Ru  | Tj
Кадуи сафед дар куҳистон: Холаи Одинамоҳ гуфт, чаро ба парвариши он рӯй овард
Кадуи сафед дар куҳистон: Холаи Одинамоҳ гуфт, чаро ба парвариши он рӯй овард
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Кадуи сафед дар куҳистон: Холаи Одинамоҳ гуфт, чаро ба парвариши он рӯй овард

Нашр шуд

Одинамоҳ Алиеваи 63-сола, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Сангдараи ноҳияи Ховалинг аст, ки тайи солҳои ахир парвариши кадуи сафедро дар шароити куҳистон ба роҳ монда, аз ин ҳисоб фоида мегирад.

- Ба деҳқонӣ даҳсолаҳо машғулам, аммо ду-се соли ахир ба кадупарварӣ рӯ овардам,-қайд мекунад қаҳрамони мо. – Меҳнат ки кардӣ, дар тамоми хоки ватани мо, ҳосили фаровон гирифтан имкон дорад. Новобаста аз он, ки дар кадом минтақаи Тоҷикистон мо қарор дорем.

Ба гуфтаи холаи Одинамоҳ,  чор тарафи деҳаи онҳоро  куҳҳои баланду ҷангалзор ё анбуҳи дарахтон иҳота кардаасту  аксар аз  сокинони ин маҳал боғдорию чорвопарварӣ мекунанд, аммо ӯ деҳқониро пешаи худ кардаст.

Бояд гуфт, ки шахсе чун ӯ  меҳнатқарин, асло бекор намешинад. Аз ин ҷост, ки як порча замини дар ихтиёрдоштаи хешро холӣ нагузошта, ба кишоварзӣ машғул мегардад.  

- Қариб аксар аз сокинони деҳаи мо, боғдоранд, яъне тариқи шартнома бо хоҷагии ҷангали ноҳия, аз ҷангалзорҳои атрофи деҳа қитъаҳои алоҳидаро ҷудо намудаю  ба ҳифзу нигоҳубини ниҳолони мевадиҳанда машғуланд, -  мегӯяд қаҳрамони матлаби мо Одинамоҳ Алиева. – Ҳамин хел мо одатан барои нигоҳубини қитъаҳои худ ва ғундоштани ҳосил, мудати 6-7 моҳ бошишгоҳҳои мавсимӣ сохта, дар сари боғ зиндагӣ мекунем. Шавҳарам асосан ба кори боғдорӣ мепардозаду ман дар баробари чорводорӣ, кори хоҷагидориро анҷом медиҳам.  

Дар ин минтақа ҳарчанд ҳама ҷо куҳсор аст, аммо обёрӣ кардани заминҳо мушкил надорад. Зеро сари ҳар қадам, чашмаҳои мусаффо дида мешавад. Аз сӯйи дигар, хоки ин минтақа нарму боду ҳавои он салқин аст. Аз ин рӯ, зироати кишоварзии ба ин минтақа мутобиқ бо андак меҳнат ҳосили фаровон медиҳад. 

Чуноне, ки холаи Одинамоҳ нақл мекунад, 26 сол инҷониб аз ҳисоби чанд садяк замини байни қатори дарахтон, махсусан маҳсулоти донагӣ, парвариш кардаю барои фасли зимистон захира менамояд. Ҳосили кадуи сафедро бошад, ки дар чанд соли ахир парвариш мекунад, дар баробари захира кардан, ба фурӯш мегузорад.

– Аз Душанбе ҳатто фармоиш медиҳанду омада ин маҳсули дасти манро ёру рафиқон ва шиносон харидорӣ карда мебаранд, - зикр мекунад Одинамо Алиева. – Ин каду ҷисмро тоззаю иммунитети инсонро пурқувват месозад. Яъне фоиданокии кадуи сафед бештар аст. Махсусан онҳое, ки гирифтори бемории қалб ҳастанд, зиёд аз ин навъи каду истифода мебаранд. Чун дар таркиби ин каду қанд зиёд аст. Одатан, кадбонуҳо зимни омода кардани таом ҳам аз шакар истифода намебаранд.

Таърих, фоиданокӣ ва тарзи парвариши кадуи сафед

Кадуи сафед бо шарофати кори селексионӣ, дар натиҷаи дурагакунӣ, тахминан солҳои 2005 пайдо шудааст. Кадуи сафедро, бори аввал дар ҷазираи Ява парвариш карданд ва баъд аз он тухмҳо ба Чин ва Ҷопон интиқол дода шуданду ниҳоят ба Русияю аз онҷо ба Тоҷикистон ҳам паҳн гашт. 

Ҳаминак, тайи 2-3 соли ахир, дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ҳам кадуи сафед парвариш карда мешавад. Ин навъи каду натанҳо дар намуди зоҳирӣ, ғайриодӣ аст, балки бисёр моддаҳои фоиданок низ дар таркибаш дорад.

– Ин каду ранги сафед дорад, аммо дохил ва диллаи он чун кадуҳои маъмулӣ, афлесунӣ аст, - қайд мекунад холаи Одинамоҳ. –Парвариши кадуи сафед ё зимистона ҳам ба гунаи кадуҳои одӣ аст, вале ҳосилаш нисбатан зиёду таъмаш ширин аст. Вобаста ба иқлим, ҳаҷм ва вазни миёнаи як каду аз 15 кг боло мешавад. Пас аз пухта расидан, онро имкон аст дар болои хас ё коҳ, ҳудуди 4-5 моҳ бидуни вайрон шудан, нигоҳ дошт.

Ба гуфтаи қаҳрамони матлаби мо, барои ҳосили баланд гирифтани ин навъи каду сатҳи намнокии замин паст, хоки атрофи ниҳоли он ҳамеша бояд нарм нигоҳ дошта шавад. Дар сурати салқин будани боду ҳавои минтақа, эҳтиёҷи зуд – зуд об гузоштани ниҳолон нест.

Маҳз ҳамин хусусиятҳо аст, ки дар хоки порудору ҳавои салқини Ховалинг парвариши ин навъи каду фоидаовару босамар буда, ба холаи Одинамоҳ имконият медиҳад, бо ба даст гирифтани фоида, барои кашонидани бори рӯзгор ба шавҳари худ кумакрасон бошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед