Ru  | Tj
Ҳаҷви замон: Дар Тоҷикистон чӣ тавр метавон “стендапер” шуд
Ҳаҷви замон: Дар Тоҷикистон чӣ тавр метавон “стендапер” шуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Ҳаҷви замон: Дар Тоҷикистон чӣ тавр метавон “стендапер” шуд

Нашр шуд

Ҳоло дар пойтахти кишвар гурӯҳи Rad Stand Up фаъол гардидааст, ки дар доираи он ҷавонон ба воситаи жанри нав – “стендап” проблемаву норасоиҳои ҷомеаро ба аудиторияашон мерасонанд. Стендап жанри ҳаҷвиест, ки ба воситаи он “стендапер” дар назди оммаи мардум аз 5 то 10 дақиқа доир ба ҳаводиси ҷомеа ва он чизе, ки ба мардум шинос аст, нақл мекунад. Ин жанр бештар дар Амрикову Русия маълуму машҳур аст ва оҳиста-оҳиста ҷавонони мо ҳам дар ҷумҳурӣ ба ин навъи ҳаҷв таваҷҷуҳ карда, барои рушди ҳаҷви касбии тоҷик саҳм гузошта истодаанд.

Дар гурӯҳи Rad Stand Up асосан ҷавонони синнашон аз 20 то 30-сола мебошанд. Аъзоёни гурӯҳ Сафарзода Шарифҷон, Илҳомҷон Каримов, Фирӯз Карачаев, Хайём Раҳмонов, Азамат Зияев Ардашер Исаев, Диля ва Ганҷина мебошанд.

Дар зимн, бо ду нафари пешбарандагони лоиҳаи Rad Stand Up – Сафарзода Шарифҷон бо тахаллуси “Ховалингӣ” ва Илҳомҷон Каримов бо тахаллуси “Илҳом” доир ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияташон дар ин самт сӯҳбат кардем.

- Мо намедонем, ҳоло ҷомеаи мо то кадом андоза ба ин навъи ҳаҷв омода аст, вале раҳмат ба шумо, ки барои рушди стендап дар кишвар кӯшиш карда истодаед.

Илҳом: - Саломат бошед, ба шумо низ ташаккур.

- Стендап чист?

Ховалингӣ: - Фикру ақидаи худро ба воситаи шӯхӣ ба мардум расонидан. Агар аҳамият дода бошед, калонсолони мо нақл мекунанд, ки қисме аз мардум дар вақташ сухани худро бо фалак ба шунавандагон мерасониданд, ҳоло бошад мо суханҳоямонро ба воситаи стендап мерасонем.

Илҳом: - Ин табиист, ки ҳар нафар дар ҷомеа ақидаи худро дорад, фикри худро мехоҳад ба дигарон расонад, аз мушкилот ва аз муваффақиятҳо бигӯяд. Мо ҳам роҳи худамонро интихоб кардаем ва сухани доштаамонро бо стендап метавонем бигӯем.


- Шумо кай стендапер шудед?

Ховалингӣ: - Ман дар Украина дар риштаи муҳандис-сохтмончӣ таҳсил кардаам. Дар он ҷо бо бачаҳое, ки ба стендап машғул ҳастанд, бисёр вохӯрдам, дар бораи стендап маълумоти зиёд гирифтам, стендаперони русро тамошо мекардам ва ҳамон вақт дар сарам фикре омад, ки пас аз хатми донишгоҳ рафта дар кишвари худам ҳамин жанрро зинда мекунам. Ҳамин тавр, соли 2014 мактаби олиро хатм карда, ба Ватан баргаштам, вале аз сабабе, ки дар мактаби олӣ буҷавӣ таҳсил карда будам, зарур омад, то 3 сол дар Ватан аз рӯи ихтисос кор кунам. Соли 2017 шуд. Дар он сол чандин маротиба кӯшиш кардам, ки ҳамчун ташкилкунандаи стендап дар ҷумҳурӣ фаъолият кунаму ин жанрро дар кишварамон рушд диҳам, вале нашуд, аниқтараш натавонистам. Солҳо гузашт ва моҳи августи соли гузашта рекламаеро дидам, ки дар Паркинг микрофони озод оид ба стендап мегузарад, ки ташкилкунандааш Хайём Раҳмонов аст. Он нафарро гуфтам, ки биёед шумо баромад кунеду ман ташкилкунанда шавам, вале қабул накарданд ва пешниҳод намуданд, ки баромад кунам. Ба чунин тарз, аввалин бор 26-уми августи 2020 ҳамчун стендапер баромад кардам.


Илҳом: - Ман аз давраи мактабӣ ба баромад кардану нақш офаридан машғул будам. Тақрибан 5 сол пеш дар маҳфили “Зарифон” аз номи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баромад кардем ва хеле натиҷаи хуб нишон дода будем. Соли гузашта бо Алишер - дӯсту бародарам гурӯҳе бо номи “100%” ташкил кардем ва дар ютубканаламон стендапҳоямонро ба навор гирифта, мегузоштем. Ҳоло бошад, танҳо дар гурӯҳи Rad Stand Up фаъолият мекунам.

- Дар стендап бояд гӯянда худаш қаҳрамон бошад ва умуман дурӯғ гуфтан дар стендап чӣ нақш дорад?

Ховалингӣ: - Муҳим нест, ки қаҳрамон стендапер бошад. Дуюм, сад фоиз матни стендап дурӯғ намешавад, зеро ин ба мушкилоти ҷомеа дахл мекунад ва бо дурӯғ проблемаҳои ҷомеаро расонидан номумкин аст.

- Бо стендап Шумо чӣ гуфтан мехоҳед?

Илҳом: - Аслан тарзи пешниҳоди баромадҳои ман бисёр оддӣ ҳастанд. Зиндагии рӯзмарраи мардумро нишон медиҳам, ки аз як ҷониб мавзӯъҳои ҷиддӣ ҳастанду аз ҷониби дар он масъалаҳо метавон шӯхӣ кард.

- Матни як стендапро дар чанд вақт навиштан мумкин аст?

Ховалингӣ: - Таҷрибаи ман камтар аст ва наметавонам вақти муайянеро бигӯям, ки масалан, дар фалон муддат метавонам як матни стендап нависам. Ман ҳамеша дар “заметка”-и телефонам менависам ва ҳоло зиёда аз 400 то шудаанд, ки пеш аз ҳар баромадам онҳоро аз назар гузаронида, баъдан интихоб мекунам.

Илҳом: - Аслан кори эҷодӣ аз илҳом вобаста аст. Масалан, барои 5-6 дақиқа баромад кардан, дар стендап метавонам матнашро ҳатто дар 15 дақиқа нависам, вале боз мешавад вақтҳое, ки ҷараёни навишташон 4-5 рӯз тӯл мекашад.


- Кай менависед ва умуман барои навиштан кадом қисмати рӯз ё шаб мувофиқ аст?

Ховалингӣ: - Вақте ки дар зеҳнам чизе пайдо шуд, менависам, яъне дар дилхоҳ вақт.

Илҳом: - Ман бисёртар шабҳо менависам ва фикр мекунам шаб барои эҷодкор бисёр вақти хуб аст.

- Мавзӯъро чӣ тавр пайдо мекунед?

Ховалингӣ: - Стендап жанрест, ки дар ҳама ҳолат метавонӣ барои он мавод дарёфт кунӣ. Мо барои стендап мавзӯъ намекобем, балки барои он ба зиндагӣ ва ҳодисаҳои он аҳаммият медиҳем.

Илҳом: - Стендапер аз ҷумлаи нафаронест, ки дар дилхоҳ масъала бояд фикр дошта бошад. Мо бояд доир ба ҳама ҳаводиси рухдода сухан ёфта, ба таври шӯхӣ бигӯем. Барои сухан ёфтану гуфтан албатта, дар ҷои аввал аҳамиятдиҳӣ меистад, ки мо ба ҳар ҷузъи рафтору гуфтору кирдори ҷомеа таваҷҷуҳ мекунем.


- Стендаперони хориҷиро тамошо мекунед?

Ховалингӣ: - Аввал зиёд ва ҳоло камтар тамошо мекунам. Ҳоло зиёдтар Руслан Белый, Нурлан Сабуров, Аликсей Шербаковро мебинам.

Илҳом: - Ман ҳаракат мекунам, ки стендаперони амрикоиро тамошо кунам ва аз русҳо бошад Аликсей Шербаков ва Иван Абрамовро тамошо мекунам.

- Дар Тоҷикистон стендапер будан осон аст?

Ховалингӣ: - Не. Мушкилот бисёр аст. Мо ҳатто ҷойҳои гузаронидани стендапро наметавонем, ки пайдо кунем. Моро бисёр таъна мекунанд, ки мисли русҳо наметавонем, вале фазои Тоҷикистону Русияро дар ин жанр муқоиса кардан, бисёр хато аст. Русҳо аз кӯдакияшон дар фазои КВН, озмунҳои ҳаҷвӣ ва дорои майдонҳои калон мебошанд, вале мо чизе надорем. Аз ҷониби дигар, бисёриҳо ҳоло ин жанрро намефаҳманд ва намедонанд.

Илҳом: - Ман ҳам ба ин фикр розиям. Дар стендап бояд мантиқ риоя гардад ва ҳар шӯхӣ дар охири худ маъние дошта бошад, ки бояд шунаванда онро фикр карда, дарёбад. Мардуми мо тамбаланд, фирк кардан намехоҳанд.


- Дар Тоҷикистон аз ҳисоби стендап мешавад, ки зиндагӣ кард?

Ховалингӣ: - Ҳоло не. Рости гап мо дар ҳоли ҳозир кӯшиш карда истодаем, ки ин жанрро дар кишвар рушд диҳем. Имрӯзҳо мо бо кӯмаку дастгириҳои Спорт-бар “Истиқлол”, ZET-Mobile ва Love Radio барномаҳои консертиямонро баргузор карда истодаем.

- Тахминан гуфта метавонед, ки як стендапер дар кишвари мо дар як моҳ чанд сомонӣ меёбад?

Илҳом: - Ин касб дар ҷумҳурии мо нав аст ва ҳеҷ кас наметавонад гӯяд, ки моҳона фалон миқдор пул ёфтан мумкин аст.

Ховалингӣ: - Ҳоло пул намеёбем гӯем ҳам хато намекунем.


- Дар як моҳ чанд консерт мемонед?

Илҳом: - Ҳоло якто. Ният дорем дар оянда бисёртар монем?

- Бо кадом забонҳо баромад мекунед?

Ховалингӣ: - Бо забони тоҷикӣ ва русӣ.

- Ният надоред, ки ба барномаи “Комеди баттл” равед?

Ховалингӣ: - Аз бачаҳои гурӯҳи мо Азамат Зияев дархосте ба барномаи “Микрофони озод”-и ТНТ гузоштааст. Хайём Раҳмонов ҳам дар Русия бисёр баромад кардааст. Кӯшиш дорем, ки дар оянда аз ҷумҳурӣ берун бароем, лекин ҳоло тамоми сайъу кӯшишамон барои ин жанрро дар кишвари худамон шиносонидан равона шудааст.

- Дар стендапи шумо мавзӯе ҳаст, ки баромад карданаш мумкин набошад, ба истилоҳи дигар худсензура доред?

Илҳом: - Бале, бисёр аст. Ҳастанд мавзӯъҳое, ки дар дигар давлатҳо мумкин аст, вале дар мо номумкин. Мардуми мо ба шӯхиҳои баланд омода нестанд.

Ховалингӣ: - Ман худсензура надорам, наметарсам. Вале барои он ки стендапер шӯхиҳои баланд ба суроғаи муайян кунад, бояд худаш то ҷое расида бошад. Гапаш вазн дошта бошад.


- Ният надоред, ки дар телевизионҳо баромад кунед?

Ховалингӣ: - Ният дорем, вале аз як ҷониб мо ва аз ҷониби дигар телевизионҳоямон омода нестем. Ҳамчунин телевизионҳо сензураи бисёр сахт доранд.

- Дар кишвар зиёда аз 20 сол аст, ки рэп мавҷудият дорад, вале ҷомеаи ҳанӯз ба таври мусбат онро напазируфтааст. Оё шумо наметарсед, ки меҳнатҳоятон барбод мераванд?

Илҳом: - Бояд бигӯям, ки ин рэп нест ва ба ин соҳа мо ҷиддӣ машғул мешавему хуб нишон медиҳем. Мо фикр дорем, ки дар ҳамин 10 соли оянда ин соҳаро пурра муаррифӣ мекунем ва ҷомеаи мо онро қабул мекунад.

- Ҳозир стендап барои шумо шуғл аст, чанд соат машғул мешавед?

Ховалингӣ: - Рӯзе мешавад, ки аз субҳ то шом вақтамонро ба стендап мебахшем, вале боз мешавад рӯзҳое, ки умуман фикри навиштану гуфтанро намекунем. Ва аслан, маънои шуғл ҳам ҳамин аст, яъне вақте машғул мешавӣ, ки мехоҳӣ.

Илҳом: - Пайдоиши сарпарастон ва консертҳо моро маҷбур карда истодааст, ки ба ин кор ҷиддитар машғул шавем ва тавре дар боло гуфтам ҳар вақте ки илҳом омад менависам.


- Қарсак барои стендапер чӣ маъно дорад?

Ховалингӣ: - Маънои хуб кор карданд.

Илҳом: - Қарсак ҳаммаънои он аст, ки стендапер беҳуда омода нашудаасту баромад надорад.

- Шудааст ҳолате, ки дар баромадатон умуман қарсак набошад?

Ховалингӣ: - Не. Ин гуна намешавад. Ва аслан барои стендапер дар назди одамони зиёд баромад кардан, осон аст. Зеро дар он миён ба ҳар шӯхӣ ҳадди ақал чанд нафар механдад.

Илҳом: - Маро мегӯянд, ки ту хап кунӣ ҳам хандаовар ҳастӣ. Яъне бе хандаву қарсак намешавад.

- Шояд ин сӯҳбати моро нафароне мутолиа кунанд, ки хоҳиши бо шумо кор кардан дошта бошанд, пас бигӯед, ки ба гурӯҳи Rad Stand Up чӣ тавр метавон роҳ ёфт?

Ховалингӣ: - Барои шавқмандони ин жанр дар гурӯҳи мо монеае нест. Ҳатто ҳар чанд муддат мо микрофони озод ташкил мекунем ва ҳар нафар метавонад бо стендапи худ омада баромад кунад, агар писанд омад, ба гурӯҳ мегирем. Ногуфта намонад, ки ҳоло 6 ҷавон дар микрофонҳои озоди мо баромад карда истодаанд ва ният дорем аз ҳисоби онҳо ҳам ба гурӯҳ шомил кунем.

- Умедҳо, фикрҳо ва нақшаҳо чӣ ҳастанд?

Илҳом: - Умед дорам, ки мардуми мо стендапро дуруст қабул мекунанд. Фикрҳоям пурра ба баромадҳои нав банд ҳастанд. Нақшаи мо ҳоло сари чӣ тавр ин жанрро ба таври бояду шояд дар Тоҷикистон муаррифӣ кардан аст.

Ховалингӣ: - Аз ояндаи ин жанр дар Тоҷикистон умедҳои зиёде дорем. Ҳамчунин ният дорем, ки консертҳои зиёде барпо кунем.

Тоҷикмултфилм чӣ тавр пайдо шуд? Ёде аз асосгузори аниматсияи тоҷикӣ - Мунаввар Мансурхоҷаев


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед