Ru  | Tj
Вазири собиқ ва хатмкардаи Оксфорд, ки дар кӯчаҳои Олмон питсарасонӣ мекунад. Содот чӣ гуна аз вазорат ба ғизорасонӣ омад?
Вазири собиқ ва хатмкардаи Оксфорд, ки дар кӯчаҳои Олмон питсарасонӣ мекунад. Содот чӣ гуна аз вазорат ба ғизорасонӣ омад?
Аксҳо: Аз Интернет

Вазири собиқ ва хатмкардаи Оксфорд, ки дар кӯчаҳои Олмон питсарасонӣ мекунад. Содот чӣ гуна аз вазорат ба ғизорасонӣ омад?

Нашр шуд

Вазири собиқи мухобирот (алоқа) ва маълумотҳои технологии Афғонистон, хатмкардаи Донишгоҳи Оксфорди Лондон ҳоло дар Олмон ба ҳайси питсарасон бо дучарха кор мекунад.

Сомонаи хабарии “Ал-Ъайн” нахустин бор акси ҷаноби Содотро ҳангоми ба муштариён хизмат расониданаш бо як дучархае гирифт ва пас аз он хабару гузоришҳо дар расонаҳо дар мавриди кори ин вазири собиқи Афғонистон зиёд пахш шуд.

Барои аксарият зиндагии Аҳмадшоҳ Содот, ки собиқ вазири алоқаи Афғонистон буд ва ҳоло ба унвони як питсарасон дар Олмон кор мекунад, хеле ҷолиб буд ва вокунишҳои гуногунеро ба бор овард.


Шубҳае нест, ки дидани собиқ вазири алоқа ва раиси як ширкати алоқавӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар пушти хонаи мардум бо дучарха ғизо интиқол медиҳад дар ҷомеаҳои Шарқ ва мардуми Афғонистон аҷиб ба назар мерасад, вале дар Ғарб ин як кори маъмулӣ аст, чун сарвазирони баъзе кишварҳои аврупоӣ пас аз хатми вазифа ба корҳои оддӣ машғул мешаванд.

 Худи Аҳмадшоҳ Содот ин корашро чунин шарҳ додааст: 
 
«Ҳар кас бояд кор кунад. Зеро агар шумо харҷ ва иҷора дошта бошед ва барои ғизо ва рӯзгоратон пул лозим бошад, пас бояд кор кунед. Дар гузашта вазир будед ва ин маънои онро надорад, ки шумо бояд бекор бошед ва коре накунед ва вазирӣ барои шумо нон диҳад. 

Ман вазир будам лекин ҳоло нестам, пас ҳоло бояд кор кунам. Агар монанди дигар мақомдорони Афғонистон дуздӣ мекардам, барои солҳои дароз ба ин корҳои оддӣ ниёз намедоштам, лекин ман ин кори бадро накардам ва ин бароям ифтихор аст”.


 Қобили ёдоварист, ки Аҳмадшоҳ Содот муҳоҷири оддӣ нест, ӯ барои хароҷоти хӯрок ва беҳтар намудани шароити зисташ ба чунин кор даст задааст. Ӯ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ то соли 2020 кор мекард ва ҳамчунин то соли 2017 мудири ширкати “Ariana Telecom” дар Лондон буд. Аммо вай ҳоло дар тарабхонаи Лейпсиги Олмон бо дучарха ба мардум ғазорасонӣ мекунад.

 Аҳмадшоҳ Содот дар бораи кори нави худ чунин гуфтааст:
“Ман парвое надорад. Пеш аз вазир шудан ҳам ба мардум хидмат мекардам ва ҳоло ҳам дар ширкати Лифрандо кор мекунам, то хидматҳояшро ба мардум расонам. Ман ба халқ хизмат карданро давом медиҳам ва ин кори бад нест. Ман аз ин кор фахр мекунам. Вагарна, агар вазири порахӯр мебудам, метавонистам миллионҳо доллар ҷамъ карда, дар ин ҷо ва ё дар шаҳри Дубай биною меҳмонхонаву ҳарам месохтам ва ба ин кор ниёзе намедоштам. Аммо ман ифтихор мекунам, ки рӯҳам шод аст ва худро гунаҳкор намедонам, аз ин рӯ, кори муқаррарӣ мекунам ва умедворам, ки сиёсатмадорони дигар низ аз ин равиш пайравӣ мекунанд. Агар ҳадафи сиёсӣ хизмат ба халқ бошад, пас ин беҳтарин роҳи ба халқ хизмат кардан аст.”
Ба навиштаи хабагузории “Ал-Ъайн” Содот аз Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир дар соҳаи алоқа ва техникаи электронӣ дипломи магистрӣ дорад. Илова бар ин, ӯ таҷрибаи 23-солае дар соҳаи алоқа дорад ва дар беш аз 20 ширкати мухталиф кор кардааст. 

Ӯ дар тӯли солҳои дар Афғонистон буданаш барои кӯмак ба кишвараш дар беҳбуди бахши алоқаи Афғонистон талоши зиёд кардааст. Ҳамчунин, ӯ пас аз он ки бо як созмони наздик ба Ашраф Ғанӣ ба созиш нарасид, истеъфо додааст.”
Ба гуфти худи ҷаноби Содот пас аз истеъфо ӯ ногузир шудааст, ки Афғонистонро тарк кунад.

Ӯ мегӯяд:
“Медонам, ки ин кор бароям муваққатӣ аст ва пас аз ёд гирифтани забони олмонӣ ҷойи худамро пайдо мекунам, вале ман аз ин кор низ розӣ ҳастам, чун кор, кор аст ва он монанди ибодат муқаддас мебошад”.

Содот дар мавриди фурӯпошии давлати Афғонистон гуфта, ки аз зуд сарнагун шудани хукумати Афғонистон дар ҳайрат мондааст. "Ин ба назар мантиқист, зеро афғонҳо аз ҷанг хаста шудаанд ва артиши Афғонистон 20 сол боз дар канори ҷомеаи ҷаҳонӣ меҷангид. Яъне ҷанге, ки ҳеҷ маъно надошт. Аз хамин сабаб, онҳо хаста шуда, дигар ба ҷанг рафтан намехостанд. Аммо интизор набуд, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ ин қадар зуд суқут кунад. Ин маънои  онро дорад, ки афғонҳо дигар ҷангро намехоҳанд”.

 Дар мавриди касби ояндааш Аҳмадшоҳ Содот гуфта, ки нақшаи ояндааш омӯзиши забони олмонӣ ва баргаштан ба кор дар бахши алоқа бо диди мутобиқ ба фановариҳои имрӯз аст.

 Бархеҳо ин кори ҷаноби Содотро сутӯдаанд ва ӯро намунаи хуб барои дигарон унвон кардаанд. 

Яке аз мақомоти пешини Афғонистон дар мавриди Аҳмадшоҳ Содот чунин навиштааст:
 “Агар питсарасонӣ кардани собиқ вазир рост бошад, ман ба ин одам як дунё эҳтиром мебахшам. Кор кардан мушкил нест. Ноне аз роҳи фасод хӯрдан нанг аст, на кор. Ҷавон бошӣ, кор карда тавонӣ ва маъюб набошӣ, пас айби кор дар чӣ аст?

Баъзеҳо бо тафаккури бади худ, гӯё ӯро масхара мекунанд. Аммо ин аз бузургӣ ва покии ӯ шаҳодат медиҳад. Ӯ монанди мақомдорони дигар бо халтаҳои доллар аз Афғонистон берун нарафтааст. Ӯ метавонист дар Афғонистон ба фасод даст зада, ба Олмон пул биёрад. Ӯ метавонист ҳатто аз идораи таъминоти иҷтимоии Олмон кӯмакпулӣ гирад, аммо ӯ ин корро накард. Кори пок ва қонунӣ дар ҳама маврид муқаддас аст. Инсон бояд аз кори ҳалолу пок шарм надорад”. 

Вале як гурӯҳи дигар ҷаноби Содотро ба мазлумнамоӣ ва шуҳратхоҳӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки агар воқеан ҳадафаш хизмат ба халқ бошад, пас чаро ин қадар сару садоро ба миён бардоштааст?

 Аҳмадшоҳ Содот, ки 45 сол дорад, мегӯяд, кор мекунад, забон меомӯзад ва дубора ба касби худ бармегардад.

Сутӯда Фурӯтан кист? Духтари 15-солаи афғон ба рӯйхати 25 зани таъсиргузори ҷаҳон шомил шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(78) "Имрон Хон чӣ гуна қурбонии сиёсати худ шуд?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20059"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "13995"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(69) "/tj/articles/analytics/imron_khon_ch_guna_urbonii_siyesati_khud_shud/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6459"
  ["CODE"]=>
  string(45) "imron_khon_ch_guna_urbonii_siyesati_khud_shud"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6459"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Имрон Хон чӣ гуна қурбонии сиёсати худ шуд?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(110) "Амалиётҳои пеш аз баҳор дар Панҷшер. Охирин таҳаввулот чист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "18806"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(87) "/tj/articles/analytics/amaliyet_oi_pesh_az_ba_or_dar_pan_sher_okhirin_ta_avvulot_chist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6055"
  ["CODE"]=>
  string(63) "amaliyet_oi_pesh_az_ba_or_dar_pan_sher_okhirin_ta_avvulot_chist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6055"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Амалиётҳои пеш аз баҳор дар Панҷшер. Охирин таҳаввулот чист?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(192) "Ихтилофҳои дохилии Толибон. Гурӯҳи Мулло Бародар, Мулло Ёқуб ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ бо ҳам рақобат доранд"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "18454"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "12812"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(124) "/tj/articles/analytics/ikhtilof_oi_dokhilii_tolibon_gur_i_mullo_barodar_mullo_ye_ub_va_siro_iddin_a_on_bo_am_ra_obat_dorand/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5938"
  ["CODE"]=>
  string(100) "ikhtilof_oi_dokhilii_tolibon_gur_i_mullo_barodar_mullo_ye_ub_va_siro_iddin_a_on_bo_am_ra_obat_dorand"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5938"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Ихтилофҳои дохилии Толибон. Гурӯҳи Мулло Бародар, Мулло Ёқуб ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ бо ҳам рақобат доранд

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(136) "“Хостан тавонистан аст”. Рубоба бидуни дасту по рассоми байналмилалӣ шуд"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "18412"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(95) "/tj/articles/our_people/khostan_tavonistan_ast_ruboba_biduni_dastu_po_rassomi_baynalmilal_shud/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5925"
  ["CODE"]=>
  string(70) "khostan_tavonistan_ast_ruboba_biduni_dastu_po_rassomi_baynalmilal_shud"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5925"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

“Хостан тавонистан аст”. Рубоба бидуни дасту по рассоми байналмилалӣ шуд

Другие новости