Ошпази хандонрӯйи турк Бурак падарашро ба додгоҳ кашид
Нашр шуд
Сарошпази машҳури турк Бурак Оздемир бар зидди падараш ба иттиҳоми қаллобӣ ба додгоҳ шикоят кардааст. Рӯзномаи “Янӣ шафақ”-и чопи Туркия навиштааст, ки Оздемир – падари Бурак бидуни иттилоъ шуъбаи тарабхонаи истанбулии ин ошпази маъруфро ба як хориҷӣ фурӯхтааст.
Бурак Оздемир дар аввалин изҳороти худ гуфтааст, ки ин тарабхона “муассисаи бузург буд, ки дар он талоши зиёде кард, то ин ки ба яке аз маъруфтарин рестуронҳои Истанбул табдил шуд”. Ба гуфтаи ӯ, аввал падараш фурӯхтани тарабхонаро инкор мекунад ва мехоҳад ин корро пинҳон кунад, вале баъди баррасиҳо маълум мешавад, ки ӯ рестуронро қаблан фурӯхтааст.
Рухдоди шикояти писари тоҷир бар зидди падараш, ки ҳамеша бо лахбанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ зоҳир мешавад, ҳам дар ҷомеаи Туркия ва ҳам дар кишварҳое, ки ӯ дар онҷо тарабхона дорад, интиқодҳоеро ба вуҷуд овардааст. Бисёриҳо робитаи ноустувори ӯ бо падарашро накӯҳиш намуда, додгоҳӣ шудани ин масъаларо интиқод кардаанд. Тибқи иттилоъи расонаҳо, қарор аст нахустин мурофиаи додгоҳии падару писар моҳи сентябри соли равон баргузор шавад.
Сарошпаз Бурак Оздемир чӣ тавр маъруф шуд?
Бурак Оздемир 24 марти соли 1995 дар минтақаи Хатаеи шимоли Туркия дар хонаводаи коргар таваллуд шуд. Ӯ дар 13-солагӣ ба кори ошпазӣ машғул шуда, дар он замон дар як тарабхонаи хонаводагӣ кор мекард. Бурак Оздемир, ки ҳоло 28 сол дораду ба яке аз муваффақтарин рестурондорони минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ табдил шудааст, аз ҷавонӣ дар сар идеяи созмон додани рестурони худашро мепарварид. Ӯ бо пуштибонии падару хоҳараш дар соли 2011 дар минтақаи Оксаройи Истанбул шуъбаи аввалин рестурони худро боз карда ва дар як муддати кӯтоҳ ба шуҳрати боварнокарданӣ даст ёфт. Вай намоном (бренд)-и рестуронташро “CZNBurak” номид. Соли 2013 шуъбаи дувуми рестурони худро дар минтақаи Таксими Туркия роҳандозӣ кард ва бо истиқболи гарми мардум рӯбарӯ шуд. Пас аз муддате шуъбаи севуми рестурони худро дар минтақаи ашрофнишини Атлири Истанбул боз кард. Ӯ ҳамеша бо лабханд ва муносибати самимона дар ҷамъи мардум зоҳир мешавад ва ин хӯшрӯйии ӯ яке аз далелҳои ҷалби муштариёнаш аст.
Ҳамчунин, ӯ дар ибтидои оғози кори рестурондорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарзи ошпазияшро таблиғ мекард ва ин васила таъсири мустақим дар муаррифии ӯ дар минтақа ва ҷаҳон гашт. Ӯ дар шабакаи инстаграм саҳифа дорад ва бо пахши наворҳо тарҳи ошпазӣ ва хӯрокҳояшро таблиғ мекунад. Ӯро гоҳо бо лақаби вебнамой (блогер)-и сарошпаз низ ном мебаранд.
Намономи “Бурак” чеҳраҳои маъруфро ҳам сеҳр кард
Бурак Оздемир бо таҳияи ғизоҳои суннатии туркӣ ва ғизоҳои мудерни имрӯзӣ на фақат дар Туркия, балки дар минтақаи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ ба шуҳрат расидааст. Ҳоло рестуронҳои занҷираии ӯ дар бисёре аз кишварҳои минтақаи Ховари Миёна, аз ҷумла дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ фаъолият мекунад. Дар кишварҳои Осиёи Миёна ӯ чанде қабл дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе рестурони худро бо номи “Бурак” ифтитоҳ кард ва ҳини ифтитоҳ таҷаммуъи беш аз ҳадди мардум мушоҳида мешуд.
Ӯ ҳоло аз як сарошпази маъруф ба як корофарин ва тоҷири муваффақ табдил шудааст. Ба рестурони ӯ чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ, ҳунарӣ ва футбол ташриф меоваранд. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон низ борҳо ба тарабхонаи ӯ рафтаву аз кораш ташвиқ кардааст. Ба рестуронҳои ӯ чеҳраҳои маъруфи ҷаҳонӣ аз қабили валиаҳди Дубай шайх Ҳамадон ибни Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактуб, ситораи футбол Кристиану Роналду меҳмон шудаанд. Вай дар Дубай низ шуъбаи рестуронҳои худро боз кардааст.
Мушаххас аст, ки рестуронҳои ӯ аз ҷумлаи рестуронҳои гаронбаҳост ва дар аксари кишварҳое, ки фаъолият мекунад, қишри миёнаи ҷомеа имкони рафтан ба онро надорад. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ҳоло рестурони ӯ яке аз гаронтарин рестуронҳо дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Бисёриҳо дар ибтидои ифтитоҳи он аз гаронии нархи ғизоҳояш интиқод карда буданд. Дар тозатарин иқдомаш ӯ бо зоҳирнамоиш як зани маъюби тоҷикро назди дурбин (камера) нишонда, як видеои таблиғӣ сохт, ки ба вокунишҳои манфӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд.
Хабари ихтилофи ӯ бо падараш бисёре аз муштариёнашро ҳайратзада кард. Зеро ӯ як фарди меҳрубони ҳамеша бо лабханд дар байни мардум маъруф шуда буд ва ҳоло қазияи шикоят бар зидди падар бар рӯйи ин чеҳраи хандонрӯ соя афкандааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед