Ru  | Tj
Сутӯда Фурӯтан кист? Духтари 15-солаи афғон ба рӯйхати 25 зани таъсиргузори ҷаҳон шомил шуд
Сутӯда Фурӯтан кист? Духтари 15-солаи афғон ба рӯйхати 25 зани таъсиргузори ҷаҳон шомил шуд
Аксҳо: Аз Интернет

Сутӯда Фурӯтан кист? Духтари 15-солаи афғон ба рӯйхати 25 зани таъсиргузори ҷаҳон шомил шуд

Нашр шуд

Рӯзномаи “Financial Times”-и Лондон Сутӯда Фурӯтан, духтари 15-сола аз Ҳироти Афғонистонро, ки бо мақомоти Толибон дар бораи таҳсили духтарон сӯҳбат мекард, яке аз 25 зани таъсиргузортарин дар соли 2021 номидааст.


 Сутӯда Фурӯтан як моҳ пеш дар як ҳамоиши мақомоти маҳаллии Толибон дар Ҳирот як суханронии кӯтоҳи пурҳароратонае карда, аз Толибон даъват кардааст, ки ба духтарон барои идомаи таҳсили худ ва барои кӯмак ба эҳёи кишварашон иҷозат диҳанд.

Дар ин рӯзҳо суханронии Сутӯда Фурӯтан дар сархати корбарони шабакаҳои иҷтимоии афғон қарор гирифтааст.


 Тақрибан се моҳ мешавад, ки Толибон қудратро дар Афғонистон ба дасти худ гирифтаанд ва мактабҳоро бастаанд. Духтарони синфҳои ҳафтум то дувоздаҳум дар дарсҳо ширкат карда наметавонанд, чароки Толибон иҷозат намедиҳанд. Бо ҳукмронии Толибон дар Афғонистон дар баробари дигар корҳо фаъолияти системаи маорифи кишвар қатъ гардида, аммо пас аз тақрибан ду моҳ, бо исрори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва теъдоде аз созмонҳои байналмилалӣ Толибон ба боз кардани мактабҳои давлатӣ дар баробари донишомӯзони хусусӣ ба мактабҳои духтарона ризоият доданд. Аммо духтарони баъд аз синфи шашум иҷозаи таҳсилро надоштанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои охири соли хониш наздик мешавад ва аз ин рӯ, мавҷи нигарониҳо аз ояндаи донишомӯздухтарон дар миёни мактабхонҳо ва хонаводаҳои онҳо афзоиш ёфтааст.


 Малола Юсуфзай, барандаи ҷоизаи “Нобел” дар матне, ки ба ситоиши Фурӯтан ба рӯзнома мунташир кардааст, духтари афғонро ҷасур ва нотарс тавсиф карда ва ӯро як қаҳрамоне хондааст.

 Малола Юсуфзай гуфтааст, вақте ки Толибон моҳи гузашта ба духтарони ҳиротӣ иҷоза додаанд, ки ба мактабҳои худ баргарданд, ӯ шахсан бо Сутӯда ва ҳамсинфонаш сӯҳбат карда ва аз ҷасорати ӯ ситоиш кардааст.

 Вай бар ин назар аст, ки ҷаҳон бояд ба садои Сутӯда ва дигар духтарон дар саросари ҷаҳон гӯш диҳад.


Ҳамчунин, як моҳ пеш Шӯрои омӯзгорони Ҳирот эълом доштанд, ки Толибон ба духтарони Ҳирот ба шарти таъмини амнияти худ ба мактабҳои миёна иҷоза додаанд.

Аммо баъдан ба ин тасмими мақомоти маҳаллии Ҳирот Толибон дар марказ мухолифат кардаанд ва онҳоро маҷбур кардаанд, ки дарвозаҳои мактабро ба рӯи духтарони мактабхон бибанданд. Вале суханронии Сутӯда Фурӯтан боис шудааст, ки духтарон дар Ҳирот иҷозаи мактабрафтанро дарёфт кунанд.

 Малола Юсуфзай, духтари зодаи Покистон соли 2012 дар минтақаи қабиланишини Своти Покистон дар синни 14-солагӣ мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифта, вале зинда монд. Вай ҷавонтарин нафаре аст, ки дар соли 2014 барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардида буд.


 Ба феҳристи занони бонуфузи ҷаҳон Нэнси Пелосӣ, раиси Конгресси ИМА, Оконҷо Луила, раиси Созмони ҷаҳонии тиҷорат, Скарлетт Йоҳанссон, ҳунарпеша, Марям ал-Маҳдӣ, сиёсатмадори Судон ва Лиз Ченӣ, узви маҷлиси намояндагони Амрико низ шомил шудаанд. 

 Сутӯда Фурӯтан ба Толибон чӣ гуфт?

Сутӯдаи 15 сола ҳангоми баста будани дарвозаҳои мактабҳои духтарона дар Ҳироти Афғонистон дар суханронии умумӣ дар хитоб ба Толибон аз онҳо пурсид, ки бар асоси кадом далел ва ҳуҷҷат духтарон наметавонанад ба мактаб раванд?


Ӯ зимни истинод бар Қуръон ва дигар гуфтаҳои динии пешвоёни мусалмонон ин кори Толибонро ҷаҳолати маҳз донист ва аз онон хост, ки агар далеле мантиқӣ доранд бигӯянд, то ӯ аз рафтан ба мактаб сарфи назар кунад.

Сутӯда ба раҳбарони Толибон гуфт, ки фарзандони шумо дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд ва зиндагии ором доранд, вале шумо инҷо барои мо мактабро мебандед ва насли моро бадбахт мекунед.


 Толибони Ҳирот пас аз ин суханронӣ далели баста будани мактаби духтаронаро набуди амният унвон карданд ва гуфтанд, агар хонаводаҳо худ амнияти духтаронашонро таъмин намоянд, пас иҷозати боз шудани мактабҳои духтаронаро содир мекунанд.
Чанд рӯз пас аз ин суханронӣ макотиби духтарона низ дар Ҳирот фаъол шуда ва талабаҳои духтар ба таври муназзам ба дарсҳои худ рафтанд.

Сутӯда Фурӯтан акнун барои духтарони навҷавони афғон идеал шудааст ва ӯро нишонаи мубориза барои фардои хуб ном мондаанд.

Ахтаи кимиёвӣ чист ва чаро дар Покистон ба ҳайси қонуни ҷадид қабул шуд?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед