Ru  | Tj
Наттоқ, ҳуқуқшинос ва тоҷири ҷавон. Мадина Назарова кист?
Наттоқ, ҳуқуқшинос ва тоҷири ҷавон. Мадина Назарова кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Наттоқ, ҳуқуқшинос ва тоҷири ҷавон. Мадина Назарова кист?

Нашр шуд

Мадина аз хурдӣ дар ҳама кор пешгом ва аз ҳамсолонаш ба куллӣ фарқ мекард. Диду назар ва дарку фаҳмишаш дигар буд. Мисли калонсолон сухан меронду зиракиву ҳамадонияш болотар аз синну соли кӯдакиаш меистод. Ҳамин буд, ки волидон ӯро аз 6-солагӣ ба мактаб доданд. Зеро ӯ аллакай барномаи мактабии синфи якумро азбар карда буд.

Дар мактаби миёна яке аз хонандаҳои беҳтарин ва иштирокчии озмунҳои мактабӣ маҳсуб меёфт. Агарчи шавқу рағбаташ ба пешаи рӯзноманигорӣ бештар буд, вале бо тавсияи волидон паз аз итмоми мактаби миёна донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид ва онро бо дипломи аъло хатм намуд.

ЧЕҲРАИ ТЕЛЕВИЗИОН

Бо вуҷуди он ки пешаи дигареро интихоб кардаву таҳсили илм менамуд, ҳамоно дилаш ба рӯзноманигорӣ ҷӯш мезад. Замони донишҷӯӣ хабар ёфт, ки дар Телевизиони «Тоҷикистон» барои дарёфти чеҳраҳои телевизионӣ озмун эълон карданд.


Ҳуҷҷатҳои заруриро супурд ва иштирокчии бевоситаи озмуни мазкур гардид. Чун ҳусни расову нутқи буро дошт, миёни иштирокчиён маҳз ӯ тавонист, ки ғолибиятро ба даст орад.

– Ҳанӯз 18 сол доштам, ки барномаи иттилоотии «Ахбор»-ро мустақиман мебурдам. Агарчи барои мани бидуни таҷриба кор ниҳоят душвор буд, вале завқу рағбат ба пешаи наттоқӣ боис шуд, ки бо масъулияти баланд вазифаҳои ба зиммагузоштаамро ба сомон расонам, – гуфт Мадина Назарова.

Инак, беш аз 5 сол мешавад, ки ӯ ровии барномаи иттилоотии «Ахбор» асту ҳамарӯза тамошобинонро бо хабарҳои наву тоза ошно месозад.

АЗ ВОЛОНТЁРӢ ТО МАКТАБИ САРВАРӢ

Дар баробари таҳсил дар донишгоҳ ва кор дар телевизион, ҳамчун волонтёри Кумитаи ҷавонон ва варзиш фаъолияташро ба роҳ монд ва тарзи суханварӣ ва муносибат дар ҷойҳои ҷамъиятиро азбар намуд. Ҳамчунин иштирокчии бевоситаи курси омӯзишии «Мактаби духтарони сарвар»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ гардида, даври омӯзишӣ дар мавзӯи «Зан – сарвар»-ро ба итмом расонд.


ҒОЛИБИ «АВТО-БОНУ – 2018»

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ озмуни «Авто-Бону» доир мегардад, ки иштирокчии бевоситаи онҳо занон маҳсуб меёбанд. Ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи Модар дар ҷумҳурӣ озмуни «Авто-Бону-2018» ба роҳ монда шуд, ки Мадина Назарова дар ин озмун, ки бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда ва обрӯю нуфузи онҳо ҳамчун иштирокчии ҳаракат дар роҳ роҳандозӣ мегардад, ширкат дошт. Дар он беш аз 50 нафар бонуи ронанда, ки дорои малакаи хуби ронандагӣ буданд, аз тамоми манотиқи мамлакат ҳунар озмуданд.

Тибқи натиҷаи иҷрои шартҳои озмун бо гирифтани ҷойи аввал ва ҷоизаи «Авто-Бону – 2018» Мадина Назарова ғолиби озмун ва шоҳҷоиза гардид.

ЗЕБОСАНАМИ ДУШАНБЕ

Ҳусну зебоии табиӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ ӯро вориди дунёи озмуни «Зебосанам – 2019» гардонд. Зеро тамоми маҳорате, ки дар Мадина дида мешуд, шартҳои асосии озмун маҳсуб меёфтанд.


– Гулдухтарони зиёд талош меварзиданд, то худро аз дигар иштирокдорон дида, беҳтару хубтар нишон бидиҳад. Агарчи давутозҳои зиёде дошт, вале рӯзҳои ширин дар хотирам нақш бастаанд. Муҳимтар аз ҳама, таҷрибаи ғаниеро бароям гузоштааст, – мегӯяд М. Назарова.

Мадина Назарова тавонист, ки дар даври шаҳрии он ғолибиятро ба даст оварад.

БОНУИ СОҲИБКОР

Мадина ҳамеша орзу дошт, то тиҷорати худро дошта бошад, вале бо сабаби таҳсилу кор ва кам будани вақти холигӣ имкон надошт, ки орзуяшро амалӣ созад.

– Рӯзе бо падарам дар ин масъала ҳамсуҳбат шудам. Падарам, ки худ тоҷири муввафақанд, маро дар ин самт дастгирӣ намуданд. Ва бо кумаки он кас мағозаеро рӯйи кор овардам. Умедворам, ки дар ин ҷода низ муваффақ хоҳам шуд, – изҳор медорад Мадина.


Мағозаи ӯро пироҳанҳои дӯхтаи тоҷикиву аврупоӣ зеб додаанд. Либосҳои аврупоиро ӯ аз кишвари Туркияву шаҳри Дубай меорад. Миёни куртаҳои дӯхта, либоси миллии чаканро низ вохӯрдан мумкин аст, ки бо тарҳҳои гуногун наққошӣ гардидаву ба фурӯш гузошта шудааст.

ҲУҚУҚШИНОС

Мадина факултаи ҳуқукшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултаи сиёсат ва идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд. Пас аз як муддати фаъолият дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба хулосае омад, ки бояд дар ин самт худро бештар такмил бидиҳад ва донандаи хуби ин соҳа гардад.


Алҳол донишҷӯи шуъбаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» буда, баъд аз хатми он ният дорад, ки рисолаи номзадиашро дар самти илми ҳуқуқшиносӣ дифоъ намояд.

– Пешаи рӯзноманигорӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳамчун чеҳраи шинохта либосҳои мағозаамро ба бар намуда ба расм гирам ва муаррифӣ созам. Дар ин самт модел лозим намешавад. Аз ҷиҳати ҳуқуқшиносӣ дар дуруст намудани ҳуҷатгузориҳо душворӣ намекашам, яъне ҳар кадоме ҷойи худро доранд. Вале оянда худро ҳуқуқшиноси муваффақ дидан мехоҳам, – афзуд Мадина Назарова.   

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед