Ru  | Tj
Беҳтарин ва ҷолибтарин хотираҳо аз зиндагии сарояндаи шинохта - Манижа Сангин
Беҳтарин ва ҷолибтарин хотираҳо аз зиндагии сарояндаи шинохта - Манижа Сангин
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

Беҳтарин ва ҷолибтарин хотираҳо аз зиндагии сарояндаи шинохта - Манижа Сангин

Нашр шуд

Сарояндаи тоҷиктабори Русия - Манижа Сангин 8-июли соли ҷорӣ 30-солагии худро ҷашн гирифт. Ӯ имсол Федератсияи Русияро дар озмуни байналмилалии “Евровидение-2021” намояндагӣ карда буд. Суруди замзаманамудаи ӯ ба зудӣ миёни дӯстдорони мусиқӣ маҳбубият пайдо карда, худи Манижаро низ машҳури ҷаҳон гардонид.

Halva.tj аз чунин рӯзҳои фаромӯшнашаванда маълумотҳои ҷолибро аз ҳаёти эҷодӣ ва шахсии Манижа Сангин пешниҳоди хонандагон мегардонад.

1. Пайвандҳои эҷодӣ


Манижа Сангин 8-уми июли соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Бибикалони ӯ яке аз аввалин занҳое дар Осиёи Миёна мебошад, ки фаранҷии худро бадар карда ва барои кор кардан эътироз намудааст. Баъдтар ӯ ба таълими занон машғул шудааст.

Бобои Манижа - Тоҷи Усмон, яке нависандагони машҳури халқи тоҷик мебошад. Дар шаҳри Хуҷанд муҷассамаи ин нависандаи соҳибқалам гузошта шуда, ҳамчунин кӯчае ба номи ӯ номгузорӣ шудааст. Тоҷи Усмон дар баробари навиштани ҳикояву қиссаҳо, инчунин ба тарҷумаи осори нависандагони Шарқ машғул буд. Машҳуртарин асари ин нависанда «Бисту се адиба» ва «Дурдонаҳои насри тоҷик» мебошад, ки дар ин ду асари гаронарзиш адиб дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии шоирону нависандагони асрҳои X то XIX маълумот овардааст.

2. Ваҳшати ҷанги шаҳрвандӣ

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дар Тоҷикистон зиндагии оилаи Манижаро тағйир дод. Рӯзе вақте ки ҳеҷ касе дар хонаи Манижа набуд, тири партоба (снаряд) ба хонаи онҳо афтод. Худи сароянда дар як мусоҳибааш ин лаҳзаро чунин ёдовар шудааст: «Дар хонаи мо фақат як сӯрохӣ боқӣ монда буд».

Манижа бо аҳли оилааш маҷбур мешаванд, ки ба шаҳри Москва куч банданд. Он замон тарки Ватан барои ӯ ва хонаводааш хеле мушкил буд. Суруди «Шаҳри хуршед»-и Манижа, ки онро соли 2020 сароидааст, ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст. Дар ин суруд ӯ ваҳшати ҷанг ва тарки хонаи худро баён кардааст.

3. Оғози маҳбубият


Манижа ҳанӯз нахустин муваффақияти худро дар ҷодаи санъат соли 2007 дар синни 15 солагӣ ба даст овард. Он замон ӯ бо тахаллуси “Ру.Кола” баромад менамуд. Нахустин суруди ӯ «Беэътиноӣ» (“Пренебрегаю”) ном дошт. Ин суруд чанд моҳ ба қатори «Даҳ хити беҳтарин»-и «Русского радио» шомил шуд ва намоҳанги ин суруд бошад, дар шабакаҳои мусиқии телевизионии Русия: «Муз-ТВ» ва «RU.TV» пайваста пахш мегардид. Дар ин намоҳанг ҳаҷвнигори шинохтаи рус Семен Слепаков, ки он замон дар барномаи КВН дар гурӯҳи «Сборная Пятигорска» фаъолият менамуд, нақш офаридааст.

Аммо маъруфияти ин сарояндаи ҷавон паҳлӯи дигар низ дошт. Худи Манижа иқрор мешавад, ки дар баробари ворид шудан дар нақши Ру.Кола, продюсер кӯшиш намуд, то симои зоҳирии ӯро низ тағйир диҳад. Либосҳои ғайриоддиро бо либосҳои шинами занона иваз карда, дар ороиши мӯйҳояш низ аз рангҳои баланд истифода кардаанд. Чанде баъд Манижа аз лоиҳаи Ру.Кола фориғ шуда, мустақилона ба эҷоди оҳангу суруд машғул мешавад.

4. «Ба офлайн баромадан мехохӣ? Биёед ях ҷамъ кунем!»

Пас аз анҷоми фаъолият дар лоиҳаи Ру.Кола Манижа дар консерти гурӯҳи “Ассаи” баромад намуд. Ӯ бо ин гурӯҳ дар шаҳри Санкт-Петербург албоми сурудҳояшро сабт кард.

Манижа муддате дар шаҳри Лондон низ зиндагӣ кардааст. Дар ин ҷо низ ӯ кушиш мекарад, то орзуҳои худро дар соҳаи мусиқӣ амалӣ намояд. Ӯ дар Лондон мустақилона ба омӯзиши вакал машғул шуд. Бовуҷуди ҳамаи кӯшишҳо Манижа натавонист, ки дар хориҷа машҳур шавад ва аз ин рӯ, ӯ маҷбур шуд, ки боз ба Русия баргардад.

Соли 2013 дар Москва Манижа ба сабти наворҳои кӯтоҳе дар Instagram шурӯъ намуд. Ӯ дар ин наворҳо сархати мусиқиҳои бастакорони машҳури ҷаҳониро иҷро мекард. Ин самти фаъолияташ ба Манижа имкон фароҳам овард, то баъдтар мустақилона бастакориҳои худро иҷро кунад. Ҳаводорони Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз то рӯз зиёд шуда ва сурудҳояш низ маъруф гаштанд.

Манижа мегӯяд, замоне менеҷераш - Майя Серикова ба ӯ чунин пешниҳод мекунад: «ба офлайн бирав ва дар «Қасри Яхин»-и Санкт-

Петербург консерт ташкил кун». Ин пешниҳодро Манижа қабул карда ва 20-уми майи соли 2017 консерти калони худро дар Санкт-Петербург баргузор менамояд. Ин консерт миёни ҳаводорон валвалаеро ба вуҷуд овардааст. Ҳодисаи нотакрор: сарояндае, ки сурудҳояш аз тариқи радио ва телевизион садо надодаанд, танҳо ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон тамошобинро дар бузургтарин майдони кишвар бо ҳам овардааст.

5. «…Ман на русаму на тоҷик…»


Маълум аст, ки дар ҳунари Манижа масъалаи ҳувияти миллӣ чандин бор зикр гардидааст. Ин сарояндаи хушсалиқа тоҷик будани худро пинҳон намекунад ва рӯирост мегӯяд, ки ӯ тоҷик аст. Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳои худ гуфтааст, ки дар гузашта ин чизро пинҳон медоштааст. Манижа ба ин назар аст, ки баъзан вақт барои он, ки ҷомеа шуморо бипазирад, бояд бо забони русӣ озодона сухан гӯед ва тоҷик будани худро пинҳон доред. Ҳоло бошад сароянда миллияти худро пинҳон намекунад ва аз танқиду хандахариш қарор гирифтан, ҳарос надорад. Дар консертҳояш ӯ либосҳои миллии худро ба бар мекунад. Суруди «Недославянка»-и худро ӯ маҳз ба хотири муҳоҷирони тоҷик эҷод кардааст. Манижа ба он назар аст, ки инсон бояд аз қолабҳои шахшуда берун барояд. Дар як суҳбаташ ӯ гуфтааст, ки бигузор маро «чурка» (бенизом, беақл) гӯянд ва ин барояш аз «ман туро намешиносам» гуфтан, беҳтар аст.

Ба наздикӣ Манижа аз тести ДНК гузаштааст ва натиҷаи санҷиш нишон додааст, ки дар организми ӯ хуни 32 миллат мавҷуд аст. Ин сароянда нишон дод, ки инсони муосир кайҳо боз «омехтаи» фарҳангу тамаддуни миллатҳост ва дар замири ӯ миллият ва фарҳангу санъати тамоми миллатҳо дида мешавад.

6. Кӯмаки ҳамватанон


Бо дастгирии Агентии муҳоҷирати СММ Манижа соли 2020 нахустин консул дар Русия оид ба масъалаи муҳоҷират таъин гардид. Сароянда ва хонаводаи ӯ медонанд, ки шахси хонаи худро таркнамуда, чӣ мушкилот дорад. Имрӯз Манижа ва модари ӯ тамоми роҳу востаҳоро меҷӯянд, то ба муҳоҷирони меҳнатӣ кӯмак расонанд.

7. Масъалаи зӯроварӣ дар оила

Манижа на танҳо дар сурудҳои худ, балки дар сомонаҳои иҷтимоӣ низ масъалаи зуроварии хонаводагиро пайгирӣ мекунад. Соли 2019, ӯ намоҳангеро бо номи “Модар” (“Мама”) сабт намуд, ки дар он мушкилоти зӯроварӣ дар оила инъикос ёфтааст. Ҳамчунин, барои рафъи ин мушкилӣ лоиҳаи махсуси дархосттии SILSILA таъсис додааст. Худи сароянда мегӯяд амалӣ намудани ин нақша барояш осон набуд ва ӯ ҳамроҳи модараш маҷбур шуданд, то хонаашонро ба гарав гузоранд.

8. Аломатҳои «Зани рус» (Russian Woman)


Аксари тамошобинон пероҳани ба бар намудаи Манижаро дар озмуни байналмилалии «Евровидении-2021» дар хотир доранд. Қисме аз тамошобинон аз либоси Манижа интиқод намуданд ва гуфтанд, ки куртааш хандаовар аст. Қисми дигар бошанд, мехостанд донанд, ки дар куртаи Манижа чӣ сирре нуҳуфта аст.

Пероҳани Манижа аз пораҳои матоъҳои гуногун аз ҳар минтақаи Русия иборат буд. Ин нишонаи он аст, ки дар кишвари Русия халқҳои зиёд зиндагӣ мекунанд. Зани Русия метавонад ҳам хуни тоҷикӣ, ҳам хуни осетинӣ, ҳам хуни ӯзбекӣ, ҳам хуни русӣ ва ғайра дошта бошад. Идеяи дӯхтан ва ба бар намудани ин пероҳанро ба Манижа модараш пешниҳод намуда буд.

Митхун Чакраборти, Никита Михалков, Стивен Сигал, Озҷан Дениз... Шукӯҳи “XIII-умин кинофестивали байналмилалии Тошканд”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед