Кишоварз - блогер дар Хатлон кивипарвар шуд
Нашр шуд
Блогери тоҷик, ки дар бахши кишоварзӣ таҷрибаҳо мегузаронад, парвариши навниҳолҳои кивиро дар ҷануби Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст.
Сулаймон Шафоев, блогери кишоварз аз ноҳияи Кӯшониён, бо вуруд ва шинонидани 20 навниҳоли киви, мехоҳад парвариши онро ба роҳ монад.
Ин деҳқони таҷрибадида, дар баробари парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, 5 соли ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хело фаъол гаштааст. Ӯ дар ютуб, канали худро дошта, сафарҳои омӯзишии зиёде анҷом медиҳад.
Ҳамарӯза, ба хоҷагиҳои муваффақи деҳқонӣ сайр карда, аз дастоварду муваффақиятҳои кишоварзону боғдорони кишвар наворҳои видеоӣ омода менамояд.
“Ҳамин хел сафарҳои омӯзишӣ сабаб мешавад, ки навъҳои гуногуни дарахту мевагӣ ва сабзавоти бозоргузару содиротиро харидорӣ карда, парвариш намоям”, - гуфт Шафоев.
Ӯ гуфт, вақти шиносоӣ бо навгониҳои соҳа, ҳатман тухми ин ё он зироати кишоварзӣ, ниҳолу қаламчаҳои мевагиҳоро барои худ харидорӣ карда, кишт ва парвариш менамояд.
“Бо ин васила, муайян месозам кадом навъи тухмӣ хуб асту нашъу намои беҳтар дорад ва аз он ҳосили хуб ба даст овардан мумкин аст. Баъдан, ба дигар кишоварзон тавсия медиҳам. Яъне ингуна таҷрибаҳоро зиёд гузаронидаам”, - гуфт блогер.
Бояд гуфт, ки дар замини наздиҳавлигии ӯ, дар баробари ниҳоли кивӣ, дарахти павлония, ангур, нок ва маҳсулоти дигари кишоварзии нодир зиёд парвариш мешаванд.
“Навниҳоли кивиҳои шинонидаи ман, аслан аз Эрон оварда шудааст”,- мегӯяд Сулаймон Шафоев.
Ба нақли ӯ, парвариши киви дар минтақаи гармсели Бохтари вилояти Хатлон имконпазир аст. Чун қабл аз он, ки вай парвариши кивиро пеш гирад, бо олимони соҳа машварат кардаасту аз таҷрибаҳои худ ҳам медонад, ки киви меваи гармидӯст ва ба сардӣ тобовар аст.
“Ниҳоли киви ба 30 дараҷа ҳавои сард тоб меорад, аз ин рӯ онро ман дар ҳавои кушод, берун аз гармхона шинонидаам”, - фаҳмонд кишоварз.
Таъкид намуд, ки ниҳолҳои шинонда бо усули муосир, яъне тариқи обёрии қатрагӣ, парвариш карда мешаванд. Ниҳоли киви, ки обдӯстдор аст, обёри қатрагӣ беҳтарин усул барои намнок нигоҳ доштани бехи ниҳол дар ҳама вақт ба ҳисоб меравад, муътақид аст Шафоев.
Ба идаои Сулаймон Шафоев, дарахти киви ба гунаи токи ангур аст, онро ҳар қадар қаламча намоӣ, ҳамон қадар беҳтар аст. Пайвандӣ будани ниҳоли шинонидашуда ҳам ба нафъи кор аст, зеро ниҳоли пайванд, ба ҳар гуна касалиҳо тобовар аст.
Вай дарахти кивии худро дар масофаи 4 метр дур аз ҳам ва 60-70 см чуқурӣ шинонидаст. Барои шинонидани навниҳолони қаламчашудаи киви, моҳи апрелро тавсия дод.
“Зеро моҳи апрел дар минтақаи мо, ҳаво нисбатан муътадил аст, на сард на гарм. То фаро расидани гармиҳои аз ҳад зиёд, аллакай ниҳоли нишонидашуда реша давонида, мустаҳкам мегардад”, - маслиҳат дод ӯ.
Парвариши киви дар вилояти Хатлон бесобиқа аст. Аммо бояд гуфт, ки дар ҳавлии истиқоматии сокини шаҳри Ваҳдати ҷумҳурӣ, ниҳоли беш аз 30-солаи киви нашъунамо дорад. Зайниддин ниҳоли кивиро ҳанӯз соли 1988 замони баргаштан аз хизмати ҳарбӣ оварда, дар замини наздиҳавлигии худ шинонида буд. Ба иттилои ӯ, аллакай беш аз 20 сол аст, ки ӯ аз ҳосили шаҳдбори дарахти шинонидаи худ, ком ширин мекунад. Ин далели он аст, ки дар иқлими Тоҷикистон парвариши ниҳоли киви имконпазир аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед