Омӯзгор, коргузор ва дӯзанда. Анбонҳо бо тарҳи миллиро кӣ омода менамояд?
Нашр шуд
Ин анбон ё худ кӯлворе ки мебинед, маҳсули дасти як бонуи соҳибҳунар аст. Дастони сеҳрофар рӯйи матоъ моҳирона гул мекоранду нақшҳо меофаранд ва бо сӯзану ресмон гӯё барои ҳамешагӣ созиш намудаанд. Бону Баҳринисо се сол боз рӯйи чунин анбонҳо тарҳу нақшҳои гуногун медӯзад ва барои ҳаводорони ин маҳсулот онҳоро ба фурӯш мегузорад. То ин дам ӯ ба дӯхтани куртаҳои миллии тӯёна машғул буду барои наварӯсони навоҳии худ курта омода мекард.
Баҳринисо Хушвақтоваи 36-сола, омӯзгори фанни информатика буда, ҳамчун коргузор дар мактаби миёнаи умумии №40-и шаҳри Панҷекат фаъолият мекунад. Баъди он ки мактабро бо баҳои аъло хатм кард, ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи риёзиёти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷекат супориду донишҷӯйи ин даргоҳ гашт. Пас аз хатми донишкада соли 2008 фаъолияти худро дар мактабии №37-и шаҳри Панҷекат ба ҳайси омӯзгори фанни риёзиёт (математика) шурӯъ мекунад.
Дар оила ӯро бештар Нисо гуфта садо медиҳанд, соҳиби се фарзанд – ду духтару як писар аст. Ҳамсараш чанд сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Бону Нисо барои сабук намудани бори зиндагӣ ба ҷуз аз кори мактаб ба дӯхтану бофтани либосу анбонҳои экологӣ, зардӯзӣ, омода намудани лавозимоти гуногун барои духтарон ва мактаббачагон (аз қабили лента ва гарданбанд), кашидадӯзӣ, попурдӯзӣ ва ҳар гуна дастдӯзиҳо машғул асту рӯзгорро пеш мебарад.
- Ин касбҳоро аз бибиям омӯхтам. Ёд дорам вақте хурд будам, модарбузургам курта медӯхту модарам кумакашон мекард ва мудом банди кори худ буд. Рӯзе бибиямро машғули кори полизӣ дарëфта даррав сӯйи кулбаи дӯзандагияшон давидам. Риштаву сӯзанро гирифта, рӯйи матоъи сафеде дӯхтанро оғоз кардам ва ду-се кук нарафта, нӯги сӯзан ба дастам халид. Ин буд, ки бо тамоми вуҷуд овозамро сар додаму гиря кардам. Он вақт тахминан дар синфи дуюм ë сеюм таҳсил мекардам. Ангуштам, ки каме хуншор буд, дар назарам воҳиманок менамуд. Модарбузургам бошаст ба хона даромада, маро гирëн дида, сахт ба оғӯш гирифту навозиш намуд. Аз он рӯз ба дастам як сӯзану ресмон ва матоъ дода, дӯхтанро ëд дод ва аз болои корам худ назорат мебурд. Вақте аввалин дастдӯзиямро, ки хеле нозуку зебо баромада буд, ба бибиям нишон додам ва ëд дорам аз чашмонашон ашк рехта буд. Шояд он ашк ашки шодӣ буд, ки аз он ба баъд дӯхтудӯзро машғулияти доимиям қарор додам. Бибиям ҳунарманди машҳуру шинохтаи ҷумҳурӣ аст, - нақл мекунад Баҳринисо.
Модарбузургаш Анна Лаврентйева ном дошта, дар ҳунармандӣ усто аст. Кашидадӯзиро Баҳринисо аз ӯ ёд гирифтааст. Таърихи зиндагии Аннабону хеле аҷибу ибратбахш аст. Ҳаштоду ду сол дораду бо вуҷуди ин барои набераву абераҳояш ҳоло ҳам кашидадӯзиву қӯрокдӯзӣ мекунад. Ҷавонии ӯ бо дӯхтану бофтан ва полизкорӣ гузаштааст, аз ин рӯ фарзандону наберагонаш низ меҳнативу соҳибҳунаранд ва бо маҳсули меҳнати худ рӯзгорро пеш мебаранд.
Баҳринисо ҳар нақше, ки имрӯз рӯйи кор меоварад, маҳсули тахайюли ғаниву рангини ӯст, вале дар бештари маврид тарҳҳои анбонҳоро худи муштариён фармоиш медиҳанд.
- Дар офаридани нақшҳо ҳамеша ба олами ботинам рӯ меорам ва ҳар чизе ки дар зеҳнам пайдо мешавад, онро рӯйи матоъ меофарам. Баъзе муштариёнам аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ба ман тамос гирифта, хости дилашонро баён менамоянд ва дархости онҳоро ҳам ман қабул мекунам. Аксари муштариёнам аз шаҳри Душанбе ва Панҷекат ҳастанд, - мегӯяд ӯ.
Баҳринисо дар як моҳ барои дӯхтани анбонҳо аз 40 то 50 дона дархост мегирад. Бинобар сабаби он ки маводи хомро аз Ӯзбекистон мехаранд, ба қаҳрамони мо фоида камтар боқӣ мемонад, вале боз ҳам барои ҳал намудани баъзе мушкилоти рӯзгор ҳунари ӯ кофисту самарабахш.
- Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёд дорад ва агар босаброна дар фикри пеш бурданаш бошем, рӯзҳои хуб насибамон мегардаду беармон мемирем. Ҳунарманд будан худ зиндагиро ҳунармандона зистану нигаристан аст. Шахси ҳунарманд ба зиндагӣ бо нигоҳи дигар назар мекунаду онро рангоранг месозад, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Баҳринисо аз он меболад, ки вақте меҳнаташро дар ҷойе қадр мекунанд, ӯ аз ин рӯҳияи тоза мегираду дар фаъолияти худ хубтару беҳтар кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бонуи чирадасти мо мекӯшад, ки пайваста дар хидмати халқ бошад ва маҳсулоти омоданамудаашро бо хости дили муштариёнаш пешкаш намояд.
Ҳунар сармояи гаронест, ки онро ба ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан нашояд. Он ба инсон бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Бонуи чирадаст мегӯяд, орзуе надорад, ки амалӣ нашуда бошад. Аз кори мактабу хона ва дастдӯзиҳоям ба фикрҳои беҳуда вақт намеёбам. Як касбу ҳунареро соҳиб гаштан кори саҳлу осон набуду нест, он заҳмати зиёдро талаб мекунад. Ин роҳи умед нишебу фарози зиёд дорад, ки ҳар касро тоқати тай намудани он набувад. Шахси хирадманд дар ин ҷода устуворона қадам мегузорад ва оқибат ба мақсади худ мерасад. Сабр меваи ширин дорад, ҳамеша аз он бичашед, умедворам ба ҳадафатон мерасед, - мегӯяд ӯ.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед