Ru  | Tj
Хонаи Саъдии Шерозӣ пас аз 700 сол кашф шуд. Дигар ҳеч шубҳа боқӣ намонд
Хонаи Саъдии Шерозӣ пас аз 700 сол кашф шуд. Дигар ҳеч шубҳа боқӣ намонд
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Хонаи Саъдии Шерозӣ пас аз 700 сол кашф шуд. Дигар ҳеч шубҳа боқӣ намонд

Нашр шуд

Хонаи суханвар ва шоири баноми адабиёти форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ, ки таърихи 700-сола дорад, дар маҳаллаи Масҷиди нави Шерози Эрон кашф шуд. Бостоншиносон яқин ҳосил кардаанд, ки ин хонае, ки соли 1973 бо шакку шубҳа ба Саъдии Шерозӣ мансуб дониста мешуд, хонаи ӯст ва дигар ҳеч ҷои шакку шубҳа боқӣ намемонад.

Дар 11 январи соли 1973 рӯзномаи «Иттилот»-и Эрон бо интишори матлабе хабар дода буд, ки дар маҳаллаи Масҷиди нав хонае кашф шудааст, ки он мансуб ба Саъдии Шерозӣ аст. Он замон бостоншиносон бо шакку тардид ба ин масъала нигоҳ мекарданд ва далоили пайдошударо заиф ҷилва медоданд. Гуфта мешуд, ки дар чанд заминларзаи вайронгаре, ки 150-170 сол қабл дар Шероз рух дода буд, тамоми хонаҳои қадимиро вайрон кард. Дар тозатарин бозёфтҳо маълум шудааст, ки он заминларзаҳои шадид хонаҳои қадимии маҳаллаҳои Масҷиди нав, Арги Каримхон, Музейи Занд, Масҷиди Вакил, Бозори Вакил ва Масҷиди ҷомеаи атиқро зиёд вайрон накардаанд ва хонаҳои таърихии ин маҳаллаҳо солим мондаанд.

НАХУСТИН КАШФИ ХОНАИ ШАЙХИ АҶАЛ ДАР СОЛИ 1973

Нахустин бор дар даҳаи 70-уми мелодӣ хабарнигори ҳафтаномаи «Иттилоот»-и Эрон паёми кашфи хонаи Саъдии Шерозиро нашр карда буд. Ин рӯзнома навишта буд: «Пас аз ҳафтсад сол хонаи Саъдӣ – шоири ширинсухани Эрон дар яке аз маҳаллоти қадимии Шероз кашф шуд. Аъзои Анҷумани қалам ва конуни дониши порсии Шероз пас аз муддатҳо баррасии ҷиддӣ муваффақ шуданд манзили маскунии шоири бузург ва номии Эронро пайдо кунанд».

Ин рӯзнома дар идома навишта буд, ки яке аз далелҳои мансубияти ин хона ба Саъдии Шерозӣ кашфи байте аз Фазил Адибӣ дар яке аз утоқҳои хона аст: «Ҳаштод сол пас аз марги Саъдӣ Фазил Адибӣ дар ин манзил сукуно (зиндагӣ) дошта, як байт шеър бо хати хуш дар гӯшае аз утоқи хеш навиштааст, ки то чанд сол пеш комилан хоно будааст:

Дар ҷойгоҳи Саъдӣ манзил намудаам ман,

Бо ин ки камтар ҳастам аз хоки пойи Саъдӣ».

Баъд аз ин бозёфт бисёре аз бостоншиносон ба мансуб будани ин хона ба Саъдии Шерозӣ бо шакку тардид нигоҳ мекарданд. Он вақт муҳаққиқон мегуфтанд, ки ба далели ин ки бештари умри Саъдӣ дар сафарҳо гузаштааст, бо ин далел наметавон ин хонаро ба ӯ нисбат дод. Дар ин маврид Масъуд Манеъотӣ, мудири Анҷумани фарҳангӣ ва гардишгарии вилояти Форс дар гуфтугӯ бо расонаҳо мегӯяд: «Хонаи Саъдӣ дар зумраи осорест, ки бо шумораи 2581 дар 30 январи соли 2009 сабти миллӣ шуда ва бар асоси нақли қавлҳо намешавад ин хонаро қатъан муталлиқ ба Саъдии Шерозӣ донист, зеро ӯ ҳамвора дар сафар будааст». Ин далелро коршиносон дар тозатaрин ёфтаҳои худ рад намуда, таъкид намудаанд, ки ин хонаи Саъдист, ки то ба имрӯз боқӣ мондааст.

Хонае, ки мансуб ба Саъдии Шерозист, дар маҳаллаи Масҷиди нави шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон кашф шуд. Таърихи ин хона ба 700 сол пеш бозмегардад ва дар тӯли ин солҳо қисматҳое аз хона вайрон шудааст, вале шакли асосии он то ҳол боқист. Хонаи мансуб ба Саъдии Шерозӣ ду утоқи панҷдарӣ дар самти шарқӣ ва ғарбӣ дорад ва як панҷара ҳам дар табақаи дувуми самти шимолии он мавҷуд аст, ки ба гуфтаи муҳаққиқон маҳалли кор ва нишасти ин шоири номӣ будааст. Ин панҷара, ки дар атрофи он тоқчаҳои дутабақа мавҷуд аст, ба шакли китобхона тарроҳӣ шуда, дуто сутуни чӯбӣ рӯ ба беруни ҳавлӣ дорад.

ИН ХОНАИ САЪДИСТ, ШАККЕ НЕСТ

Алӣ Сомӣ, муҳаққиқ ва бостоншиноси маъруф таъкид мекунад, ки ин хона бар асари заминларзаҳои вайронгар қисматҳояш хароб шуда, вале далелҳо нишон медиҳед, ки он хонаи Саъдии Шерозӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, «як мавзӯъ, ки эҷоди шакку шубҳа мекард, ҳодисаҳои зилзилаҳои пайопайе, ки дар 150 ё 170 сол қабл шаҳри Шерозро вайрон сохт ва аксар биноҳои мавҷудро дарҳам кӯфт. Лекин аз сӯйе рӯшан аст, ки заминларзаи маъруфи Шероз бо ҳама вайронгариаш натавониста кулли бино ва иморатҳои Шероз, аз ҷумла Бозори Вакил, Музейи Занд, Арги Камрихонӣ, Масҷиди нав ва Масҷиди ҷомеаи атиқро вайрон кунад».

Ин бостоншинос ба ин далел меафзояд, ки хонаи Саъдӣ ҳам дар он заминларзаҳо хисорот дида ва баъд тармим шудааст: «Аммо наметавон шакк кард, ки ин ҷо хонаи маскунии Саъдӣ нест. Ман муътақидам ҳоло ки зистгоҳи зебои Саъдӣ пайдо шуда, Анҷумани ҳифзи осори миллии Эрон ҳамчунон ки ба навсозии оромгоҳи Саъдӣ кӯшиш карда, бояд барои табдили хонаи мазкур ба музейи кӯчак, ки намоишгоҳи тарзи зиндагии устод буда, иқдом кунад».

Ҳусайн Деҳон, пажӯҳишгари таърихи Шероз дар робита ба кашфи хонаи Саъдӣ гуфтааст: «Хонаи шӯридаи Шерозӣ (Саъдӣ) воқеъ дар маҳаллаи Санги сиёҳ, хонаи мансуб ба Саъдӣ, ки дар воқеъ дар кӯчаи пӯшти Масҷиди нав аст, шерозиён онро мансуб ба Саъдӣ донистаанд». Мавсуф дар идома гуфтааст, ки хонаи Саъдӣ ҳолу рӯзи хубе надорад ва ниёз ба таъмир ва бозсозӣ дорад.

ЧАРО ХОНАИ МАНСУБ БА САЪДӢ ТО ҲОЛ ВАЛАНГОР АСТ?

Имрӯз пурсишҳое матраҳ мешавад, ки чаро ин қадар солҳо хонаи мансуб ба Саъдии Шерозӣ навсозӣ нашудааст. Сиёмак Басирӣ, масъули мероси фарҳангии шаҳри Шероз далели онро дар он медонад, ки ин хона молик дорад ва моликаш ба шеваи бозсозии он мувофиқ нест: «Молики шахсӣ хоҳони марамат (таъмир) ва эҳёи ин хонаи таърихӣ аст ва далели мухолифат ва ҳамкорӣ накардани ӯ бо мероси фарҳангӣ ба хотири тарроҳӣ ва равиши марамати бино аст».

Ба ин далел хонаи мансуб ба Саъдии Шерозӣ то ҳол бозсозӣ нашуда ва кӯшишҳои ниҳодҳои фарҳангии Эрон ҳанӯз барои бозсозии он идома дорад. Бисёре аз эрониён пешниҳод кардаанд, ки ин хона бояд бозсозӣ шуда, ба як макони гардишгарӣ барои дӯстдорони каломи Саъдии Шерозӣ табдил дода шавад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед