«Корти сафарӣ ба Тоҷикистон». Панҷ ривояте андар Искандаркӯл
Нашр шуд
Дар нишебиҳои шимолии қаторқӯҳҳои Ҳисор, дар қалби кӯҳҳои Фон, гавҳари Помиру-Олой, яъне Искандаркӯл ҷойгир аст. Гардишгароне, ки аз ин кӯли зебо дидан кардаанд, аз табиати ғайриодӣ, зебоиҳои дилфиреб, оромии муҳит ва кӯҳҳои беназири он ҳаловат бурда, ин маконро дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ васф намудаанд.
Дар баробари Искандаркӯл дар ин макон ҷойҳои дигари зебоеро низ дидан мумкин аст. Яке аз онҳо кӯли Замин-Мулло мебошад, ки 300 метр дуртар аз Искандаркӯл ҷойгир шудааст. Аз сабаби ҳарорати баланд доштани кӯли мазкур дар он морҳои обӣ хеле зиёд ба чашм мехӯранд. Ҳамчунин, ин ҷо «Русские 1870» ном навиштаҷоте дар рӯи санг мавҷуд аст. Ин навиштаро экспедитсияи А.П. Федченко дар нимаи дуюми асри XIX ба санг наққошӣ кардаанд. Инчунин, дар ин макон шаршараи 43-метраи «Ниагараи Фон» ҷойгир аст.
Искандаркӯл дар Тоҷикистон на танҳо бо табиати зебо, балки бо ривоётҳои афсонавии худ таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст:
1.Асрори номгузорӣ
бо номи Искандари Мақдунӣ ва дар тангаҳо бо номи Шоҳ - Зевс машҳур аст, номгузорӣ шудааст.
Тибқи ривоятҳо роҳи Искандари Мақдунӣ ба Ҳиндустон маҳз аз ҳамин минтақа мегузаштааст.
То ба ҳол дар илми бостоншиносии дунё исбот нашудааст, ки воқеан ин фармондеҳи ҷаҳонӣ ба ин ҷо сафар карда ё не, аммо дар ин бора чандин ривоятҳои аҷибе мавҷуданд.
Тибқи манобеи дигар дар гузашта ин кӯл «Искодар» ном дошта, ки он маънои «баландоб» ё «кӯли кӯҳӣ» ро дорад. Дар ин бора низ манбаи муътамади имлӣ вуҷуд надорад.
2.Рустои саркаш
Тибқи яке аз ривоятҳо Искандари Мақдунӣ ҳангоми лашкаркашияш ба Ҳиндустон (соли 327-и пеш аз мелод) аз водии Зарафшон гузашта ва дар ин макон ба муқовимати сокинони саркаши русто рӯбарӯ мешавад. Аз ин рӯ, барои ҷазо додани сокинони деҳа Искандари Мақдунӣ фармон медиҳад, ки деҳаро вайрону валангор кунанд ва раҳи оби дарёро банданд. Дар натиҷа обанбори бузурге пайдо мешавад ва Искандар амр медиҳад, ки сарбандро кушоянд, то деҳа зери об монад. Дар натиҷа русто зери об монда ва дар ҷойи он ҳамин кӯл, яъне Искандаркӯл пайдо шудааст.
3.Аспи дӯстдоштаи Искандар
Ривояте аст, ки Искандари Мақдунӣ ҳангоми сафараш ба Ҳинд аз кӯли Искандар дидан карда, дар он ҷо хайма зада ва истироҳат мекунад. Дар ин ҳангом аспи дӯстдоштаи Искандар, ки Буҷифел ном дошт, аз обҳои сарди кӯҳистон нӯшида, бемор мешавад. Чун вақти сафар мерасад Искандар наметавонад, ки аспи беморашро бо худ бибарад. Аз ин рӯ, як нафар аспбонро барои нигоҳубини он мегузораду сафарашро идома медиҳад. Вақте асп шифо меёбад аспбон дар рафторҳои он чизҳои ғайриодиро мушоҳида мекунад. Баъди чанд вақт Буҷифел ба баландӣ баромада, чунон шиҳа мекашад, ки гӯиё атроф ба ларза медарояд. Буҷифел гӯё аз марги соҳибаш бохабар мешавад ва худро ба қаъри кӯл андохта, нопадид мегардад. Гӯё ҳар сари вақте ин асп аз кӯл баромада шиҳа мекашад ва дами субҳ боз ба қаъри он меравад.
4.Хоҷа Исҳоқи Валӣ кист?
Сокинони деҳаҳои наздики Искандаркӯл дар бораи ғори Махшевад маълумот доранд. Ин ғор хеле хурд буда ва дар дохили он ҷасади мӯмиёшудае аст. Дар замонҳои қабл “муллоҳо” ин ҷасадро муқаддас дониста, гуфтаанд, ки он ҷасади «Хоҷа Исҳоқи Валӣ» аст. Аммо то ба имрӯз дар бораи кӣ будани шахсияти ин мард маълумоти комилан дақиқе мавҷуд нест.
Тибқи яке аз фарзияҳо ин ҷасади Спитамен, сарлашкари Суғд алайҳи шӯришгарони Искандари Мақдунӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки охирин дастаи сарбозони ӯ ба муҳосира афтода ва худи Спитамен ба ин ғор танҳо омадаву ва ин ҷо фавт кардааст. Бо вуҷуди ин, бархе муаррихон ин фарзияро рад мекунанд, зеро ба ақидаи онҳо косахонаи сари ҷасад ба давраи дигари таърих рост меояд.
5.Рахши оташин
Тибқи ривоёти дигаре аспи Рустами дастон, яке аз қаҳрамонони асосии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки Рахш ном дошт, дар поёноби Искандаркӯл чаридааст. Садоқати Рахш ба Рустам мисли садоқати Буҷифел ба Искандари Мақдунӣ буда, ки он низ ба ғайр аз соҳибаш назди касе намеомадааст. Аз рӯйи ривоятҳо ҳар шаб аспи Рустам ба соҳили кӯл баромада, мечарад ва бо тулӯи хуршед боз ба қаъри он бармегардад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед