Ru  | Tj
Ифтитоҳи филиали “ВГИК” дар шаҳри Тошканд
Ифтитоҳи филиали “ВГИК” дар шаҳри Тошканд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

Ифтитоҳи филиали “ВГИК” дар шаҳри Тошканд

Нашр шуд

Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон филиали Институти давлатии кинематографии Русия ба номи С.А. Герасимова кушода шуд.

Дар маросими ботантанаи кушодашавии он Муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия – Олга Ярилова, ректори Институти давлатии кинематографии Русия ба номи С.А. Герасимова - Малишев Владимир Сергеевич, директори “Роскино” - Евгения Маркова, Сафири фавқуллода ва мухтори Русия дар Ӯзбекистон - Малгинов Олег Сергеевич, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон - Абдулҳакимов Азиз Абдуқаҳҳорович, директори “Узбеккино”- Фирдавс Абдухолиқов, коргардонҳои машҳур – Алӣ Ҳамроев ва Темур Бекмамбетов ва як қатор ҳунармандону филмофарони русу ӯзбек иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар ин маросим намояндагони ВАО-и як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Италия, Олмон, Тоҷикистон, Туркия, Қирғизистон ва худи Ӯзбекистон иштирок дошта, аз рафти ифтитоҳи ин иститути машҳури олам хабару гузоришҳо таҳия намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон - Абдулҳакимов Азиз Абдуқаҳҳорович кушодашавии Институти давлатии киноматографии Русия ба номи С.А. Герасимоваро як иқдоми беназири кишвараш дар чанд соли охир маънидод карда, гуфт, ки институти мазкур метавонад барои рушди соҳаи кинои на фақат Ӯзбекистон, балки кишварҳои дигари минтақа низ мусоидат кунад.

Муовини вазири фарҳанги Федератсияи Русия – Олга Ярилова ифтитоҳи ин муассисаро дар Ӯзбекистон аз муносибати хуби кишварҳои дӯст унвон карда, қайд намуд, ки ифтитоҳи филиали Институти давлатии кинематографии Русия ба номи С.А. Герасимова барои тақвият ва густариши муносибатҳои фарҳангӣ ва эҷодии ҳар ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Директори “Узбеккино”- Фирдавс Абдухолиқов зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳ аз мулоқоти ду сол пеши худ бо Президенти Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев ёдовар шуда, чунин гуфт: “Баъди интихоб шуданам ба вазифаи директори “Узбеккино” Шавкат Мирраҳмонович маро ба назди худ хонда, дар ин соҳа бароям се супориши ҷиддӣ доданд ва яке аз ин супоришҳо ин боз намудани филиали Институти давлатии кинематографии Русия ба номи С.А. Герасимова дар Ӯзбекистон буд. Хушбахтона, бо раҳнамоии Шавкат Мирзиёев имрӯз мо онро дар фазои ботантана ифтитоҳ менамоем”.

Институти давлатии кинематографии Русия ба номи С.А. Герасимова - “ВГИК” яке аз бонуфузтарин институтҳои соҳаи кинематографии олам ба ҳисоб рафта, таърихи беш аз 100 сола дорад. Дар институти мазкур машҳуртарин филмофарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил карда, ҳунармандӣ омӯхтаанд.

Ҳамчунин, дар доираи ифтитоҳи институти мазкур миёни кишварҳои Русия ва Ӯзбекистону Қазоқистон ёддошти ҳамкорӣ барои ба навор гирифтани кинои “Хоҷа Насриддин” имзо гардид.




Митхун Чакраборти, Никита Михалков, Стивен Сигал, Озҷан Дениз... Шукӯҳи “XIII-умин кинофестивали байналмилалии Тошканд”

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед