Ru  | Tj
Падари Бурак Оздемир: «Шикояти писарам беасос аст, барои муваффақ шудан кумак кардаам»
Падари Бурак Оздемир: «Шикояти писарам беасос аст, барои муваффақ шудан кумак кардаам»
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Падари Бурак Оздемир: «Шикояти писарам беасос аст, барои муваффақ шудан кумак кардаам»

Нашр шуд

Падари сарошпази маъруфи турк Бурак – Исмоил Оздемир баъди расонаӣ шудани даъвои писараш, ки ӯро ба қаллобӣ ва суистифода аз ному тасвираш муттаҳам карда буд, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи пурхонандаи «Миллият»-и Туркия посух гуфт.

Исмоил Оздемир даъвои писараш дар робита ба фурӯши шуъбаи рестурон дар Истонбул бидуни огоҳии ӯро нодуруст ва беасос номид. Вай писарашро мавриди сарзаниш қарор дода мегӯяд, ки ҳамсари собиқаш – модари Бурак дар пушти ин шикоят аст. Ӯ ҳамсари собиқашро муттаҳам кардааст, ки писарашро водор карда, то алайҳи ӯ шикоят кунад. Ӯ афзудааст, ки «дар солҳои гузашта кумакҳои молии зиёдеро ба Бурак ироа кардаву ӯро ҳимоят кардааст, то битавонад ба муваффақиятҳое, ки мехоҳад, даст ёбад».

Гузориши расонаҳо нишон медиҳад, ки даъвои Бурак ва падараш як баҳси хонаводагӣ низ ҳаст. Падари Бурак – Исмоил Оздемир солҳо пеш аз ҳамсараш – модари Бурак ҷудо шуд ва ин гусехтагии равобити хонаводагӣ боиси мавқеъгириҳои зиддипадарии ин сарошпази маъруфи турк шуд. Исмоил Оздемир дар суҳбат бо рӯзномаи «Миллият» таъкид кардааст, ки «Бурак генҳои модарашро ба мерос гирифтааст. Ӯ бо падар душманӣ дорад. Ман дар аввал ба ӯ хеле кумак кардам ва тарҳи тиҷоратиашро сарпарастӣ мекардам. Агар ду сол қаблро бибинед, дар он ҷо чизе вуҷуд надошт ва Бурак ҳам набуд».

   

Ба навиштаи расонаҳо, яке аз масъалаҳои дигаре, ки сароғози шикояти Бурак алайҳи падараш гардидааст, кумакрасонии ӯ ба осебдидагони зилзилаи вайронгари Туркия будааст. Падари Бурак мухолифи кумакрасонӣ буда ва гуфтааст, ки кумакрасонии Бурак танҳо ба хотири таблиғ ва шуҳратёбӣ аст. Исмоил Оздемир дар ин маврид гуфтааст: «Ӯ ҳамеша ба минтақаи зилзилазада ба хотири таблиғи худаш кумак мекард».
Бурак Оздемир ҳафтаи қабл нисбат ба падараш ба иттиҳоми қаллобӣ ва суистифода аз ном ва намоном (бренд)-и тиҷориаш ба додгоҳ шикоят карда, гуфта буд, ки падараш бидуни иҷоза ва огоҳии ӯ шуъбаи истонбулии рестуронашро фурӯхтааст.

Падари Бурак – Исмоил Оздемир низ ошпаз буд ва ин кор як навъ шуғли хонаводагӣ маҳсуб мешавад. Бурак дар синни ҷавонӣ дар рестурони падараш кор мекард ва ошпазиро дар онҷо ёд гирифт. Вақте дар соли 2011 аввалин бор шуъбаи рестурони худро боз кард, дар ин кор падар ва хоҳараш ба ӯ аз нигоҳи молӣ кумак кардаанд. Тибқи иттилои расонаҳо, падари Бурак дар оғози кор ба писараш кумаки фаровони моддӣ кардааст ва аз ӯ ҳимоят намудааст.

Бурак Оздемир – сарошпази турк, ки ҳоло ба як падида дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шудааст, аз соли 2011 ба ин сӯ ба кори ошпазӣ ва рестурондорӣ машғул шуд. Дар як муддати кӯтоҳ бо таҳияи хӯрокҳои хушлаззат ва барномаҳои таблиғотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба як чеҳраи маъруфи сатҳи минтақа ва ҳатто ҷаҳон бадал шуд. Вай дар як замони кӯтоҳ шуъбаҳои рестуронҳояшро дар Туркия ва чанд кишвари Ховари Миёна ва ҳатто Осиёи Марказӣ боз кард. Ба рестуронҳои ӯ, ки аз нигоҳи арзиш рестуронҳои гаронарзиш ба шумор меравад, чеҳраҳои маъруфи сиёсат, ҳунар ва варзиш меҳмонӣ меоянд.  Дар худи Туркия борҳо ба рестуронҳои ӯ чеҳраҳои маъруфи ҳунар, ҳунармандон, овозхонон барои истеъмоли ғизо меоянд ва бо аксгириву таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба маъруфияти рестуронҳои Бурак меафзоянд.

   

Рестурони маъруфи Бурок дар Тоҷикистон дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе чанд соле қабл боз шуда буд. Барои боздид аз рестурони ин ошпази маъруф мардум чанд рӯз навбат истода буданд. Ӯ дар Тоҷикистон низ бо чеҳраҳои маъруф аксу навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда буд. Ӯ бар иловаи доштани рестурон дар шабакаҳои иҷтимоии Инстаграм ва Ютуб низ маъруф аст. Ӯ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ дар маҷмуъ 27 милён боздидкунанда дорад ва ҳамеша наворҳои ошпазиашро нашр мекунад.

Бурак Оздемир ошпазест, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳияи ғизо ба маъруфият расид. Дар хусуси зиндагии хусусии ӯ маълумоти дақиқ нест ва ӯ алоқае ба ифшои масоили хонаводагӣ надорад. Даъвои ӯ бо падараш нахустин мавридест, ки нишон медиҳад ӯ бо модараш зиндагӣ мекунад ва солҳо қабл аз падараш ҷудост. Тибқи навиштаҳои рӯзномаҳои туркӣ, сарвати умумии Бурак Оздемир ба беш аз 11 милён доллар расидааст.

Силсиларестуронҳои ӯ дар бисёре аз кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Миёна фаъолият мекунанд. Дар Қатар, Иморати Муттаҳидаи Арабӣ, Миср, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва ҳатто Покистон рестуронҳои ӯ кор мекунанд ва ҳоло ӯ як корофарини муваффақ ба шумор меравад. Дар тозатарин навори инстаграмаш Бурак Оздемир тарҳи нави рестурони тозатаъсисаш дар Истонбулро нишон дод, ки устоҳо дар он машғули тармим ва сохтусоз ҳастанд. Ин навор бори дигар нишон медиҳад, ки даъвои Бурак асос дорад ва рестуронаш фурӯхта шудааст.

Як нуктаи ҷолиб дар тарҷумаи ҳоли Бурак Оздемир ин аст, ки ӯ асолатан курд аст ва гузаштагонаш аз кишвари Сурия ба Туркия ҳиҷрат кардаанд.

 

Тибқи иттилои расонаҳо, мурофиаи додгоҳии падару писар қарор аст моҳи сентябри соли равон баргузор шавад. Додгоҳ чӣ ҳукм содир мекунад, вақт нишон хоҳад дод. Вале имрӯз даъвои падару писари ошпаз дар расонаҳо баҳсҳои доғеро ба вуҷуд оварда, аксари мардум шикоят нисбат ба падарро ғайриахлоқӣ унвон кардаанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед