Ru  | Tj
Махсусиятҳои таҷлили иди мардумии Меҳргон дар Тоҷикистон
Махсусиятҳои таҷлили иди мардумии Меҳргон дар Тоҷикистон
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

Махсусиятҳои таҷлили иди мардумии Меҳргон дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Меҳргон – яке аз ҷашнҳои дӯстдоштаи мардуми тоҷик ба шумор рафта, он таърихи хеле қадима дорад. Ин ҷашн дар Тоҷикистон ба фасли тирамоҳ, мавсими ҳосилғундорӣ рост омада, рамзи оғози зиндагии нав дониста мешавад.

5 –уми августи соли 2009 Меҳргон ҳамчун ҷашни миллӣ эълом гардид.

Имрӯз ин ҷашни таърихӣ чун иди касбии деҳқонону заминдорон дар сатҳи хеле баланд таҷлил мегардад. Ҳатто дар ноҳияҳои дурдаст низ ба ифтихори ин ҷашн намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии халқ, консерт ва сайру гашти идона баргузор карда мешавад.

Halva.tj доир ба таърихи пайдоиши ҷашни мазкур ва то чӣ ҳад боқӣ мондани расму оинҳои таърихии он, маълумот пешниҳод мекунад.

1. Пайдоиши номи Меҳргон


Меҳргон ба баробаршавии шабу рӯзи тирамоҳӣ (мувофиқи тақвими гаригориянӣ 23-уми сентябр - 22-уми октябр) ва моҳи ҳафтуми солшумории форсӣ, моҳи “Меҳр” рост меояд. Ин ҷашн рамзи шукргузорӣ ба ҳосили фаровон аст. Худи калимаи «Меҳргон» аз номи худои офтоб – “Миторо” ё “Меҳр” гирифта шудааст, ки он ифодакунандаи дӯстиву муҳаббат ва рамзи садоқату вафодорӣ дар замони Ҳахоманишиниён буд.

2. Омодагӣ ба ҷашн


Омодагӣ ба ҷашни Меҳргон аз рӯбучин ва тозаю озода намудани хона, омода намудани либос ва ороиши дастурхони идона иборат мебошад. Дастурхони идона дар Меҳргон аслан аз маҳсулоти ҳосили тирамоҳӣ оро дода мешавад. Аҷибаш дар он аст, ки аз замонҳои қадим ранги асосии ид арғувон аст: имрӯз ин ранг ҳамеша дар либосҳои идона ва дастурхони рӯи миз дида мешавад.

Омодагӣ ба Меҳргон чанд хел мешавад, масалан, сокинони минтақаи Бадахшон бар ин назаранд, ки риоя нашудани тамоми пайдарпаии омодагӣ ба ид боиси барвақт омадани сардиҳо ва талафи ҳосил мегардад.

3. Зебогии дастурхони идона


Меҳргон ҳамчун иди ҳосилот ҷашн гирифта мешавад ва дар намоиш-фурӯши маҳсулот низ миқдори хеле зиёди меваю сабзавоти тару тоза ба фурӯш гузошта мешавад. Мардуми тоҷик дастурхони идонаро бо шамъ, шириниҳо, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ (палав, шакароб, далда, қӯрутоб, ширкаду, оши тупа, оши бурида ва ғайра) оро медиҳанд. Ҳамчунин, сари дастурхони идона навдаи гул ё моддаҳое, ки бӯйи хуш доранд ба монанди оби гули садбарг, каҳрабо ва ғайра мегузоранд.

4. Як ҷашну чандин ном

Дар ҳама давру замон Меҳргон чун иди ҳосилот ҷашн гирифта мешуд. Дар даврони Шӯравӣ бошад он «Иди ҳосилот» номгузорӣ шуда буд, ки ба эҳтимоли зиёд бо кӯшиши роҳбарияти ИҶШС барои дур шудан аз аҳамияти динии Меҳргон алоқамандӣ дошт. Дар доираи Меҳргон боз якчанд идҳои хурди дигар ба монанди: иди харбуза, иди асал, иди каду ва ғайра ҷашн гирифта мешавад. Аҷибаш он аст, ки номи ин ҷашн аз маҳалли зиндагии тоҷикон низ вобастагӣ дорад. Масалан, сокинони деҳаи Сари Чашма ин ҷашнро Саримазор ном мебаранд.

5. Ҷашни Меҳргон ва ривоятҳои қадимӣ

Ривояте ҳаст, ки Меҳргон ба яке аз қаҳрамонҳои асосии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ алоқамандӣ дорад. Дар ин достон омадааст, ки Заҳҳок бо қувваи бадӣ - Иблис дӯст шуда, падари худ шоҳ Ҷамшедро мекушад ва ба тахти шоҳӣ менишинад.

Дар даврони ҳукмронии Заҳҳок Эрони қадим дар зулмот афтода, бенизомӣ афзоиш ёфта буд. Дар ин давра Коваи оҳангар ва шоҳи оянда Фаридун бар муқобили Заҳҳок исён бардошта, ӯро мағлуб мекунанд. Фаридун дар моҳи Меҳр бар тахти подшоҳӣ нишаст ва фармон дод то ба ифтихори ба тахт нишастанаш ҷашне барпо намоянд. Дар натиҷа ба ин хотир Меҳргонро ҷашн гирифтанд ва ин ид аз ҳамон вақт пайдо гардид.

Аксбардорӣ дар кино ва мушкилоту нозукиҳои он


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед