Ru  | Tj
Сангҳои дарраи “Тали сурх”-ро дар Хатлон кӣ кандакорӣ кардааст?
Сангҳои дарраи “Тали сурх”-ро дар Хатлон кӣ кандакорӣ кардааст?
Аксҳо: И. Икромиён

Сангҳои дарраи “Тали сурх”-ро дар Хатлон кӣ кандакорӣ кардааст?

Нашр шуд

Дарраи “Тали сурх” ё худ мавзеи “Чашмаи Малика”, маконест зебою дилрабо ва тамошобоб. Сангҳои ин мавзеъ, дар натиҷаи вазиши бод ва бориши барфу борон шаклҳои худро иваз карда, чун осори ҳайкалтарошон гаштаанд. Дақиқан, кас дар нигоҳи аввал бо дидани сангҳои ороёфтаи мазкур, фикр мекунад, ки онҳоро ҳайкалтароше кандакорӣ намудаю ба шаклҳои гуногун даровардааст.


Дарраи “Тали сурх” шафати “Бешаи Палангон”, 15 км дуртар аз маркази ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, дар минтақаи гарму тафсон ҷойгир аст.

Ба гуфтаи Баҳром Миров, раиси дастгоҳи МИҲД-и ноҳияи Қубодиён, ин мавзеъро сайёҳон “Чашмаи Малика” ном мебаранд, аммо сокинони атроф онро ҳамчун дарраи “Тали сурх” мешиносанд.

– Атрофи ин дарра қариб, ки ҳама регистони сурх асту сангпӯш, аз ин рӯ, мо онро ҳамчун дарраи “Талаи сурх” ном мебарем, - мегӯяд Иброҳим Бобоев, сокини ноҳия. 

– Аз даҳон ба даҳон тариқи бобою бибиҳои худ мо оид ба ин мавзеъ маълумот гирифтаю боз ба наберагони хеш нақл мекунем, то таърихи ин мавзеъ барои ҳамагон маълум бошад.

Дарраи мазкур чун дигар мавзеъҳои қадимаи кишвар, таърихи худро дорад. Ҳолдонҳо ҳадс мезананд, ки инҷо духтари шоҳи Қубод умр ба сар бурдааст.

 – Пас аз шикаст хӯрдани шоҳ Қубод, духтари ӯ Моҳрӯ, бо ҳамроҳии канизонаш ба ин дарра панаҳ ёфта, ҷон ба саломат бурдаанд, нақл карда буд ба мо худораҳматӣ бобоям, - ёд меорад Иброҳим Бобоев. – Аз баски ҳудуди дарраи “Талаи сурх”-ро асосан биёбон иҳота кардааст, душманон хабар наёфтанд, ки Малика инҷо панаҳ бурдаю зиндагӣ мекунад. Ҳамин тариқ ӯ, яъне Малика ҷон ба саломат бурда, то фавтидан ҳамин ҷо мондааст. Пас аз марг, ӯро ҳамин ҷо ба хок супоридаанд.

Сокинони маҳаллӣ низ ба дарраи “Тали сурх” зиёд меоянд, аммо онҳо дар бештари маврид на барои тамошою сайру сайёҳат, балки барои зиёрати қабри Маликаю баровардани ҳоҷоти худ. Чун сокинон бар ин боваранд, ки зиёрати қабри Малика ба онҳо кушоиш ва барор меорад.

– Барои мо сокинон, ин мавзеъ, дар баробари ҷойи сайру саёҳат ва тамошобоб будан, ҳамчунин макони муқаддас аст, - зикр мекунад Иброҳим Бобоев, сокини ноҳияи Қубодиён. – Зеро ин табиат бо манзараҳои зебою оби чашмаи худ, ба бемор шифо мебахшад. Духтарон бошанд баъди зиёрати марқади Малика ба мақсад мерасанд. Бонувони бефарзанд, фарзанддор ва духтарони бешавҳар соҳиби бахт мешаванд.

Барои дидани чашма ва қабри Малика, кас маҷбур мешавад, ҳудуди 7 км-ро тариқи ин дарра тай кунад. Чашмаю оромгоҳи Малика Моҳрӯ дар гӯшае аз ин дарра ҷой гирифтааст. Шояд аз ин рӯ, сайёҳон ин мавзеъро бо номи “Чашмаи Малика” бештар мешиносанд.

 

Дар дунё дарраю мавзеъҳое, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва вазиши шамолу бориши барфу борон шакли худро иваз кардаю ба мавзеи сайёҳӣ табдил ёфтааст, кам нест ва ин ҳама зебогиро “шоҳкории табиат” ном мебаранд. Дақиқан, табиат бо шоҳкориҳои худ, ҳамеша инсониятро ба ҳайрат мегузорад.

Дарраи “Талаи сурх” ё худ ”Чашмаи малика” дар ҷануби Тоҷикистон, ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз зумраи ин шоҳкориҳо ба шумор меравад. Чун дар натиҷаи вазиши босуръати бод, регҳою сангпораҳо рехтаю хӯрда шуда, ба ашёҳои гуногуну ҳайкалҳои рассомон монанду, ба макони нотакроре мубаддал гаштааст.

Ба иддаои Баҳром Миров, мавзеи мазкур танҳо тайи солҳои ахир барои махсусан сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ гашта истодааст. Аз ин рӯ, онҳо талош намуда истодаанд то ҳарчи бештар ин мавзеъро муаррифӣ созанду ҷаҳонгардонро барои омадан ба дарраи “Талаи сурх” ҷалб гардонанд.

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”

”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”
”Чашмаи малика”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед