӣ», - мегӯяд қаҳрамони мо.

Ровии ҷавон тамоми вуҷудашро ба кору фаъолияташ бахшидааст ва энергияаашро барои дар сатҳи баланд гузаронидани тӯйу маъракаҳои халқ сарф менамояд. Ӯ мегӯяд, ки ман ҳама чизро ба дил наздик қабул мекунам, аз ин рӯ мехоҳам ҳамаи базмҳо бе камбудӣ гузаранд ва дӯст намедорам, ки бо ду-се маротиба сухан кардан, лаҷоми базмро ба сарояндагон ҳавола намоям. Аз ин рӯ баъди гузаронидани ҳар базм хастагии равонӣ эҳсос менамоям. Бо вуҷуди хастагиҳо, вақте аз соҳибҷашнҳо ва нафарони бузургсол суханҳои зебо мешунавам, ҳама хастагиҳо рафъ мегарданду муҳаббатам ба касбам меафзояд.

Давлатмо зиёд мехоҳад, ки соҳибҷашнҳо ба базмҳояшон ҷиддӣ назар намоянд ва пешакӣ ҳама барномаи маъракаро тарҳрезӣ карда бо баранда мувофиқа кунанд, зеро яке аз сабабҳои бесарусомонии маъракаву базмҳоро дар беаҳамиятиву бемасъулиятии соҳибҷашнҳо мебинад. Ҳар нафаре, ки дар ин ҷода навроҳ аст ва ё мехоҳад маҳорати хешро дар ин самт санҷад, сараввал лозим дорад, ки дониши худро комил кунад. Танҳо шеърхонӣ наметавонад базмро таъсирбахш намояд, суханҳои пурмазмун, ҳаҷв ва луқмапартоӣ маъракаро ҷолибтар месозад. Китоб нахонда, фонди луғавии худро комил накарда ва таҷриба нагирифта, шахс суханвар намешавад, мегӯяд ӯ. Баъдан сабр калиди муваффақиятҳост.

Ҷаҳонгардӣ шаҳрванди олам буданро ба ман омӯзонд

Давлатмо аз замоне, ки худро шинохт дар вуҷудаш муҳаббат ба саёҳату ҷаҳонгардӣ аланга мезад. Ӯ орзу дошт, ки аз шаҳрҳои бузурги дунё, ки аз аксҳову филмҳо дида буд, тамошо намояд ва дар хонае, ки зиндагӣ мекард, тасвири аксари шаҳрҳои бузург дар рӯдеворҳо ҷо дошт. Қаҳрамони мо бо орзуву ҳавас ба онҳо менигарист ва ин буд, ки қонуни ҷозиба амал карду ӯ тавонист орзуҳои бузургашро амалӣ намояд.

Соле қабл ӯ тариқи барномаи мавсимӣ, ки 6 моҳро ташкил медиҳад, ба Британияи Кабир меравад. “Ҳадафи ман аз рафтан ба Ингилистон ин роҳ ёфтан ба Аврупо буд, чун аз онҷо метавонистам роҳи сафар ба дигар гӯшаҳои Аврупоро пайдо кунам”, мегӯяд ӯ.


Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар давоми фаъолияти шашмоҳаи худ ӯ тавонист аз шаҳрҳои гуногуни Бритониё дидан намояд. Давлатмо визаи корӣ – туристиро дар Лондон ба даст оварда, баъди анҷоми визаи шашмоҳа ба Русия баргашт. Баъдан саёҳатро аз Арманистон оғоз намуда, дар идома аз Итолиё, Фаронса, Олмон, Швейтсария, Лаҳистон, Беларусия, Ирландия, Шотландия, Португалия, Люксембург ва Озарбойҷону Туркия дидан намуд. Визаи мазкурро баъди равон кардани даъватнома аз ҷониби корфармо ба довталаб аксари маврид ба даст меоранд.

Дидан кардан аз мавзеъҳои зебову таърихӣ, осорхонаҳо ва қасрҳову кушкҳои шаҳрҳои ҷаҳон, вохӯрдан бо халқиятҳои гуногун, фарҳангҳои рангин ба қаҳрамони мо дари як ҷаҳони дигареро боз намуд, ки тасвирнопазир аст. Аз миёни давлатҳои сайркардаи хеш ӯ бевосита дутои онро барои худ хосу хотирмон ва пур аз таассуроту эҳсоси гуворо баён мекунад, ки яке Лисабон пойтахти Портуғол ва дигаре Порис пойтахти Фаронса.


Рангорангӣ дар тарҳи сохтмону биноҳои шаҳрҳои аврупоӣ қариб ки кам дида мешавад, мегӯяд ӯ. Аксари сохтмонҳо бо як тарҳ сохта шудаанд ва қариб аз ҳам фарқе намекунанд. Биноҳои баландошёна дар Аврупо аслан кам дида мешаванд, аксари хонаҳо аз ду ошёна ва ҳавлӣ бо гулҳои зебо орододашуда таркиб ёфтаанд. Аврупоиҳо дар тарзи ороиш ва тарҳи хонаҳои хеш кӯшиш кардаанд, ки табиитару содатар ва бе ҳеҷ рангубори барзиёд биноҳоро намо бахшанд, нақл мекунад Давлатмо. Аврупо бо вижагиҳояш ба қаҳрамони мо бештар писанд меояд, вале чун кору фаъолияти рӯзмаррааш дар Русия хуб пеш меравад, онҷоро барои зист афзалтар мешуморад.


Аз таҷрибаву дидаҳои хеш қаҳрамондухтари мо ба хулосае меоянд, ки Аврупо дар эҳтиром ба шахсияти инсон, новобаста аз қавму нажод ва ранги пӯст, инчунин таҳаммулпазирӣ ва фаросат беназир аст. Ҳуқуқи коргар ба таври комил ҳимоя мегардад. Онҷо аз ҳашт соат бештар кор намекунӣ ва қимати инсон аз ҳарчӣ болотар аст.  Аврупо дар ҳар самт гуногунрангӣ дорад. Одамон, тарзи либоспӯшиашон то андозае гуногун аст, ки касе ба кӣ будану чӣ пӯшиданат аҳамият намедиҳад ва аврупоиҳо дар худ вижагии хосе доранд, онҳо ҳамеша ба рӯйи ҳам бо табассум менигаранд. Дар муқоиса бо Аврупо дар Озарбойҷону Туркия рангорангӣ дар одамон кам ба назар мерасад. Ҳар як шаҳр бо дастоварди таърихии нодиру хоси худ дар дафтари хотиротам сабт гашт, қисса мекунад Давлатмо.


"Ҷаҳонгардӣ ба ман зиёд чизҳоро омӯзонд. Дар аввал андеша доштам, ки танҳо мо фарҳанги рангину бой дорем, фақат ватани мо аз кӯҳҳои баланду сарбаафлок иборат аст ва ҳоказоҳои дигар. Вале вақте бо чашми сар бо халқиятҳои гуногун ва фарҳангҳои мухталиф ошноӣ пайдо кардам назарам иваз шуд. Гуногунрангиро замоне шахс дарк мекунад, ки миёни халқиятҳои гуногун ҳаёт ба сар барад, фарҳангҳои мутафовитро бо чашми сар бубинад. Гуногунӣ ин зебоист ва онро қабул карда тавонистан боз зеботар. Зиёд саёҳат кардану омӯхтан одамро ба плюрализм мерасонад. Вақте бо вуҷуди рангорангии зоҳирӣ дарк мекунӣ, ки ҳамагӣ ботинан ба ҳам монандем, ҳамагӣ ҳисси ғаму шодӣ, сурур, муҳаббату боварии якранг дорем, таъми марг, боварӣ ва муҳаббатро ҳамагӣ новобаста аз ҳар чизе якранг мечашем, дунёро дӯст медорем. Ман то замоне, ки аз доираи худ берун набаромадаму вориди олами дигар нашудам, гуногунрангиро дуруст дарк намекардам", -мегӯяд ӯ.


Замони дар Аврупо будан Давлатморо маҳорати андар вуҷуд будааш дар дурӣ аз саҳна ва миёни мардум набудан ором нагузошт. Дур аз халқ, баландгӯяк ва аз сухан холигиро дар зиндагиаш ҷо дод ва ин буд, ки ҳар замон дилтангӣ вуҷудашро зер мекард, гӯё ӯро аз дунёе ки моли ӯст, бурда дар сайёраи беодаме ҷо додаанд. Ӯ дар ҳамин нуқта дарк менамояд, ки рисолате, ки бар уҳдаи ӯ вогузошта шудааст, ин бо ҷамъ будан асту ба халқ нерӯю қувва бо сухан бахшидан аст.

"Ба муъҷизаҳо бовар дорам"

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки пеш аз ҳама ба худ ва ба орзӯҳоятон бовар дошта бошед. Агар хоҳиш воқеӣ бошад, роҳ ҳатман пайдо мешавад. Ҳаракат кардан, имкониятҳоро ҷустан ва дарёфт кардан лозим. Вақте ҳадаф бошад, монеаҳоро андеша макунед, нуқтаи асосӣ ин ҳадафи шумост, ки расидан ба он аз шумо ҷасорату ба орзуҳои худ вафодор буданро талаб мекунад. Давлатмо ба муъҷизаҳо бовар дорад, ӯ зиндагиро худ муъҷиза мешуморад ва бахилиро мояи ҳар нокомӣ медонад. Қаҳрамони мо қонуни ҷозибаро дар зиндагӣ ба кор бурда ва аз он натиҷаи хуб ба даст овардааст. Ва мегӯяд ҳар чизеро, ки доштан ва ё дидан мехоҳед, ҳатман акси онро дар пешорӯятон гузоред, дар деворҳои хонаатон часпонед ва ё дар рӯи лавҳаи гӯшиатон ҷо диҳед ва ҳар бори чашм ба он расидан, қувваи махсусе шуморо самти он ҷазб мекунад, мегӯяд ӯ. Давлатмо асоси муваффақияти худро дар заҳмату талошҳо, сабурӣ ва кӯшишҳои мудавомаш мебинад.  Вақте як роҳро интихоб мекунӣ, бояд талош намоӣ, ки ҳамон роҳро то охир идома диҳӣ. То нисфи роҳ расидану онро буридан ё қатъ кардан ва роҳи дигареро интихоб кардан наметавонад асоси муваффақияти як нафар гардад.


“Зиндагӣ бароям омӯзонд, ки ҳар як лаҳзаи онро аз сидқ зистан лозим аст ва дарк намудам, ки он хеле кӯтоҳу зудгузар буда, ҳар лаҳзаву сония метавонад бароямон охирин нафас бошад. Аз ин рӯ барои ман гузаштае вуҷуд надорад ва аз ояндаи наомада зиёд андеша намекунам. Бароям ҳамин сония, ҳамин дақиқа ва ҳамин нафас зистан зиндагии воқеист”, - мегӯяд ӯ.

Ӯ хушбахтиро дар будани азизон, саломатии онҳо ва дар касбу фаъолияти дӯстдоштааш мебинад. Ҳамзамон, ба ҳар як нафар таманнои онро дорад, ки кори дӯстдоштаи худро анҷом дода бошанд, зеро вақте инсон бо майлу хоҳиши тамом кори дӯстдоштаашро анҷом медиҳад, ҳам ба худ ва ҳам ба атрофиён гармиву муҳаббат мебахшад.

Давлатмо дар ҳаёт падарашро идеали хеш мешуморам, вале дар фаъолияти ровигии худ танҳо ба худу ҷасорати хеш бовар дораду кӯшиш мекунад аз нуқтаи ҷойдошта як қадам пештар ва болотар равад. "Инсон бояд мудом дар пайи омӯзишу худсозӣ бошад, зеро имрӯз ҳар нафаре, ки дониши хубу ба талаботи замон ҷавобгӯро касб кард, дар рақобати пуршиддати рӯзгор ғолиб аст", -мегӯяд ӯ.


Давлатмо бештар ба омӯзиши илми равоншиносӣ, астрономия ва нумерология диққат медиҳад. Мегӯяд зиёд эҳсосотиям ва ҳамин эҳсоси барзиёд дар аксари маврид маро бо мушкилиҳо рӯбарӯ мекунад. Гоҳе олами хаёлот ва ҳамон тасвире, ки дар дунёи ботини худ месозам бо олами воқеӣ мутобиқат намекунад ва ин ҳолат маро муддатҳои тӯлонӣ азоб медиҳад. Ҷаҳони ботини ман аз хубӣ, меҳрубонӣ, ҳалимӣ иборат аст ва он дуруштиро намеписандаду қабул надорад. Мисраҳои шеърие, ки ҳар замон Давлатмо барои худ замзама мекунаду дӯст медорад, ин:

Мо ҳеҷ замона ҳеҷ дунё ҳама ҳеҷ,

Эй ҳеҷ зи баҳри ҳеҷ бар ҳеҷ мапеч,

Донӣ ки пас аз умр чӣ монад боқӣ?

Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ.

Ишқу дӯстиро қаҳрамони мо беҳтарин ҳадяи Худованд мешуморад ва мегӯяд дар рӯи замин ҳама чизро метавон харидан, вале ишқу муҳаббатро на. Инсон бояд ҳар як офаридаи холиқро дӯст дорад. Барои Давлатмо вожаи ишқ хеле поку муқаддас аст. Ӯ мегӯяд, ки то инсон дар замин ба ишқи заминӣ нарасад ба ишқӣ илоҳӣ расиданаш амри маҳол аст.

Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,

Ҳар гаҳ, ки бимириву нанолӣ ишқ аст.

Ошиқи воқеӣ ҷасорати сухан кардану эҳсоси хеш баён намуданро надорад ва ба забонбозиву манманигӯйӣ ҷойе намемонад. Ӯ маънии ҳаётро дар муҳаббат ба ҳар як офаридаи Холиқ мебинад. "Дӯсти воқеӣ онест, ки дар набуданат аз ту дифоъ менамояду муҳокимаат намекунад. Дӯстони ман хеле ангуштшумор, вале воқеианд. Онҳо ҳамеша ба ман бовар доранду дар ҳама ҳолат дар канори мананд. Маҳз ҳамин дӯстон, ки гӯё гулчинашон кардаам, дар муваффақияти ман саҳме доранд, зеро ба ман бовар доранду дастгириам мекунанд ва аз пешрафти банда шоданд", -иброз медорад ӯ.

Ба андешаи қаҳрамони қиссаи мо зиндагӣ як гузаргоҳи кӯтоҳест ба самти абадият ва агар натавонӣ идеал бошӣ, фақат ҳамин инсони воқеӣ буданат ҳам кофист, дасти бенавое гирифтан, некӣ намудан, дасти ёрӣ сӯе дароз кардан, дили касеро наозурдан мояи асосии хушбахтӣ дар зиндагист. Инсон ашрафурмахлуқотест, ки Худованд онро аз ҳар офаридаи хеш бузургтару беҳтар офарида, аз ин рӯ аз ҳар як зебоӣ ва ҳадяи худовандӣ бо маҳорату хубӣ истифода намоед, бо табассум ба ҳаёту атрофиён бингаред. Онгунае зиндагӣ кунед, ки изи зебое аз шумо барои ояндагон ва дунё боқӣ бимонад, мегӯяд ӯ.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед