Ru  | Tj
Митхун Чакраборти, Никита Михалков, Стивен Сигал, Озҷан Дениз... Шукӯҳи “XIII-умин кинофестивали байналмилалии Тошканд”
Митхун Чакраборти, Никита Михалков, Стивен Сигал, Озҷан Дениз... Шукӯҳи “XIII-умин кинофестивали байналмилалии Тошканд”
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

Митхун Чакраборти, Никита Михалков, Стивен Сигал, Озҷан Дениз... Шукӯҳи “XIII-умин кинофестивали байналмилалии Тошканд”

Нашр шуд

“Гавҳари Роҳи Абрешим” таҳти ин унвон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон “XIII-умин кинофестивали байналмилалии Тошканд” баргузор гардида истодааст, ки ба он сершиностарин ва маҳбубтарин ҳунармандону филмофарон, бастакорону санъаткорон ва рӯзноманигорони 40 мамлакати дунё, аз ҷумла Ҳиндустон, Украина, Белорусия, Булғористон, Олмон, Эрон, Испания, Қазоқистон, Кения, Тоҷикистон, Туркия, Шветсария, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Қирғизистон, Марокаш, Мексика, Русия, Эстония ва малакатҳои дигари олам иштирок доранд. Фестивали мазкур, ки таърихи тӯлонӣ дорад, яъне аз соли 1968 инҷониб барпо мегардад, имсол дар ин шаҳри зебо ва бонуфуз аз 28-уми сентябр то 3-уми октябр баргузор хоҳад гашт. Ин ҷашнвора қаблан бо номи “Фестивали филмҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ” машҳуру маъруфи олам буд.

Дар маросими ифтитоҳи бошукӯҳи кинофестивал ҳунарманди маъруфи ҳинд Митхун Чакраборти, ҳунарманди маъруфи ҳолливудӣ Стивен Сигал, ҳунармандони машҳури фаронсавӣ Жерар Депардё, Франко Неро, ҳунармандони машҳури синамои кишвари Туркия Озҷан Дениз, Мелиса Аслы Памук, Филиз Аҳмад, Октай Кайнарҷа, коргардон ва ҳунармандони машҳури олам Никита Михалков, Ҳай Давидов ва даҳҳо коргардону ҳунармандони дигари ҷаҳонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Филлип Киркоров - овозхони овозадори рус ва дигар сарояндагон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркия, Қирғизистон ва Белорус дар барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ сурудҳои зебову дилоро замзама намуданд.

Бастакори машҳури дунё, ки ба филмҳои “Титаник”, “Муҳофиз”, “Соҳибҷамол ва дев” ва ғайра мусиқӣ офаридааст, дар ин кинофестивал иштирок намуда, таассуроти худро аз ин чорабинӣ бисёр нек арзёбӣ кард. Ӯ хусусан аз истиқболи мардуми меҳмоннавози халқҳои Ӯзбекистон таърифу тавсиф намуда, гуфт, ки имрӯзҳо соҳаи филмофаринии Ӯзбекистон бо баргузории ин фестивал нафаси тоза мекашад ва ба як зинаи дигари рушд қадам мениҳад. Ба гуфти ин бастакори машҳури олам филми бе мусиқӣ оламгир шуда наметавонад. Ӯ андеша дорад, ки мусиқии филм бояд дуруст интихоб шавад, зеро дар сурати дуруст интихоб нашудани он, тамошобин ҳақиқати филм ва мантиқи онро бозёфт карда наметавонад.

Дар ин кинофестивал ҳузури журналистон ва блогерони машҳури кишварҳои олам, аз Русия, Қазоқистон, Озорбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон сар карда, то ба Испания, Итолиё, Исроил ва ғайра ба баргузории он азамати дигаре зам кардааст.

Боб Ван Ронкел - ин продюссери машҳури Ҳолливуд низ ба ин фестивал ташриф овардааст: “Инҷо ҳама чиз хубу гуворост, одамонаш хеле меҳмоннавозанд, ки шояд дар ҷаҳон назир надошта бошанд. Зимни мулоқот бо синамогарони ҷавони ин ҷо дарк намудам, ки онҳо нисбат ба касбу кор эҳсоси дилгармӣ доранд, хусусан барои офаридани филм, ки он хеле муҳим ва зарурӣ мебошад”, - мегӯяд ӯ.

“Ин кинофестивал бузургтарин кинофестивали дунё ба ҳисоб меравад. Дар ин кинофестивал мо бо ситораҳои машҳури ҳунарии олам мулоқот намуда, аз наздик ошноӣ пайдо мекунем ва ҳамчунин филмҳои ҳирфаиро бо як завқи баланд тамошо менамоем. Ҳоло ман бо якчанд коргардонҳои машҳури олам, аз ҷумла Никита Михалков хеле сӯҳбати гарм намудам”, мегӯяд ҳунарманди маъруфи тоҷик Моҳпайкар Ёрова.

Зимни сӯҳбат коргардони машҳури ӯзбектабори Амрико – Баҳодур Юлдошев бо хабарнигорон гуфт, вақти он расидааст, ки бояд соҳаи филмофаринии Ӯзбекистон ба таври шоиста рушд ёбад. Ӯ мегӯяд: “Тошканд ситораи машриқзамин аст. Бинобар ин, мо бояд ба тамоми олам ин ҳақиқатро исбот намоем. Мо синамои худро дорем. Мо набояд аз паси синамои Ҳолливуд саргардон шавем. Ӯзбекистон имкониятҳои сазовори филмофариро соҳиб аст!”.

“Ман ва синамогарони зиёди олам ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои эҳёи ин кинофестивали маъруф ва афсонавӣ ибрози сипосгузорӣ мекунам. Умедворам ин кинофестивал, ки дар он намояндагони машҳури кишварҳои зиёд ширкат мекунанд, ба рухдоди шодиву хурсандӣ табдил меёбад. Бовар дорам, ки дар Ӯзбекистони навин кинофестивали Тошканд майдони беҳтарини муоширату гуфтугӯҳо, табодули таҷриба, мулоқотҳои дӯстонаву эҷодӣ мегардад ва шукӯҳи қаблии худро эҳё менамояд. Мо инак чанд рӯзи фаромӯшнопазирро бо ҳам пушти сар мекунем”, - мегӯяд Стивен Сиган.

Дар назар аст, ки дар доираи ин ҷашнвора озмуни беҳтарин филмофарони ҷавон, бо номи “5 рӯзи синамо” баргузор гардад. Дар ин озмун ба гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ мукофотпулӣ ҳадя карда мешавад. Синамоофарони ҷавон бояд дар ин панҷ рӯз ба минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон сафар намуда, дар он ҷо филмҳои кӯтоҳе ба навор гиранд. Дар ин озмун коргардонҳои ҷавон аз Тоҷикистон низ иштирок хоҳанд варзид.

Ҳамчунин дар доираи ин барнома рӯзҳои синамои кишварҳои Русия, Озорбойҷон, Белорусия, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Лаҳистон, Қирғизистон, Туркия ва Ӯзбекистон баргузор мегардад. Филмҳои ин кишварҳои олам дар кинотеатрҳои мухталифи Ӯзбекистон намоиш дода мешавад.

Дар “Ганҷинаи шоҳроҳи Абрешим” як қатор ҳунармандон ва филмофарон аз Тоҷикистон низ ҳузур доранд, аз ҷумла директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, ҳунармандон Сайрам Исоева, Қурбони Собир, Моҳпайкар Ёрова, Зулфия Содиқова ва дигарон меҳмони ин барнома гардидаанд.

Бояд гуфт, ки дар “XIII-умин кинофестивали байналмилалии Тошканд” зиёда аз 50 ситораи дурахшони филмҳои ҷаҳонӣ ва зиёда аз 400 филмофарони мамлакатҳои гуногуни олам иштирок доранд.




Ҳаҷви замон: Дар Тоҷикистон чӣ тавр метавон “стендапер” шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед