Ru  | Tj
Дафтар, хома, ноутбук ва утоқи холӣ: тарҷумони ҳамзамон чӣ гуна касб аст?
Дафтар, хома, ноутбук ва утоқи холӣ: тарҷумони ҳамзамон чӣ гуна касб аст?
Аксҳо: Сино Тоҳиров

Дафтар, хома, ноутбук ва утоқи холӣ: тарҷумони ҳамзамон чӣ гуна касб аст?

Нашр шуд

Дар чорабиниҳои байналмиллалие, ки дар кишварамон баргузор мегарданд, аксар вақт кори ин гӯрӯҳи кормандон аҳамияти калон дорад, вале онҳоро кам нафароне мешиносанд. Шояд овозашонро шунавем, вале бо онҳо рубару шудаву симояшонро шинохтан на ҳар вақт муяссар мегардад. Тарҷумони касбӣ касбе аст, ки бо ривоҷи муносибатҳои байналхалқӣ талабот ба намояндагони он рӯз аз рӯз меавзояд. 

Halva.TJ бо яке аз симои шинохтаи ин касб дар Тоҷикистон - Муҳиддин Тоҷиев ҳамсӯхбат шуда, дар хусуси рушди касби тарҷумон маълумот ба даст овард.

Аз пайдоишу аҳамият то талаботу этикаи касбӣ

- Муҳиддин Тоҷиев, имрӯз мо бо Шумо атрофи касби тарҷумони ҳамзамон (синхронный переводчик) сӯҳбат мекунем, хуб мешуд, ки нахус аз чӣ гуна арзи ҳастӣ кардани тарҷумонӣ ба хонандагони мо бигӯед.

- Тарҷума ҳамчун намуди алоҳидаи фаъолият дар давраҳои қадим, замонҳои пеш аз пайдоиши хат, ки байни қабилаҳои гуногунзабон робитаҳои аввалин барпо карда шуд, ба вуҷуд омадааст. Вобаста ба рушди соҳаи мазкур дар давраҳои қадим иттилои дақиқ вуҷуд надорад.

Пайдоиши тарҷумонҳои касбӣ, болоравии аҳамияти фаъолияти тарҷумониро метавон ба давраи пайдоиши давлатҳои аввалин дар Шарқи Қадим ва барпошавии муносибатҳои гуногун (дар соҳаи савдо, сиёсат ва ғ.) байни онҳо мутааллиқ донист.

Вобаста ба таърихи тарҷумаи ҳамзамон бошад, аввалин маротиба ширкати амрикоии IBM (International Business Machines) соли 1926 ба номи радиомуҳандис ва корманди ширкат Гордон Финли барои таҷҳизоти тарҷумонӣ патент ба даст овардааст. Дар амал бошад, аввалин маротиба тарҷумаи ҳамзамон соли 1928 дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷаласаи 6-уми Конгресси Коминтерн (Иттиҳоди байналмиллалии ҳизбҳои коммунистии кишварҳои гуногун) мавриди истифода қарор гирифтааст.   

- Тарҷумаи ҳамзамонро ба довталабони ин касб фаҳмонед, ки чӣ гуна касб аст?

- Тарҷумаи ҳамзамон фаъолиятест, ки дар он тарҷумон дар утоқи алоҳидаи аз толор ҷудокардашуда тавассути таҷҳизоти махсус суханони гӯяндаро ба шунавандагон ҳамзамон тарҷума мекунад. Гӯянда суханронии худро бе танаффус давом медиҳад ва тарҷумон ҳам бе танаффус тарҷума мекунад.


- Дар замони кунуни касби тарҷумонӣ чӣ аҳмият дорад? 

- Касби тарҷумонӣ дар ҳамаи давру замонҳо аҳамияти хоса дошт ва имрӯз он боз ҳам боло рафтааст, зеро инсоният ҳама вақт ба муошират ниёз дошту дорад ва муошират дар байни миллатҳои гуногун бе тарҷума имконнопазир аст. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои худро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ба роҳ мондаву рушд дода истодааст, гуфтушунидҳои байнидавлатӣ, муоширати байни мардумро бе тарҷума таъмин кардан амри маҳол аст.


- Тавозуни арҷгузорӣ ба тарҷумонӣ дар мо чӣ гуна аст?

- Дар урфият мақоли хубе хаст: “Қадри зар заргар бидонад”. Тарҷумаи ҳамзамон басо меҳнатталаб ва мушкил аст, он аз шахс талаб мекунад, ки диққати худро ҳадди аксар ба як ҷо ҷамъ намуда, суханҳои гӯяндаро пурраву бо мазмуни томаш тарҷума кунад. Ман бар он ақидаам, ки то шахс ягон корро худ иҷро карда набинад ва онро аз сари худ нагузаронад, сатҳи мушкилӣ ё нозукиҳои он корро ҳис кардаву дар сатҳи зарурӣ арзёбӣ карда наметавонад. Меҳнати тарҷумони ҳамзамон малакаҳои хосро талаб мекунад, масалан, агар маърӯзачӣ бо суръати баланд сухан ронад, ё забони ӯ мушкилфаҳм бошад, тарҷумони ҳамзамон бояд ҳам суръати тарҷумаро баланд кунад ва ҳам маънои суханҳои гуфташударо ба шунаванда бо забони содаву оммафаҳм расонад.

Дар кишвари мо, ки хизматрасонии тарҷума дар солҳои шӯравӣ кам истифода мешуд (зеро ба он ниёзи калон вуҷуд надошт) ва танҳо пас аз истиқлол ба даст овардани кишвар ниёз ба ин намуди хизматрасонӣ боло рафт. Вақт лозим аст, то ҷомеаи мо то чи андоза мушкил будани ин корро хуб дарк карда, меҳнати тарҷумонро ба монанди касбҳои дигар дар сатҳи зарурӣ қадрдонӣ кунад. Дигар чизе, ки дар таҷрибаи худ дида истодаам, ин аст, ки ташкилотчиёни чорабиниҳо кӯшиш мекунанд аз ҳисоби тарҷумон хароҷоти худро сарфа кунанд, ҳол он ки натиҷаи ҳар як гуфтушунид ё чорабинӣ аз сатҳи тарҷумаи он вобаста аст. Умедворам бо мурури замон дар ҷомеаи мо ҳам касби тарҷумонӣ дар сатҳи зарурӣ қадрдонӣ мешавад.

- Назари мардум ба ин касб чӣ гуна аст?

- Назари мардум ба ин касб хусусияти инфиродӣ дорад. Шахсоне, ки ҳадди ақал як маротиба тарҷума кардаанд, касб ва меҳнати тарҷумониро баланд арзёбӣ мекунанд, баъзеҳо ин корро бо донистани забон баробар мешуморанд, яъне ба фикри онҳо агар шахс забонро донад, тарҷума ҳам карда метавонад, ки ин иштибоҳи калон аст. На ҳама касе, ки забонҳои дигарро балад аст, тарҷума карда метавонад. Ҳастанд нафароне, ки меҳнати тарҷумонро комилан қадр карда наметавонанд.

- Паҳлуҳои мусбат ва манфии ин касбро дар чӣ арзёбӣ мекунед?

- Паҳлӯҳои мусбати ин касб аз он иборат аст, ки тарҷумон дар бораи пешравиву камбудиҳои соҳаҳои гуногун ба таври ғайрифаъол огоҳ аст, ки ин барои қабул намудани қарори оқилона кӯмаки бузургест. Инчунин, вохӯрдани шахсиятҳои гуногун дар фаъолияти ҳаррӯза барои рушди малакаҳои таҳлилӣ мусоидат мекунад. Дигар ҷанбаҳои мусбати касби мазкур ин дониши забони хориҷӣ, рушди муттасил (аз ҷиҳати дониш), озодии худи тарҷумон (метавонад барои иҷрои ин ё он фармоиш розӣ шавад ё нашавад) мебошад.

Паҳлӯи манфии соҳаи мазкур он аст, ки тарҷумони озод танҳо дар асоси фармоиш кор мекунад, ҳангоми набудани чорабиниҳо метавонад бекор монад.  

- Тарҷумаи ҳамзамон этикаи касбӣ дорад?

- Албатта, ба мисли ҳар як соҳа тарҷумаи ҳамзамон ва умуман фаъолияти тарҷумонӣ этикаи худро дорад. Принсипи муҳимтарин дар одоби тарҷумонӣ ин аст, ки тарҷумон бояд тамоми маълумоти дар рафти тарҷума бадастовардашударо ҳатман махфӣ нигоҳ дорад, ягон маводи ба ӯ дар рафти тарҷума дастрасшударо бе иҷозати хаттии соҳиби мавод ба каси дигар надиҳад. Тарҷумонро бояд шунаванд, аммо набинанд, тарҷумон бояд танҳо фикру ақида ва гуфтаҳои ҷонибҳоро тарҷума кунад ва аз изҳори фикри хеш худдорӣ кунад, гуфтаҳои ҷонибҳоро шарҳ надиҳад, то ҳатто агар ягон саволе дода шавад, ки ҷониби ҷавобдиҳанда нодуруст ҷавоб диҳад ва тарҷумон ҷавоби дурусти он саволро донад. Тарҷумон инчунин бояд диксия ва нутқи хуб дошта бошад, то овози ӯ ба шунаванда гӯшхарош набошад, калимаҳоро бурро талаффуз кунад.

- Касби тарҷумонӣ чӣ талабот дорад?

- Касби тарҷумонӣ ба мисли касбҳои дигар талаботи хосаи худро дорад. Яке аз талаботи асосии он дар сатҳи олӣ донистани забоне мебошад, ки аз он ва ё ба он тарҷума мекунад аст. Илова бар ин, тарҷумон бояд сохтори забонҳои тарҷумаро хуб донад, дар акси ҳол дар забонҳои истифодашаванда ҷумла сохтан мушкил мешавад. Тарҷумон бояд маҳорати тез дарк намудани суханҳои гуфташунида ва бо забони дигар ифода намудани ин гуфтаҳоро дошта бошад ва ҳамзамон бояд маънои гуфтаҳои аслӣ дар тарҷума гум нашавад.


- Умри ин касбро то чанд соли дигар боқӣ медонед?

- Ман фикр мекунам то он даме ки ҳаёт ҳаст, то он замоне ки мардуми Сайёра бо забонҳои гуногун муошират мекунанд, ба касби мазкур талабот боқӣ хоҳад монд.

Аз таъмини зиндагии шоиста то мушкилоти кори тарҷумонӣ

- Шумо ба ин касб чӣ гуна омадед?

- Аслан ман ният доштам касби дигарро пеша кунам. Мактаби миёнаро соли 1995 хатм кардам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нав соҳибистиқлол шуда буд ва аҳамияти забони англисӣ барои кишвар торафт боло мерафт. Падарам, ки омӯзгори забони англисӣ шуда кор мекарданд ва аз ин дигаргуниҳо хуб бохабар буданд, пас аз сӯҳбат оид ба интихоби касб пешниҳод намуданд, ки забони англисиро хуб аз худ намоям. Як маслиҳати падарам буд, ки ин касбро интихоб кардам ва аз он пушаймон нестам.

- Дар як моҳ аз ҳисоби ин касб то чанд сомонӣ даромад дошта метавонед?

- Ин вобаста аз худи тарҷумон, аз талабот ба тарҷума ва мавсими кор аст. Моҳе мешавад, ки ягон фармоиш намешавад, дигар моҳ бошад пурбор мешавад.  

- Бо касби тарҷумонӣ метавон шоиста зист, махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?

- Фикр мекунам, ки мутахассиси касби худ дар кадом соҳа ва дар куҷое бошад, албатта метавонад зиндагии шоистаи худро созад. Ба ҳамин монанд агар тарҷумон соҳибкасб бошаду дар сатҳи зарурӣ хизматрасонӣ карда тавонад, дар зиндагӣ хор намешавад. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарҷумонҳои соҳибкасб, хусусан дар самти забонҳои чиниву тоҷикӣ, тоҷикиву англисӣ, тоҷикиву арабӣ ва ғ. ниёз ҳаст.

- Мегӯянд, ки ин касб ба яке аз ҷинсҳо имконияти бештару ба дигаре камтар медиҳад, дуруст аст?

- Ин касб ба ҳардуи ҷинсҳо хос аст. Масалан, баъзеҳо фикр мекунанд, ки ба монанди дубляжи филмҳо беҳтар мешавад агар маърӯзачии занро зан ва мардро мард тарҷума кунад. Бо дарназардошти фарҳанги миллии баҳрабарандагони тарҷума дар бисёр ҳолатҳо зарур мешавад, ки дар байни аудиторияи иборат аз мардон мард ва занон зан тарҷума кунад. Инчунин, баъзе сафарҳои корӣ ба минтақаҳое мешавад, ки ба он ҷо ҳамроҳӣ намудани намояндагони яке аз ҷинсҳо авлотар дониста мешавад. Ё ин ки дар ҳолати тарҷума дар доираи парвандаҳои судӣ, зарурат барои кӯмак ба беморон ё дигар ниёзмандон бо дарназардошти урфу одатҳо ва фарҳанги баҳрабарандагони хизматрасонии тарҷумонӣ барои самаранокии кор намояндагони ин ё он ҷинс авлотар дониста мешавад.

- Киро метавон тарҷумони воқеӣ гуфт?

- Тарҷумони воқеӣ шахсест, ки метавонад муколамаи воқеии ҷонибҳо ва ҳамдигарфаҳмии онҳоро таъмин карда тавонад. Тарҷумони воқеӣ бояд сохтори забонҳои тарҷумаро дар сатҳи баланд донад ва маънои суханҳои як ҷонибро ба ҷониби дигар пурра расонад. Дар ҳолати надонистани сохтори забон тарҷумаи таҳтуллафзӣ мешавад, ки он ба ақидаи тарҷумон айнан гуфтаҳои гӯянда аст, аммо онро шояд шахси қабулкунанда нафаҳмад. Тарҷумони воқеӣ танҳо гуфтаҳои ду ҷонибро тарҷума мекунад, вале набояд нуқтаи назари худро истифода бурда мавзӯи тарҷумаро шарҳ диҳад ё аз номи мусоҳибон ҷавоб диҳад. Илова бар ин, тарҷумони воқеӣ бояд дар бораи одобу услуб, сатҳи мусоҳибон, урфу одатҳои онҳо дониши хуб дошта бошад.


- Шумо дар вақти тарҷума то чанд соат бетанаффус кор карда метавонед?

- Як нафар метавонад то 30 дақиқа бе танаффус тарҷума кунад, пас аз ин аллакай майна хаста мешавад ва сифати тарҷума ҳам коҳиш меёбад. Барои ҳамин мутобиқи стандартҳову таҷрибаи байналмиллалӣ дар чорабиниҳо ҳадди ақал ду нафар тарҷумон кор мекунад. Майнаи сар бояд пас аз муддати муайяни кори бетанаффус барои барқароршавии иқтидор истироҳат намояд.

- Дар вақти тарҷумаи ибораҳои рехта чӣ кор мекунед?

- Бисер саволи хуб аст. Яке аз мушкилоти асосии тарҷума ин тарҷумаи ибораҳои рехта мебошад. Аз ин лиҳоз тарҷумон бояд ибораҳои рехтаи ҳарду забонеро, ки аз ва ба он тарҷума мекунад, хуб донад, вагарна метавонад ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ диҳад. Дар тарҷумаи ибораи рехтаи як забон аз ибораи рехтаи ҳаммаъно дар забони дигар истифода мебарам. Дар ҳолати пайдо накардани муродифи ҳамон ибора дар забони тарҷума аввал маънои ибораи рехтаро ба пуррагӣ мефаҳмем ва онро бо суханони дигар ба шунаванда мерасонам.

- Шумо ба кадом конфронсу маҳфилҳо меравед?

- Тарҷумон сатҳ ё намуди чорабиниҳоро интихоб намекунад. Ман низ дар он ҷое, ки салоҳ медонанд, дар ҳама намудҳои чорабиниҳо аз омӯзишҳои сатҳи маҳаллӣ оғоз намуда, то конференсияҳои сатҳи баланди байналмиллалӣ иштирок мекунам. Шарафманд аз он ҳастам, ки дар бисёр мулоқоту вохӯриҳои сарони давлатҳо, роҳбарони сатҳи олии ташкилотҳои гуногуни минтақавию байналмилалии бисёрҷониба ҳамчун тарҷумон иштирок кардаам.


- Матни баромадкунандагон ба шумо пешакӣ дастрас мешавад?

- На дар ҳамаи ҳолатҳо. Хусусан дар чорабиниҳои сиёсӣ мансабдорони баландпоя намехоҳанд, ки шахси сеюм дар бораи фикру пешниҳодҳои онҳо пешакӣ огоҳ шавад, аз ҳамин лиҳоз кӯшиш мекунанд то лаҳзаҳои охирон пеш аз маърӯза суханронии худро ба ягон кас надиҳанд. Дар аксари ҳолатҳо тақрибан 5 дақиқа пеш аз оғози чорабинӣ ё суханронӣ медиҳанд, ки ин ба тарҷумон он қадар кӯмак намекунад. Барои ҳамин тарҷумон бояд дар тамоми соҳаҳо дониши муайян дошта бошад, то ҳангоми тарҷума дасту пой нахӯрад.

- Шумо ба маҳфилҳову семинарҳо чӣ гуна тайёрӣ мебинед?

- Аввал аз ташкилотчиён хоҳиш мекунам, ки муаррифномаву суханрониҳоро пешаки ирсол намоянд, то мо бо мавзӯи чорабинӣ шинос гардида, истилоҳоти заруриро аз худ намоем ва луғатномаи худро омода созем. Дар ҳолати пайдо шудани савол оид ба ҷузъиёте, ки барои мо ҳамчун тарҷумон нофаҳмо аст, ба маърӯзачиён мустақиман (дар ҳолати будани имконият) ё тавассути ташкилкунандагон муроҷиат намуда, нуқтаҳои нофаҳморо мушаххас месозам.


- Тарҷумони ҳамзамон барои конфронсу чорабиниҳо гонорари муайян дорад?

- Масъалаи подош барои хизматрасонии тарҷумонӣ ба монанди дигар хизматрасониҳо бо ҳар як мизоҷ ба таври инфиродӣ баррасӣ ва мувофиқа карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаи ягонаи хизматрасониҳои тарҷумонӣ муайян карда нашудааст ва мо ҳамроҳи ҳамкасбони дигар барои ба танзим даровардани масъалаи мазкур кӯшишҳо ба харҷ дода истодаем.

- Дар вақти душвории кор чӣ кор мекунед ва умуман кай барои Шумо кор кардан душвор мешавад?

- Дар вакти душворӣ кӯшиш мекунам бо истифода аз роҳу василаҳои имконпазир ва мавҷуда аз вазъият бароям. Барои ман дар он ҳолатҳое душвор аст, ки мавзӯи мулоқот то сар шудани он номаълум аст, мулоқот дар соҳае мешавад, ки ман дар бораи он маълумоти пурра надорам ва ҷонибҳо ба таври кӯтоҳ сухан мекунанд ва фикр мекунанд, ки ҷонибҳои дигар, аз ҷумла тарҷумон онҳоро хуб фаҳмида истодааст. Ҳолати дигари душвории кори мо дар он аст, ки дар аксар ҳолатҳо маърӯзачӣ бо суръати баланд сухан меронад, дар баъзе ҳолатҳо бошад фикри худро бо ҷумлаҳои нопурра ва нофаҳмо баён мекунад, лекин аз хотир мебарорад, ки суханҳои ӯ тарҷума шуда истодааст.

- Тарҷумони одӣ ё катбӣ метавонад тарҷумони ҳамзамон бошад?

- Ҳар касе, ки лаёқати тарҷумаи ҳамзамонро дорад, метавонад тарҷумон шавад, аммо стандартҳои байналмилалӣ байни тарҷумони хаттӣ ва шифоҳӣ фарқият мегузорад, зеро ин намудҳои тарҷума малакаҳои хосаро талаб мекунанд.

- Дар вақти тарҷума Шумо бо худ чӣ мегиред?

- Дар вақти тарҷума бо худ ҳатман дафтар барои қайд ва хома мегирам. Барои аз хотир набаровардани қисматҳои алоҳидаи як порчаи муайяни суханронӣ тарҷумон ҳангоми тарҷумаи пайдарҳам бояд барои худ қайд кунад. Ҳангоми тарҷумаи ҳамзамон дафтару хома барои навиштан ва сипас такрор кардани факту рақамҳо зарур аст. Имрӯз, ки техника пеш рафтааст ва луғатҳои электрониву интернетӣ вуҷуд доранд ва онҳо кори тарҷумонро ҷиҳати фавран ёфтани калимаҳои нофаҳмо осон мекунанд, аз рӯи имконият бо худ ноутбук мегирам.


- Калимаҳои қабеҳ, эҳсоси сухангӯ ва умуман суханони ноҷоро тарҷума мекунед?

- Вобаста аз вазъият тарҷумон бояд тамоми суханони гӯяндаро бо такрори ҳамон эҳсосот тарҷума кунад, то шунаванда дарк кунад. Ба ҳар ҳол, тарҷумон метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ суханони қабеҳро бо ибораҳои нисбатан нарм ифода кунад, то ҷониби шунаванда наранҷад, вале мазмуни гуфтаҳоро хуб дарк кунад, яъне ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.

- Чӣ кор мекунед вақте ки тарҷумаи калимаеро намеёбед?

- Кӯшиш мекунам муродифи онро истифода барам ё бо суханони дигар ифода намоям то ба шунаванда матлабро расонида тавонам.

- Дар вақти кор ҳолатҳои ногувор зиёд мешаванд, кори Шумо кадом ҳолатҳои ногувор дорад?

- Ҳангоми тарҷума дар сатҳи баланд ва пурра нафахмидани суханони гӯянда хоҳиш кардани мансабдорони баландпоя барои такрор кардани гуфтаҳои худ кори осон нест. Гоҳе мешавад, ки аз сабаби ягон камбудии техникӣ суханони гӯянда ношунида мемонад. Ё ки яке аз ҷонибҳо чунон ҳазл мекунад, ки он ба урфу одати ҷониби дигар мувофиқат намекунад, тарҷумаи чунин ҳазлу шӯхии ноҷо барои тарҷумон мушкилии муайяне ба миён меорад. Дигар ҳолатҳои ногувор ин тарҷумаи эҳсосот, қаҳру ғазаб ва норозигии як ҷониб ба ҷониби дигар аст. Баъзе ҳолатҳое мешавад, ки як ҷониб забони ҷониби дигарро каму беш мефаҳмад ва ҳангоми тарҷума гарчанд тарҷумон маънои суханҳои гуфташударо мазмунан дуруст тарҷума карда бошад ҳам, нисбати тарҷумон эрод мегирад, ки ӯ нодуруст тарҷума карда истодааст.

- Ҳамаи ихтисосҳо “карьерный рост” доранд, аз тарҷумони ҳамзамон чӣ?

- Агар тарҷумон корманди доимии ягон сохтор бошад, ки дар он тарҷума бисёр истифода бурда мешавад, мутобиқи натиҷаву дастовардҳои касбии худ метавонад тарҷумони калон ё Сардори шӯъбаи тарҷума шавад. Инчунин, тарҷумонҳои пешқадамро дар сатҳи олӣ истифода мебаранд, ки ин ҳам аз дастоварди тарҷумон ҳисоб мешавад.

- Дар ин ихтисосу кор ба Шумо чӣ маҳқул аст?

- Ман аз таъмини ҳамдигарфаҳмӣ ва муколама байни ҷонибҳои гуногун, ба созишу мувофиқаи муайян расонидани онҳо аз кори худ қаноатманд мешавам.

- Дар ин ихтисосу кор ба Шумо чӣ маҳқул нест?

- Агар маърӯзачӣ бо суръати тез сухан кунад ва ман барои тарҷумаи комили гуфтаҳои ӯ имкон надошта бошам, аз кори худам қаноатманд намешавам. Чӣ хеле, ки аз ин пеш қайд намудам, вақте ки суханрониҳо бо мақсади махфият пешакӣ дода намешавад ва дар суханронӣ калимаҳои ношинос бисёр бошад, ин тарҷумонро нороҳат мекунад. Услуби мушкили маърӯзачӣ ҳам метавонад ба кори тарҷумон мушкилот эъҷод кунад.

- Дар ин самт Шумо таҷрибаи чандсола доред?

- Умуман аз соли 2002 ин ҷониб тарҷума карда истодаам ва аз соли 2007 ҳамчун тарҷумони ҳамзамони маслакӣ фаъолият мекунам.

- Ба андешаи Шумо пас аз 20-30 сол намояндагони касби тарҷумониро чӣ ҳолу рӯз интизор аст? 

- Ман фикр мекунам ин саволи Шумо бо дарназардошти рушди имрӯзаи технология бошад. Шояд нуқтаи назари ман консервативӣ тобад, вале бар он ақидаам, ки хусусан дар масъалаи тарҷума нерӯи инсониро технология иваз карда наметавонад, зеро тарҷума нозукиҳои бисёр дорад, масалан, як калима дар як соҳа як хел ва дар соҳаи дигар бо вожаи дигар тарҷума мешавад, ки то имрӯз технологияҳои мавҷуда чунин иқтидор надорад. Барои ҳамин ба андешаи ман пас аз 20 - 30 сол ҳам намояндагони касби тарҷумонӣ ба мисли имрӯза фаъолияти худро давом хоҳанд дод.

Аз хатои раами як то “лайфхак”-ҳои мутахассис

- Ба андешаи Шумо хатои рақами як дар интихоби касб чист? Яъне чаро ҷавонон дар интихоби касб озод нестанду хато мекунанд?

- Ман фикр мекунам, ки мутобиқи талаботи имрӯза дар партаи мактабӣ бояд ба рушди қобилияти фикрронии мустақилонаи хонандагон эътибори хоса дода шавад. Дар ҷамъият ман як падидаеро мушоҳида намудам, ки баъзе (на ҳамаи) падару модарон мехоҳанд, ки фарзандони онҳо касби онҳоро интихоб кунанд ё соҳаеро пеша кунанд, ки на ба фарзанд, балки ба падару модар маъқул аст ва ман фикр мекунам ин қарори оқилона нест. То шахс ба ягон чиз ё касб меҳр набандад, аз вай мутахассиси тахассусманд намебарояд. Барои ҳамин мо бояд барои бартараф намудани чунин тарзи фикрронӣ дар байни падару модарон ва додани мустақилияти бештар ба фарзандон ҷиҳати интихоби касб кӯшиш кунем. Бигзор фарзанд дар интихоби худ хато кунад, бигзор дар зиндагӣ пешпо хӯрад, аммо вақте ки ӯ хатогии худро шахсан фаҳмида худ онро ислоҳ мекунад, ба назари ман ин натиҷаи бештар медиҳад.

- Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин касб чӣ гуна аст?

- Ҷавонон ба касби мазкур имрӯз ҳавасмандии баланд доранд. Ман фикр мекунам яке аз сабабҳои чунин раванд аз он иборат аст, ки дар ҷаҳони имрӯза донистани забонҳои гуногун, бахусус англисӣ аҳамияти хоса пайдо кардааст ва барои ҳамин ҷавонон мехоҳанд тарҷумон шаванд. Тарҷумон дар ҳаёти худ бо шахсиятҳои гуногун вомехӯрад, ки шояд ин ҳам яке аз сабабҳои ҳавасмандии ҷавонон ба касби тарҷумонӣ бошад.

- Барои тарҷумони ҳамзамон шудан бояд дар куҷо таҳсил кард?

- Мутаассифона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои махсуси омодасозии тарҷумонҳои касбӣ вуҷуд надорад. Дар мактабҳои олии омӯзиши забонҳову омӯзгории кишвар баъзе барномаҳои таълимӣ ва фанҳои алоҳида оид ба тарҷума таълим дода мешавад, аммо ин барномаҳо аз таҷрибаи байналмилалии тарҷума пурра бархурдор нестанд, ин яке аз сабабҳои асосии кам будани шумораи тарҷумонҳои касбӣ дар кишвар аст. Барои тарҷумони касбӣ шудан бояд ё барномаи таълимии пурра дар мактабҳои олӣ ва ё курсҳои махсуси омодасозии тарҷумонҳои касбӣ бо фарогирии амалияву назарияи тарҷума вуҷуд дошта бошад. Имрӯз чунин факултаву барномаҳои касбии омодасозии тарҷумонҳо танҳо дар хориҷи кишвар дида мешавад.

- Киҳо метавонанд довлатаби касби тарҷумонӣ шаванд?

- Шахсе, ки лаёқати ҳамзамон шунида тарҷума карданро дорад, касе, ки сохтори забонҳои модарии худ ва хориҷиро дар сатҳи баланд аз худ кардааст, шахсе, ки дорои қобилияти аксуламали фаврӣ ба ҳолатҳои гуногун дорад, метавонад довталаби касби тарҷумонӣ шавад.


- Чӣ ё чиҳо лозим аст барои омӯхтани ин касб?

- Барои аз худ намудани касби мазкур пеш аз ҳама синфхонаи махсуси таҷзиҳонидашуда зарур аст, ки дар он барои тарҷумаи воқеӣ шароит фароҳам оварда шуда бошад. Илова ба ин, бояд омӯзгорони махсус оид ба омодасозии тарҷумонҳо омӯзонидашуда ҷабҳаҳои гуногуни тарҷумаро омӯзонанд.

- Ба фикри Шумо чаро бояд ҷавонон касби тарҷумониро интихоб кунанд?

- Чи тавре, ки дар боло зикр намудам, пеш аз ҳама мавқеи ман чунин аст, ки ҳар як кас бояд дар интихоби касб озод бошад. Дуюм, дар ҳаёт, хусусан дар ҷаҳони имрӯзаи торафт глобалишудаистода, ки дар он кишварҳову миллатҳои гуногун аз ҳамдигар вобаста шуда истодаанд, ҳолатҳое, ки малакаи тарҷумонӣ зарур мешавад, кам нест. Барои ҳамин касби тарҷумонӣ ин яке аз воситаҳои омодагӣ барои ҳолатҳои ғайричашмдошт дар зиндагӣ ва инчунин мусоидат ба ҳалли масоили гуногун ва то ҳатто наҷот додани ҳаёти инсон низ мебошад. Албатта, аз ҷониби дигар барои таъмини зиндагӣ мусоидат карда метавонад.

- Тавсияҳои шумо ба тарҷумонҳои оянда...

- Касби тарҷумонӣ маҳорати бениҳоят баланди забондониро талаб мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо як калимаи алоҳида метавонад муносибати байни тарафҳоро ё беҳтар кунад ё баръакс. Аз ин лиҳоз тарҷумон бояд ҳангоми тарҷума дар интихоби калимаҳои мувофиқ ва ҷоиз эхтиёткор бошад. Дар сатҳи баланд дарк намудани тамоми нозукиҳои ҳарду забонҳои тарҷума, аз худ намудани таҷрибаи тарҷумонӣ бо риояи тамоми қоидаҳо ҳам ниҳоят муҳим аст.

- Ташаккур барои суҳбат!

- Саломат бошед!

Шарҳи ҳол

Муҳиддин Тоҷиев дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончи (имрӯза Деваштич)-и вилояти Суғд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1995 таҳсили худро дар литсейи касбиву техникии №31 шаҳри Хуҷанд давом дода, касби муҳосибро аз худ намудааст. Соли 2000 ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 2004 бо ихтисоси бакалавр-тарҷумон хатм кардааст. Таҳсили худро дар Донишгоҳи мазкур давом дода, соли 2005 ихтисоси омӯзгори забони англисиро ба даст овардааст.

Дар давраи таҳсил дар донишгоҳ ҳамзамон дар ташкилотҳои гуногуни ғайридавлатӣ ҳамчун корманди ихтиёрӣ ва ёвари барномаҳо фаъолият карда, таҷриба пайдо намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ соли 2005 фаъолияти кориро ҳамчун мушовир оид ба кор бо ВАО ва ҷомеа дар Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, дар вазифаи мазкур то соли 2007 кор кардааст. Муҳиддин Тоҷиев аз соли 2007 то соли 2009 дар Намояндагии Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ дар ҶТ ҳамчун мутахассис оид ба кор бо ҷомеа ва ВАО фаъолият кардааст. Аз соли 2009 инҷониб ҳамчун тарҷумони озод кор мекунад. Дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ, инчунин дар сатҳи сарони давлатҳо ва роҳбарони баландпояи созмонҳои байналмилалӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар аз ва ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарҷума мекунад. Ҳоло барои ҷалби маблағ ба лоиҳаҳо оид ба сохтмон ва таъмири муассисаҳои тандурустӣ ва маориф дар деҳот дар ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” ҳамчун корманди ихтиёрӣ (волонтёр) кор мекунад.



Абдуллоҳи Раҳнамо: “Аҳмад Зоҳир барои андешаварон андеша ва барои сиёсатгарон сиёсат аст...”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед