Ru  | Tj
“Ях”-и муносибати Бурак ва падараш об шуд. Тоҷири яманӣ онҳоро оштӣ дод
“Ях”-и муносибати Бурак ва падараш об шуд. Тоҷири яманӣ онҳоро оштӣ дод
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

“Ях”-и муносибати Бурак ва падараш об шуд. Тоҷири яманӣ онҳоро оштӣ дод

Нашр шуд

Дар тозатарин видеои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум шуд, ки бо миёнҷигарии як тоҷири яманӣ бо номи Ҳомид Муқаттарӣ ихтилофи байни Бурак Оздемир ва падарaш – Исмоил Оздемир бо сулҳу оштӣ ҳал шудааст.

Тоҷири яманӣ Ҳомид Муқаттарӣ, ки собиқаи ошноӣ ва дӯстии даҳсола бо падари Бурак – Исмоил Оздемирро дорад, бо нашри навор гуфтааст, ки “имрӯз байни Бурок ва падараш сулҳ ва оштӣ барқарор кардам ва барои онҳо аз Худованд тавфиқ мехоҳам”. Дар посух ба ин гуфтаи тоҷири яманӣ Исмоил Оздемир низ иброз доштааст, ки “Ҳомид яке аз одамҳои хуб аст, 10 то 15 сол аст, ки бо мо дӯст аст”. Бурак дар ин навор суҳбат накардааст ва танҳо бо лабханд ва ишораи даст ба бинандаҳо салом кардааст. Маълум нест, ки ин лабханд самимона буд ё аз рӯйи маҷбурӣ. Пас аз нашри  ин видео ҳанӯз Бурак Оздемир бо ҳеч расонае дар ин маврид суҳбат накарда ва зоҳиран ба назар мерасад, ки қазияи даъвои падар ва писар хотима ёфта, дигар кор ба догоҳ нахоҳад рафт.


Қобили зикр аст, ки даъвои Бурак Оздемир бо падараш чанде қабл расонаӣ шуд. Бурак он вақт ба рӯзномаи “Янӣ шафак”-и Туркия гуфта буд, ки падараш бидуни иҷозаи ӯ рестуронҳояшро фурӯхтааст ва ӯ ба иттиҳоми қаллобӣ нисбат ба падараш ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Баъди расонаӣ шудани ин иттиҳом падари Бурак – Исмоил Оздемир дар суҳбат бо рӯзномаи “Миллият”-и Туркия иттиҳоми писарашро рад карда гуфт, ки «Бурак генҳои модарашро ба мерос гирифтааст. Ӯ бо падар душманӣ дорад. Ман дар аввал ба ӯ хеле кумак кардам ва тарҳи тиҷоратиашро сарпарастӣ мекардам. Агар ду сол қаблро бибинед, дар он ҷо чизе вуҷуд надошт ва Бурак ҳам набуд».

Бурак Оздемир, ошпази маъруфи турк, ки ҳоло шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, то замони расонаӣ шудани ин даъво бо корҳои хайриявӣ ва лабхандҳои меҳрубонона дили мухлисон ва тарафдоронашро тасхир карда буд. Ӯ як ошпази одӣ набуд. Авҷи муваффақият ва шуҳрати ӯ дар он зоҳир мешавад, ки дар як муддати кӯтоҳ шуҳрати рестуронҳояш на фақат дар Туркия овозадор шуд, балки хориҷ аз Туркия низ ба як намоном (бренд)-и тиҷоратии маъруф табдил шуд. Рестуронҳои ӯ дар Осиёи Миёна, кишварҳои ҳошияии Халиҷи Форс дар байни мардум маҳбубияти беш аз ҳад дорад. Дар Тоҷикистон низ ӯ замоне машҳур шуд, ки нахустин маротиба дар хиёбони марказӣ бо ҳамроҳии чеҳраҳои маъруфи тиҷорат ва сиёсат шуъбаи рестуронашро боз кард. Яке аз афроди сарватманди Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи рестурони ӯ иштирок кард.


Ҳоло ин қазияи эҳсосбарангез дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ баҳсу интиқодҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” хабари даъвои Бурак бо падараш мавриди баҳсҳои тезутунд қарор гирифтааст. Бисёриҳо ин амали Буракро ғайриахлоқӣ тавсиф кардаанд. Масалан, корбаре бо номи Фаришта Сафарова навиштааст: “Бовар надоштам Бурак, ки ин қадр худро мусулмони комил мегирифт, падарашро барои як тарабхонаи ночиз ба суд диҳад. Охир ту миллионер ҳастӣ, ба шарофати касби падар ту ба ин дараҷа омада расидӣ, каме ақлро кор фармо”. Шоир Адибаи Хуҷандӣ, ки ҳамеша як фаъоли шарҳнавис дар Фейсбук аст, менависад: “Ин одам агар нек мебуд, фарзанду ҳамсарашро тарк намекард”. Шахси дигар – Саидаҳрор Қурбонов дар вокуниш ба кори Бурак навиштааст: “Фарзанд чӣ қадре, ки сарват дошта бошад, худ ва ҳама сарвату дороии фарзанд аз они падар аст! Фарзанд ҳаққи даъво надорад, аммо афсӯс...” Фарде бо номи Акбар Анзомзода навиштааст, ки “Як турк ба мо чӣ? Чанголи дасти модарам болотар аз ҳазор хӯроки ӯст”. Вокунишҳои корбарони шабакаи иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ин амали сабуксаронаи Бурак Оздемир ба имиҷи бо ҳазор роҳу восита ҷамъ кардааш таъсири манфӣ гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки Бурак Оздемир касби ошпазиро аз падараш омӯхтааст ва дар ибтидои  боз кардани рестурон падараш ва хоҳараш ба ӯ кумаки молӣ ҳам кардаанд. Модар ва падари Бурак Оздемир солҳои пеш аз ҳам ҷудо шудаанд ва Бурак бо модараш зиндагӣ мекунад. Баъзе расонаҳои Туркия бо мисол овардани далел гуфтаанд, ки дар рӯ задани ин қазия таъсири оилаи вайроншудаи Бурак низ ҳаст. Ҳарчӣ ҳаст ё нест, ин як қазияи ҷиддӣ буд, ки тайи як моҳи ахир бисёре аз расонаҳои ҷиддӣ онро пайгирӣ карданд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед