Қиссаҳои ҷолиб ва ногуфта аз рӯзгори Аҳмад Бобоқулов аз нақли духтараш - Нигина Бобоқулова
Нашр шуд
Телефонӣ дар тамос шуда, вақту макони вохӯриро дақиқ намудем. Баробари расидан бонуе бо чеҳраи нуронӣ ва хуштабассумеро дидам. Он ҳаяҷонеро, ки вуҷудамро қабл аз вохӯрӣ фаро гирифта буд, ба осонӣ дар худ фурӯ бурдам. Чун нияти сӯҳбат кардан бо фарзанди шахсиятеро доштам, ки номаш шӯҳраи олам гардидааст, албатта бидуни ҳаяҷон буда наметавонист. Вале ҳалимиву меҳрубонӣ ва хушсуханияш маро осӯда кард.
Сӯҳбат бо Нигинабону, фарзанди ҳунарпешаи оламшумул, Артисти халқии СССР Аҳмад Бобоқулов наздики ду соат давом кард, вале банда хастагиро эҳсос намекардам, зеро Нигана бо самимияту ифтихор хислатҳои аҷиби ин марди бузурги санъатро баён мекард.
ҲИҶРАТ
“Аз рӯи нақли падарам, гузаштагони мо аз вилояти Бухоро мебошанд. Падарам дар ноҳияи Ғиждувон ба камол расидаанд. Бо даъвати аллома Бобоҷон Ғафуров бобоям - Бобоқул Файзуллоев, сарояндаи забардасти мусиқии шашмақом ҳамроҳи Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов ва як гурӯҳ сарояндаҳои дигари шашмақом ба Тоҷикистон омада, муқимӣ мешаванд. Ин даъват боис мегардад, то аҳли оилаи падарам аз Бухоро ба Тоҷикистон биоянд.
Падар дар хонавода яккафарзанд буданд. Замони аз Бухоро омадан аллакай оиладор ва се фарзанд доштанд. Вақте бобоям дар садои қиблагоҳам нозукии махсусеро эҳсос менамоянд, тавсия медиҳанд, ки ба Консерваторияи Москва ба номи П. И. Чайковский таҳсил намоянд. Дар аввал бо сабаби дур шудан аз оилаву фарзандон розӣ намешаванд. Бобоям нигоҳубини оилаву фарзандони падарамро ба зиммаи худ гирифта, барояшон дуои сафар медиҳанд.
Падарам ҳамчун донишҷӯи аълохони Консерватория стипендияи ленинӣ мегирифтаанд. Пас аз хатми Консерватория ба Тоҷикистон баргашта, фаъолияташонро дар шаҳри дилорои Душанбе идома медиҳанд. Падарам бештар сирри олами созу овозро аз падари ҳунарварашон омӯхтаанд”.
МЕҲМОНДӮСТ
“Аз хурдӣ хотираҳои зиёд дар ёд дорам. Аз он овон бо аҳли адабу санъат бузург шудаам. Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Зиёдулло Шаҳидӣ, Камол Айнӣ, Шарофиддин Сайфиддинов меҳмонҳои доимии падарам буданд. Падарам як роял (сози мусиқӣ) доштанд, ки дар як кунҷи пешайвони барҳаво гузошта шуда буд. То поси шаб бо ҳам шеъру сурудхонӣ мекарданд. Фазои хонадонамон фарҳангӣ буд. Ба маъракаву симпозиумҳои байналмилалӣ низ баъзан якҷоя сафар мекарданд.
Падар меҳмондӯст буданд. Наримон – акаву Раҳмон – ака, ки мо онҳоро бо ин тарз садо мекардем, аз дӯстони даврони мактабхониашон маҳсуб меёфтанд. То замони дар қайди ҳаёт буданашон ба хонаи якдигар равуо доштанд. Наримон-ака директори мактаб-интернати Ғиждувон ва Раҳмон-ака ҳамчун кабобпази машҳур шӯҳрат доштанд. Падар сихкабобро бағоят дӯст медоштанд. Мо то ҳол бо фарзандони онҳо дӯстӣ дорем.
Дӯсти дигаре ҳам доштанд бо номи Мулло. Ин нафар ҳамчун омӯзгор дар яке аз мактабҳои шаҳри Панҷакент фаъолият мебурданд. Аммо дӯстдори санъату мусиқӣ буданд ва ҳар замон ба хонаамон меомаданд. Падарам дар хориҷ аз кишвар низ дӯстони зиёд доштанд. Замони сафар ба Ёқутистон бо оилае паймони дӯстӣ баста буданд. Баробари омадани онҳо дар хона базму тараб гардон мешуд. Ҳама суруд мехонданду мерақсиданд”.
МЕҲНАТӢ
- Ҳавлии калон доштем. Дар замини наздиҳавлигӣ сабзавоту маҳсулоти полизӣ мекоштем. Боғи калоне ҳам бунёд ёфта буд, ки дарахтони мевадиҳандаи гуногун дошт. Падар бевосита худашон дар замин кор мекарданд. Меваву сабзавот ва маҳсулоти полизиро ҳеҷ гоҳ аз бозор намехаридем.
Ёд дорам, дар вақти кишту кор ҳашар мекарданд. Аммо он рӯзҳо бо вуҷуди банд буданашон, он гурӯҳро роҳнамоӣ карда ва худ сабзавоту полизиҳоро ба замин мекоштанд.
Ҳини фориғ вақташонро дар боғи назди ҳавлӣ мегузарониданд. Бо дарахтон мисли фарзандонашон бо меҳрубонӣ сӯҳбат мекарданд. Фарзандонро низ ба меҳнату заҳмат кашидан талқин менамуданд. Модарам низ дар ин мавридҳо ҳамеша ҳамроҳи падар буданд.
ШИКАСТ
“Модарам мактаби олӣ нахондаанд, вале дӯзандаи моҳир буданду зани бениҳоят зираку доно ва дурандеш. Оқибати ҳама корро пеш аз вуқӯяш меандешиданд. Падарамро эҳтироми шоиста мекарданд. Ҳар хостаи падарро қабул доштанд. Қиблагоҳам низ фикру дархости модарамро ба дида мебардоштанд. Онҳо ду ғунчаи як гулро мемонданд.
Дар тамоми ҳолат ва маврид ғизои падар омода буд. Ҳатто агар соати 12 – и шаб ҳам падарам меҳмон меоварданд, дастархони модарам густурда буду хӯрок муҳайё. Модарам низ ба мисли падарам меҳмондӯст буданд. Дар меҳмоннавозӣ шояд касе ба пояи модарам набарояд. Бо вуҷуди меҳмондор будан, ба тарбияи фарзандону анҷоми корҳои хона низ вақт меёфтанд.
Риштаи умри модарам бармаҳал канда шуд. Ҳанӯз 11 сол доштам, ки аз модар ятим мондам. Баъди сари модар зиндагӣ барои қиблагоҳам душвор шуд. Чаҳор нафар кӯдакони хурдсол бар зиммаи падар бор шуданд. Падарам ба дурии модарам тоб оварда натавонистанду гирифтори бемории қалб шуданд, ки оқибат эшонро аз по афтонд”.
УНВОНГИРӢ ВА ҲУНАРНАМОИИ ОХИРИН
- Раиси Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шуравӣ Алексей Косигин соли 1971 бо ҳайате аз ҳукуматиҳо ба Тоҷикистон меоянд. Дар яке аз консертҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мебоист, ки падарам пас аз ду консерти калон боз ҳам дар консерти навбатӣ ҳунарнамоӣ кунанд. Ҳамон замон, Косигин, ки паҳлӯи вазири вақти фарҳанг Меҳрубон Назаров нишаста буданд, аз эшон чӣ унвон доштани падарамро мепурсанд. Вазир мегӯянд, Аҳмад Бобоқулов хатмкардаи Консерваторияи Москва асту ҳунарманди хизматнишондода…
Косигин, ки дар ду консерти қаблӣ низ сурудхонии падарамро дида буданд, қабл аз ҳунарнамоӣ мегӯянд, падарам ҳамчун Артисти халқии СССР муаррифӣ намоянд. Баъди ин гуна муаррифӣ падар дар ҳайрат мемонанд. Ва аз ҳамон лаҳза ин унвони баландро мушарраф мегарданд.
То дами маргашон ҳушу ёдашон ба кор банд буд. Дар баробари корманди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ будан, ҳамзамон дар Донишкадаи давлатии санъат (Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) ва радиову телевизион низ фаъолият мекарданд.
Бо вуҷуди беморӣ рӯзҳои охири ҳаёташонро дар саҳна сипарӣ намуданд. Ду маротиба сактаи қалбӣ гирифта буданд. Табибон дигар иҷозаи ҳунарнамоӣ надода буданд. Вале падарам ҳамоно сурудан мехостанд. Дар яке аз консертҳо, ки дар Кохи Борбад доир шуд, бо шогирдонашон Бурҳон Муҳаммадқулов ва Асадулло Атовуллоев ба саҳна боло шуда, сурудхонӣ намуданд. Баъди чанд ҳафта гирифтори сактаи қалб шуда, 24 -уми майи соли 1990 дунёро падруд гуфтанд.
ХОТИРАҲО
- Аз хотирам намеравад, вақте бемор шудам, болои сарам то саҳар нишаста об медоданд. Он вақт модарам дар қайди ҳаёт набуданд. Ман, ки фарзанди хурдӣ будам, ҳамеша дар бораи ояндаам фикр мекарданд.
Ҳамаи шароитро муҳайё сохта, доим таъкид мекарданд, ки вақти бештарамонро ба илмомӯзӣ сарф намоем. Аммо ҳеҷ гоҳ имкон намедоданд, ки чун фарзанди шахсияти шинохта худамонро аз дигарон боло гирем. Мисли дигарҳо будем, либоспӯшиву рафтору гуфторамон одӣ буд. Бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба дарс мерафтем. Гоҳ - гоҳ бо мошини худашон ба дарс мебурданд. Агар дар роҳ нафареро медиданд, ки бидуни чатр зери борон истодааст, савори мошин намуда, то ҷойи зарурӣ мерасонданд.
Азбаски ҳавлиамон калон буд, пайваста таъкид мекарданд, ки ба корҳои модар ёрӣ расонем. Дар хонаамон хизматгор надоштем. Яке хонаро рӯбучин мекарду дигарӣ фарш мешӯст. Ҳамин тарз, корҳои хона барои ҳар кадомамон қисмат шуда буд.
Нишастро зиёд дӯст медоштанд. Зодрӯзҳои ҳар кадом аз аҳли хонаводаро бо сурудхонӣ мегузарониданд. Фарзандону набераҳо гирд меомадему бо дутор ва ё роялашон оҳанг навохта, сурудхонӣ мекардем. Зери замзамаи падар ҳама ба рақс медаромадем.
Ҳар гоҳ, ки хумори падар гирад, сари гӯрашон рафта, роз мекушоям. Ифтихормандам, ки фарзанди чунин инсони шарифу барӯмандам.
P.S.: Нигина Бобоқулова фарзанди хурдии сарояндаи маъруф Аҳмад Бобоқулов соҳиби маълумоти олӣ буда, солиёни зиёд дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти гумрук ифои вазифа доштанд. Алҳол нафақахӯр ва соҳиби 4 фарзанду 5 набера мебошанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед