«Зебо, муд ва рангоранг». Чаро адрас дар олами муд ба як тамоюли воқеӣ мубаддал гардид?
Нашр шуд
Чанде пеш бренди машҳури ҷаҳонии муд “Ralph Lauren” коллексияи нави либосҳои баҳорие истеҳсол намуд, ки истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро ба ваҷд овард. Матои асосии коллексия адрас мебошад, ки бо усули махсус омода гардидааст. Яъне ришта пеш аз бофтани матоъ бо рангу нақш дастӣ оро дода шудааст.
Дар баёнияи Хонаи муд гуфта мешавад, ҳангоми эҷоди коллексия тарроҳон аз зебоӣ илҳом гирифтаанд, ки онро метавон ба осонӣ тавассути нақшҳои дастӣ ба тасвир кашид.
Коллексияи муди мазкур ҳамчунин, аз таваҷҷӯҳи ҳамватанони мо низ берун намонд. Бояд қайд кард, ки аз ҷониби ширкати “Ralph Lauren” дар бораи он, ки адрас мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ аст, чизе гуфта нашудааст. Ба назари бисёре аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, гуфта нашудани мутаалиқии ин мероси гаронбаҳо аз ҷониби ширкати “Ralph Lauren” қасдан сурат гирифтааст. Аз ин рӯ, зери аксҳои муаррифишуда садҳо шарҳу паёмҳои манфие навишта шудааст.
Бо вуҷуди ин, адрас кайҳо боз на танҳо як намунаи ҳақиқии либосҳои анъанавӣ, балки як тамоюли доимӣ дар ҷаҳони муд мебошад. Матои рангоранг бо нақшҳои шарқӣ дар байни тарроҳони муосир ва мудшиносон муҳаббат ва эҳтироми бузург пайдо кардааст.
Имрӯз тасмим гирифтем, ки хонандагонро бо ин матои рангину нотакрор ошно созем, то бифаҳманд, ки чаро он на танҳо дар кишварҳои минтақа, балки дар берун аз он низ машҳур гардидааст.
Адрас чист?
Адрас – ин исми ба тарзи хоса офаридани нақш дар рӯи матоъ аст. Мо дар боло зикр кардем, ки адрас дастӣ бо роҳи қисман ранг кардани риштаҳо, ки нақши матои оянда маҳз аз онҳо вобаста аст, истеҳсол карда мешавад. Ақидаи ғалате вуҷуд дорад, ки гӯё адрасбофӣ танҳо анъанаи Шарқ буда бошад, аммо ин усули истеҳсоли матоъ дар байни мардуми Африқо ва Индонезия низ васеъ истифода мешавад.
"Аз рустои Зиндона"
Аввалин далел, ки дар Осиёи Марказӣ низ адрас истеҳсол мекарданд, солҳои 50-уми асри гузашта ҳангоми ҳафриётҳои геологӣ пайдо шуда буд. Олимон як пораи дастнависи бостониро, ки дар он дар бораи матое аз деҳаи Зиндона (деҳаи наздики Бухоро) гуфта мешуд, пайдо карданд. Муҳаққиқон ҳамчунин тахмин мезананд, ки ин навиштаҷот аз ҷониби яке аз нозирони савдо тартиб дода шудааст.
Хусусиятҳои адраси Осиёи Марказӣ
Адраси Осиёи Марказӣ бо як хусусияти нодири худ фарқ мекунад. Яъне нақши он танҳо бо риштаҳои кундаланг, ки дар навбати худ, одатан якхела мебошанд, омода карда мешавад. Барои бофтани адрас бештар аз пахта, абрешим ва катон истифода мебаранд. Зимнан, дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то ҳол анъанаи ранг кардани матоъ бо моддаҳои рангкунандаи табиии безарар боқӣ мондааст. Барои рангкунӣ одатан аз анор, пиёз, чормағз ва ғайра истифода мебурданд.
Мутахассисоне, ки ба истеҳсоли адрас машғуланд, бар он боваранд, ки ҳар як нақш маънои муқаддаси худро дорад ва ҳамчун тӯмор ташреҳ мешавад.
Барои эҷод кардани нақшҳо ба тарроҳон инчунин хоҳиш, рӯҳия ва табиат илҳом мебахшад.
Масалан, дар Тоҷикистон ривояти қадимие вуҷуд дорад, ки гӯё боре як рассом, дар лаби дарё нишаста, акси зебои абрҳоро дар об мебинад. Дар натиҷа мавҷҳои гуногунранг ба рассом чунон таассурот мебахшанд, ки ӯ нақши онҳоро дар адрас тасвир карда, дарҳол ба назди бофандагони ҳунарманд мебарад.
Тарғиби адрас
Пешсафи адрас дар соҳаи муд тарроҳ Оскар де ла Рента мебошад. Соли 2005 маҳз дар намоиши ӯ шаш образ, яъне тасвир, ки барои ҷаҳони муд як кашфиёти бузург дониста мешавад, пешкаш карда шуд. Gucci, Altuzarra, Matthew Williamson ва дигарон барои коллексияҳои худ аз ин матоъ истифода мебурдагӣ шуданд.
Ин матои ғайриоддӣ сароядагони машҳурро низ мафтун кардааст. Акнун аксари ситораҳои машҳури олам бо либосҳои тарроҳии аз адрас дӯхташуда ба саҳнаҳои консертӣ мебароянд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед