Ru  | Tj
"Помири пурасрор". 7 далели ҷолиб дар бораи Бадахшон
"Помири пурасрор". 7 далели ҷолиб дар бораи Бадахшон
Аксҳо: Halva.tj

"Помири пурасрор". 7 далели ҷолиб дар бораи Бадахшон

Нашр шуд

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷиҳати масоҳат вилояти калонтарини кишвар ба ҳисоб меравад. Аммо аҳолии ин вилоят нисбат ба дигар вилоятҳои Тоҷикистон кам мебошад. Аксарияти масоҳаташро кӯҳҳои сарбаафлоки Помир ташкил мекунад. Кӯҳҳои сарбаафлоку пурбарф, чашмаҳои шифобахш, табиати биҳиштосо, зебогии олами вуҳуш ва манзараҳои дилфиреби ВМКБ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) дили ҳазорон саёҳи хориҷиро тасхир намудааст. Ҳамасола ба ин гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон ҳазорон гардишгарону кӯҳнавардон ташриф меоранд, то аз табиати дилфиреби ин ҷо дидан кунанд. Аммо гумон мекунам на ҳама дар бораи таъриху маданият ва асрори кӯҳҳои сарбаланди ин сарзамин маълумоти кофӣ доранд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки 7 маълумоти аҷиб ва ғариоддиро дар бораи асрори «Боми ҷаҳон» пешниҳод созем. Итминон дорем, ки ин маълумотҳо хонандагонро мутаҳаййир хоҳад кард.

1. «Боми ҷаҳон»


Чӣ гунае, ки гуфтем, бештари масоҳати ВМКБ-ро баландкӯҳҳо ташкил мекунанд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муқоиса бо Тибет, Ҳимолой, Андес ва Кунлун яке аз маконҳои баландкӯҳи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ҳама қуллаи баландтарини Помир ин қуллаи Исмоили Сомонӣ (дар гузашта: “Комунизм”) ба шумор рафта, баландии он 7495 метрро ташкил медиҳад. Маҳз ба ҳамин хотир ин маконро «Боми ҷаҳон» ном мебаранд.

2. Асрори номгузорӣ


Оид ба маънои номи “Помир” ва таърихи пайдоиши ин вожа миёни муаррихон ва муҳаққиқон фарзияҳои гуногун аст. Тибқи баъзе маълумотҳо «Помир» аз калимаи «Па-и-Мир» гирифта шуда, маънои кӯҳи муқаддаси Меруро дорад. Ба андешаи гурӯҳи дигари муҳаққиқон «Помир» аз калимаи «Меҳр» ё худ «Митро», гирифта шудааст, ки дар эрони қадим маънои «Худои офтоб”-ро дошт. Аз ин рӯ, шояд «Помир» маънои «қадамгоҳи офтоб»-ро дошта бошад. Зеро он як сарзамини баландкӯҳи Шарқ аст, ки офтоб аз ин ҷо тулӯъ мекунад.

3. «Аждаҳои хуфта»-и Бадахшон


Кӯли Сарез дар баландии 2400 метр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст. Ин кӯлро бадоҳатан «Аждаҳои хуфта» ва марвориди Помир ном мебаранд. Ин кӯл дар натиҷаи як заминларзаи шадид ба вуҷуд омадааст. Соли 1911 дар ин макон заминларзаи шадид сар зад, ки дар натиҷа се деҳа зери кӯҳ монд, аз ин рӯ, кӯҳҳо пеши роҳи обро гирифта ва дар натиҷа кӯли Сарез пайдо шуд. Ин кӯл ба хотири яке аз ҳамин деҳаҳо, ки Сарез ном дошт, номгузорӣ шудааст. Сарез дар ҷойи бисёр хатарнок ҷойгир буда, хавфи он хеле зиёд аст. Олимон онро «Аждаҳои хуфта» ном мебаранд, зеро дар натиҷаи канда шудани садди кӯл қисме аз масоҳати Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон зери об хоҳад монд.

4. Бадахшониҳо кистанд?


Дар ВМКБ халқи таҳҷоии тоҷикони бадахшонӣ зиндагӣ мекунанд, ки забони махсуси қадимии худро нигоҳ доштаанд. Забони эшон ва русму оини онҳо аз гузаштаи дур аз сабаби ҷуғрофиёи чашмнорас доштани минтақа то ба имрӯз омада расидааст. Яъне онҳо нигоҳдорандаи хуби расму оин ва анъанаҳои гузаштагони худанд. Бештари бадахшониҳо ба зиндагии кӯҳистон одат кардаанд. Чун анъана онҳоро ба шимолию ҷанубӣ ҷудо мекунанд. Ба гурӯҳи аввал шуғнониҳо, рӯшониҳо, язғуломиҳо ва дигарҳо дохил мешаванд. Ба гурӯҳи дувум, ишкошимиҳо, вахониҳо, сангличҳо ва мунҷанҳо дохиланд. Новобаста ба оне, ки забони расмии ВМКБ забони тоҷикии имрӯза аст, бадахшониҳо бо забонҳои махсуси язғуломӣ, шуғнонӣ, вахонӣ, рушонӣ ва ғайра ҳарф мезананд. Гарчӣ шакли хаттии ин забонҳо рушд накардааст, аммо дар замони Шӯравӣ барои забони язғуломӣ дар асоси алифбои лотинӣ хат сохта шуда буд ва он то солҳои 30-юм корбурд мегардид. Аҷибаш ин аст, ки ба андешаи олимони соҳа, бо забони язғуломӣ, ки аз шумули забонҳои помирист, суғдиёни қадим гап мезаданд. Давлати Суғд дар Осиёи Миёна дар асри IV-и пеш аз мелод зери таъсири ҳокимияти Искандари Мақдунӣ қарор дошт.

5. Ҳаёт дар кӯҳистон


Мардуми Бадахшон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд? Кӯҳҳои сарбаафлок бешубҳа ба зиндагӣ ва урфу одати мардуми ин минтақа таъсири амиқ гузоштааст. Бадахшониҳо ба киштукори замин ва парвариши ҳайвонот машғуланд. Онҳо гандуму ҷав ва дигар навъи донагиҳоро корида, гову гусфанд ва бузу асп мепарваранд. Ҳамчунин, дар ин ҷо занон ба кулолгарӣ ва мардон ба бофтани ҷӯробҳои махсуси помирӣ машғуланд. Хӯрокаи мардуми Бадахшон асосан: атола, нон, шири гусфанду гов, панир ва мева мебошад. Аҳолии таҳҷоӣ аз нӯшиданиҳо бештар ширчойро истифода мебаранд, ки он аз шир, чойи хушк, равған ва намак омода мешавад.

6. Канда аз ҷаҳон


Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеан аз «ҷаҳон берун» аст. Дар ин вилоят ба воситаи маркази шаҳри Хоруғ танҳо ду роҳи мошингард мавҷуд аст. Роҳи Хоруғ-Ош ва Хоруғ-Душанбе роҳест, ки Бадахшонро бо ҷаҳони берун мепайвандад. Роҳи дигари мушкилгузар Хоруғ ва Вахонро бо сарҳади Афғонистон мепайвандад. Дар замони Шӯравӣ дар ин ҷо майдони ҳавоӣ сохта шуда буд. Ин майдони ҳавоӣ яке аз майдонҳои ҳавоии баландтарини ҷаҳон миёни кӯҳҳои сарбаафлок ба шумор меравад, ки имрӯзҳо ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба ин ҷо ба роҳ мондааст. Мусофирон метавонанд, аз шаҳри Хоруғ ба майдони ҳавоии байналмилалии Душанбе ва баръакс парвоз намоянд. Ҳамчунин, Фонди Оғохон нақша дорад, ки майдони ҳавоии навро дар ин минтақа бунёд намояд.

7. «Себи ихтилоф» байни Империяи Русия ва Британияи Кабир


Мубориза барои ҳукмронӣ дар Осиёи Миёна дар асри XIX сабаби асосии ихтилоф ва муқовимат миёни Импреяи Рус ва Британияи Кабир гардид. Ин муҳориба бо номи «Бозии бузург» (Большая игра, The Great Game) машҳур аст. Империяи Британияи Кабир кӯшиш мекард, мустамликаҳои Ҳиндустонро аз истилогарони эҳтимолӣ муҳофизат кунад, дар ин ҳол Русия мехост барои тиҷорати пахта аз Осиёи Миёна роҳ кушояд. Он вақт соҳаи саноати Русия ба ин тиҷорат ниёзи бузург дошт.

Яке аз марҳилаҳои "Бозии бузург" ба истилоҳ "Бӯҳрони Помир" дар солҳои 1880-1890 буд, ки он зарурати таҷдиди назар кардани марзҳо дар кӯҳҳои Помирро ба вуҷуд овард. Дар ин бӯҳрон, ҳам империяи Русия ва ҳам Британияи Кабир экспедитсияҳои худро бо асбобу анҷоми лозимӣ муҷаҳҳаз намуда, ба Бадахшон фиристоданд, то қаламрави таҳқиқнашуда, ҳаёт ва фарҳанги халқҳои муқимиро ҳамаҷониба омӯзанд. Маҳз дар ҳамин давра, экспедитсияи В.Ф. Ошанин, қисми поёнии пиряхи бузургеро кашф кард, ки баъдтар он номи “Пиряхи Федченко”-ро гирифт. Ин пирях калонтарин пирях дар Бадахшон буда, масоҳаташ 700 километр аст.

Ҳамчунин, метавон гуфт, ки маҳз «Бӯҳрони Помир» боис шуд, то олимону муҳаққиқони зиёд ба ин сарзамини дурдаст биёянд ва тарзи зиндагӣ, дину фарҳанг ва урфу одати ин мардумро таҳқиқ кунанд. Аз ин нуқтаи назар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро олими бузург А. А. Бобринский – хешони наздики шоҳзодаи рус Екатерина, набераи Алексей Григорьевич аз никоҳи ғайриқонунии писари Екатерина ва Григория Орлова мебошад. Бобринский дини мардуми Бадахшонро таҳқиқ намуда, ба хулосае омад, ки он равияи Исмоилия аст. Ҳамчунин, ӯ нахустин касе буд, ки луғати забони вахониро тартиб дод.

«Чаккаи тоҷикӣ»: Онро чӣ гуна тайёр намуда ва бо чӣ истеъмол мекунанд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(106) "Махсусиятҳои таҷлили иди мардумии Меҳргон дар Тоҷикистон"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "13470"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "9261"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(82) "/tj/articles/education/makhsusiyat_oi_ta_lili_idi_mardumii_me_rgon_dar_to_ikiston/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4348"
  ["CODE"]=>
  string(58) "makhsusiyat_oi_ta_lili_idi_mardumii_me_rgon_dar_to_ikiston"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4348"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Махсусиятҳои таҷлили иди мардумии Меҳргон дар Тоҷикистон

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(143) "Беҳтарин ва ҷолибтарин хотираҳо аз зиндагии сарояндаи шинохта - Манижа Сангин"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "13200"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "9058"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(103) "/tj/articles/education/be_tarin_va_olibtarin_khotira_o_az_zindagii_saroyandai_shinokhta_manizha_sangin/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4259"
  ["CODE"]=>
  string(79) "be_tarin_va_olibtarin_khotira_o_az_zindagii_saroyandai_shinokhta_manizha_sangin"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4259"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Беҳтарин ва ҷолибтарин хотираҳо аз зиндагии сарояндаи шинохта - Манижа Сангин

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(152) " «Ҳуҷум». Таърихи чӣ гуна озод шудани занони Осиёи Миёна дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12943"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8863"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(106) "/tj/articles/education/_u_um_tarikhi_ch_guna_ozod_shudani_zanoni_osiyei_miyena_dar_zamoni_itti_odi_sh_rav/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4175"
  ["CODE"]=>
  string(82) "_u_um_tarikhi_ch_guna_ozod_shudani_zanoni_osiyei_miyena_dar_zamoni_itti_odi_sh_rav"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4175"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

«Ҳуҷум». Таърихи чӣ гуна озод шудани занони Осиёи Миёна дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(195) "«Бояд ба пеш ҳаракат кард ва таслим нашуд»: Наргиза Ҳакимова доир ба сафар ба Русия ва хизматрасонии MigrantHelp"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12673"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8658"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(119) "/tj/articles/talk/boyad_ba_pesh_arakat_kard_va_taslim_nashud_nargiza_akimova_doir_ba_safar_ba_rusiya_va_khizmatrasonii/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4086"
  ["CODE"]=>
  string(100) "boyad_ba_pesh_arakat_kard_va_taslim_nashud_nargiza_akimova_doir_ba_safar_ba_rusiya_va_khizmatrasonii"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4086"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

«Бояд ба пеш ҳаракат кард ва таслим нашуд»: Наргиза Ҳакимова доир ба сафар ба Русия ва хизматрасонии MigrantHelp

Другие новости