Ru  | Tj
Файлҳои cookie: Кӣ ва чаро маълумотҳои моро ҷамъоварӣ мекунад?
Файлҳои cookie: Кӣ ва чаро маълумотҳои  моро ҷамъоварӣ мекунад?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Файлҳои cookie: Кӣ ва чаро маълумотҳои моро ҷамъоварӣ мекунад?

Нашр шуд

Тасаввур кунед, пеш аз мутолиаи маводи мазкур шумо шартномаеро қабул намудед, ки ба «Halva.tj» имкон медиҳад, ки фаъолияти шуморо дар интернет назорат (пайгирӣ) кунад ва сипас он маълумотҳоро ба ҳар касе, ки ба фаъолияти шумо таваҷҷуҳ дорад (яъне шумо дар интернет кадом наворҳоро тамошо мекунед ва умуман чӣ кор мекунед) гӯяд.

Ҷинс, синну сол, суроғаи истиқомат, рамзҳо, мукотиба, вақти шабака, аксҳо ва  маълумотҳои дигарро дар бораи мо сайтҳо, барномаҳо ва провайдерҳо ҷамъ мекунанд ва мо, воқеан, ҳангоми пахши хабарномаи "файлҳои cookie - ро қабул мекунем",  чунин "созишномаро”  қабул менамоем.

Мегӯянд, ки принсипи кори “файлҳои cookie” маънои ҷиддӣ надорад, аммо вазъиятро ба таври мантиқӣ тавсиф мекунад:

"Сookie " аз забони англисӣ "кулчақанд" тарҷума шудааст. Аз ин рӯ, эҷодкорони ин файлҳо аз афсонаи кӯдакона дар бораи Гензел ва Гретел илҳом гирифтаанд. Дар он афсона бачаҳо тавонистанд, ки бо резгиҳои кулчақанд аз паси худ пай гузошта, аз ҷангали афсонавӣ раҳо шаванд. Ҳузури мо дар интернет низ ба ҳамин тарз ба роҳ монда шудааст. Яъне аз рӯи файлҳои cookie, ки фаъолияти интернетро пайгирӣ мекунанд...

Пас файлҳои cookie барои чӣ лозиманд?

Гумон меравад, ки файлҳои санҷишии мазкур метавонанд будани моро дар интернет осонтар кунанд. Масалан, нигоҳ доштани рамзҳо, кам кардани харҷи трафик, ҷӯр кардани параметрҳои сайтҳои зуд-зуд боздидшаванда, имкони ба расмият даровардани фармоиши қатъшуда ва ғайра.

Соҳибони сомонаҳое, ки файлҳои cookieро истифода мебаранд, метавонанд тарҷеҳҳои ташрифовардагонро пайгирӣ кунанд, то он барои намоиши рекламаи мувофиқ мусоидат кунад. Ҳамчунин, дар дохили файлҳои cookie маълумотҳо дар бораи ташрифовардагоне, ки масалан тавассути сайти шарикие, ки дар он эълон ҷойгир шуда буд, ба интернет-мағоза гузаштанд, нигоҳ дошта мешаванд. Ин барои донистани миқдори харидорон ва пардохти подош ба сайти шарикӣ кӯмак мекунад.

Файлҳои пайгири cookie

Дар муқоиса бо дигар технологияҳои шабакавӣ файлҳои cookie нисбатан бехатаранд. Бо вуҷуди ин, мутахассисони ширкати NortonLifeLock, ки бо таҳияи таъминоти барномавӣ машғуланд, ҷанбаҳои манфии файлҳои cookie - ро ошкор карданд. Масалан, системаи ҷустуҷӯии Google аксар вақт ба корбарони худ файлҳои пайгиреро мефиристад, ки афзалиятҳо ва манфиатҳоро муайян мекунанд. Гумон меравад, ки ин файлҳо барои ташаккули эълон ва рекламаи мувофиқ заруранд. Аммо, коршиносон инро ҳамчун кӯшиши ҷамъоварии беиҷозати маълумоти шахсӣ арзёбӣ мекунанд.

Махфияти маълумотро чӣ гуна бояд нигоҳ дошт?

Дар дохили файлҳои cookie маълумотҳои муҳим нигоҳ дошта мешаванд, масалан логин ва рамз аз системаи пардохт, ки ҳангоми шикастани протоколи ҳифзкунандаи сайт, системаи ҷустуҷӯӣ ва ё барнома дуздида мешаванд. Аз ин рӯ, барои маҳрум кардани ҷинояткорон аз ин имконият, файлҳои cookie бояд давра ба давра нест карда шаванд, ки инро метавон дар ҷӯрсозии браузер анҷом дод.

Худ ва маълумоти шахсии хешро эҳтиёт кунед!


«Асотирҳои синамо». 8 бовари ғалате, ки бо шарофати кино ба онҳо эътимод дорем




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед