Рӯзи ҷаҳонии тарбуз. 5 дастурамали беҳтарин аз тармеваи хуштаъму сероб
Нашр шуд
Ҳамасола 3-уми август дар кишварҳои гуногун ҳамчун «Рӯзи тарбуз» ҷашн гирифта мешавад. Тоҷикистон низ аз он истисно нест. Зеро тобистони моро бидуни ин меваи ширину шаҳдбор тасаввур кардан ғайриимкон аст. Тарбуз на танҳо ширину хуштаъм, балки фоидабахш низ ҳаст. Дар таркиби тарбуз миқдори зиёди ликопин ва антиоксидантҳо мавҷуд мебошад. Ғизонокии он чандон зиёд нест ва аз ин рӯ, он рӯдаҳоро аз ҳаргуна ифлосиҳо тоза мекунад.
Ҳоло мо тасмим гирифтем, доир ба 5 дастурамали осони омода намудани хӯришу нӯшокӣ аз тарбузро бинависем.
Яхтарбуз
Маҳсулот:
афшӯраи тарбуз (бе пӯсташ) – 4 истакон;
шакар – 1/2 истакон;
шарбати лимӯ – 2 қошуқ;
Тарзи омоданамоӣ:
Ҳамаи маҳсулотҳои дар боло номбаршударо бо ҳам омехта намуда, ба блендер мерезем ва пурра омехта мекунем. Маҳлули омодашударо ба зарфе гирифта, ба дохили яхдон мегузорем ва то ях шуданаш интизор мешавем. Акнун «Яхтарбуз»-и мо омода шуд. Дар фасли гарми тобистон ин навъи маҳсулот роҳати ҷон аст.
Тарбуз дар хамир
Маҳсулот:
тарбуз – 700 грамм;
крахмали картошка – 60 грамм;
сафедии 2 тухм;
орд – 80-100 грамм;
равғани растанӣ;
Тарзи омоданамоӣ:
Пӯсти тарбузро ҷудо намуда, худи онро дар шакли секунҷачаҳо реза кунед. Сафедиҳои тухмро ба зарфи алоҳида гирифта, то кафк намуданаш лат кунед. Баъдан ба он крахмалро хамроҳ намуда ва ба кӯфтан идома диҳед, то пурра ҳал шавад. Тарбузҳои майдашударо ба ин маҳлул тар карда, пас аз он бо орд каме дар равған ҳар як тарафи онро ба муҳлати 2 дақиқа бипазед. Аммо кӯшиш кунед, ки равғанатон аз ҳад зиёд гарм набошад. Итминон дорам, ки ин навъи кулчақанд албатта, ба шумо писанд хоҳад омад.
Лимонати тарбузӣ
Маҳсулоти лозима:
тарбуз – 2 кг;
лимӯ – 1 дона;
пӯдина – 1 навда;
оби минералӣ – 200 мл.;
асал – 1 қошуқ;
Тарзи омоданамоӣ:
Пӯсти тарбузро ҷудо карда ва сипас онро майда намуда ба блендер резед. Ҳамчунин, ба дохили блендер асал ва пӯдинаро ҳамроҳ намуда, омехта мекунем. Пас аз он мувофиқи табъатон ба он метавонед оби лимӯ ва минералӣ илова намоед. Акнун лимонади тарбузии мо омода шуд. Нӯшидании омодашударо нахуст полонида баъд нӯши ҷон кунед.
Хӯриш бо тарбуз, панири Фета ва бодиринг
Маҳсулоти лозима:
тарбуз;
панири Фета;
бодиринг;
равғани растанӣ;
хуштамъкунандаҳо (мувофиқи табъ);
Тарзи таҳияи хӯриш:
Шумо метавонед, мувофиқи шумори аъзои оила маҳсулотатонро интихоб намоед.
Мо тарбуз, панири Фета ва бодирингро чоркунҷашакл реза намуда, ба он равғани растанӣ ва хуштамъкунандаҳоро илова карда ва омехта менамоем. Хӯриши мо омода шуд. Омода намудани ин навъи хӯриш ҳам камхарҷ асту ва ҳам осон.
Тарбуз дар шоколад
Маҳсулоти лозима:
тарбуз – 2 кг;
шоколади сиёҳ – 250 грамм;
дилхоҳ навъи чормағзи майдашуда – 2-3 қошуқ;
Тарзи таҳияи он:
Тарбузро ба яхдон гузоред, то каме сард шавад. Сипас пӯсташро ҷудо намуда, дар шакли секунҷачаҳо реза кунед. Шоколадро дар ҳарорати об ё дар дохили микровалновка об намоед. Тарбузҳои майдашударо ба дохили шоколади обшуда резед ва ҳамзамон ба болояш чормағзи майдкардаро пошед. Ин навъи шириниро бояд зуд истеъмол кард, то тарбуз гарм нашавад.
Иштиҳои хуш.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед