Ru  | Tj
10 акси гаронарзиши таърих. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии аксҳо
10 акси гаронарзиши таърих. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии аксҳо
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

10 акси гаронарзиши таърих. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии аксҳо

Нашр шуд

Имрӯз мо зиндагиямонро бидуни расм ё аксбардорӣ тасаввур карда наметавонем. Акс хотираҳои зебои зиндагии моро барои оянда нигоҳ медорад. Бо аксгирӣ мо метавонем беҳтарин лаҳзаҳои зиндагиямон: дипломгирӣ, тӯйи арӯсӣ, таваллуди фарзанд ва ба монанди ин бисёр шодиҳои дигари рӯзгорамонро суратгирӣ кунем ва ё манзараи зебоеро дида, онро акс гирему барои ҷалби муштариён дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузорем.

Ҳамасола 19-уми август “Рӯзи ҷаҳонии суратҳо” таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн бо ташаббуси суратгири австриягӣ Корсе Ара соли 2009 ба миён оварда шудааст.

Интихоби ин сана барои “Рӯзи ҷаҳонии суратҳо” тасодуфӣ нест. Зеро 10-уми августи соли 1839 олим, химики фаронсавӣ Луи Дагер бори нахуст дар як варақе, ки ба нур ҳассосият дорад, тасвир гирифт ва Ҳукумати Фаронса 19-уми август ин ихтирои бузургро расман эълон кард.

Барои қисме аз мардум аксбардорӣ на танҳо як дилхӯшии лаҳзаина, балки касб аст. Дар баробари рассомон имрӯз аккосони зиёде низ ҳастанд, ки онон дар санъати аккосӣ муваффақ шудаанд ва беҳтарин намунаи санъати аксбардориро пешниҳоди муштариён кардаанд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, имрӯз дар бораи 10 акси гаронарзиш ба шумо маълумот диҳем.

1. Синди Шерман: «Лаҳзаҳо аз филми беном»

Арзиш: 6 773 000 миллион доллари амрикоӣ


Муаллифи акси гаронарзиштарин Синди Шерман мебошад. Ӯ дар жанри аксбардории саҳнавӣ эҷод мекунад. Намоиши аксҳои ӯ қариб дар тамоми кишварҳои дунё баргузор шуда, эҷодиёташ миёни дӯстдорони санъати аксбардорӣ маҳбубияти хоса дорад.

«Лаҳзаҳо аз филми беном» – аз 69 акси сиёҳу сафед иборат буда, дар он лаҳзаҳои гуногуни филми мазкур бозгӯӣ шудааст.

Аксҳои Шермании солҳои 1977-1980 соли 2014 бо арзиши 6 773 000 доллар фӯрухта шудааст.

2. Питер Лик: «Фантом» 

Арзиш: 6 500 000 миллион доллари амрикоӣ


Аккос ва тасвиргари австриягӣ ин суратро соли 1999 дар Антилопаи штати Аризона гирифтааст. Дар ин акс нурҳои офтоб аксбардорӣ шудааст, ки шабаҳро ба хотир меорад.

Питер Лик шакли сиёҳу сафеди ин аксро дар коллексияи номаълуме соли 2014 фурӯхтааст.

3. Андреас Гурски: «Рейн II» 

Қимат: 4 338 500 миллион доллари амрикоӣ


“Рейн II” бузургтарин коллексияи 6 акси аксбардори маъруфи олмонӣ Андреас Гурский мебошад.

Дар расм дарёи Рейн байни ду сарбанди сабз аксгирӣ шудааст.

Аксбардор иқрор мешавад, ки дар ин кор аз барномаи “Фотошоп” истифода кардааст, зеро тасвири соҳилҳои дарё, манзараи нерӯгоҳҳо, иншооти бандарӣ ва раҳгузаре, ки бо сагаш буд, каме дигаргун карда шудааст.

Бо вуҷуди ин, расми мазкур соли 2011 ба галереяи Моника Спрует фурӯхта шуд. Баъдтар аксро як нафар коллексионере, ки нахостааст, номаш ифшо бошад, харидааст.

4. Ричард Принс: «Амрикои рӯҳонӣ» 

Арзиш: 3 973 000 миллион доллари амрикоӣ


Суратгири америкоӣ Ричард Принсро, ки бо аксҳои худ машҳур аст, чанд маротиба барои поймол кардани ҳуқуқи муаллифӣ айбдор намуданд. Ричард Принс аксҳоро аз рӯзнома ва маҷаллаҳои кӯҳнаи солҳои қабл аксбардорӣ намуда, онҳоро даҳ маротиба калон карда, сипас ба номи худаш чоп мекардааст.

Таърихи пайдоиши акси машҳури «Амрикои рӯҳонӣ» низ бе муноқиша рӯйи кор наомадааст. Аксбардор акси ҳунарпеша ва мадели машҳури америкоӣ Брук Шидлсро, ки дар акс 10 сола аст ва он аз ҷониби Гарри Гроссом гирифта шудааст, аз нав аксбардорӣ намудааст. Дар ин акс Брук бараҳна ва бо ороишоти кӯчагӣ тасвир шудааст.

Муддати тӯлонӣ ба намоиш гузоштани акси мазкур манъ буд. Пасон соли 2014 акси мазкур бо қимати гарон фӯрухта шуд.

5. Синди Шерман: «Бе ном #96»

Қимат: 3 890 500 миллион доллар


Ин акс яке аз аксҳои машҳур ва боарзиши Синде Шерман мебошад. Дар ин расм ҷавондухтари қадрас болои фарш хобида ва бо як орзу сӯи қабзаи газета, ки дар даст дорад, бо умеди пайдо кардани шавҳар нигоҳи пурдурахше мекунад. Муаллиф мегӯяд, акс маънои зиёде дорад. Духтарчаи беозору бегуноҳ эҳсосоти зотии зан будани худро нишон додааст.

6. Гилберт ва Ҷорҷ: «Барои олиҳазрат, коллажи расм» 

Арзиш: 3 765 276 миллион доллари амрикоӣ


Гилберт Прош ва Ҷорҷ Пассмор барои аксҳои сиёҳу сафед маъруфияти ҷаҳониро касб караанд ва сазовори Ҷоизаи Тернер гардидаанд. Дар акс марде бо шиму кастюми қимматбаҳо ва расми бузурги худи ӯ гирифта шудааст. Ин акс соли 2008 ба як нафар харидори номаълум фурӯхта мешавад.

7. Ричард Принс: «Бе ном (Ковбой)» 

Арзиш: 3 749 000 миллион доллари амрикоӣ


Акси таблиғотӣ ва баҳсбарангези навбатӣ «Малборо» мебошад. Ба гуфтаи муаллиф, ин асар на таблиғи як тамғаи машҳури сигор, балки "идеали дастнораси хаёлии марди воқеӣ" аст.

Коршиносон ва мунаққидон ҳоло ҳам дар ҳайр мебошанд, ки чӣ гуна барои як акси одӣ чунин маблағи ҳангуфт пардохт шудааст. Хулоса, сурати мазкур дар музоядаи «Chrictie's» соли 2014 бо нархи гарон фурӯхта шуд.

8. Ҷефф Уолл: "Сӯҳбатҳои сарбозони мурда ..."

Қимат: 3 666 500 миллион доллари амрикоӣ


Ин яке аз асарҳои гаронарзиши аккоси канадагӣ мебошад, ки дар он ҷанги Афғонистон тасвир ёфтааст. Ин акс дар асоси ҳодисаи воқеӣ офарида шудааст. Зимистони 1986 сарбозони артиши Шӯравӣ ба камин гирифта шуда ва дар натиҷаи як таркиш кушта мешаванд. Дар акс рӯҳи сарбозони мурда ба онҳо дуо мехонад, ба ҳолашон менигарад ва бо ҷисмҳои беҷонашон суҳбат мекунад. Сарфи назар аз он, ки акс дар асоси ҳодисаи воқеӣ офарида шудааст, як асари саҳнавӣ шинохта мешавад.

Ҳунармандон худро рангу бор карда, сипас дар студия аксгирӣ кардаанд ва муаллиф баъдан сурати мазкурро коркарди компютерӣ намудааст.

Ин акс 8-уми майи соли 2012 дар музоядаи «Chricti's» фурӯхта шуд.

9. Андреас Гурски: «99 сенти II, диптих» 

Арзиш: 3 336 456 миллион доллари амрикоӣ


Ин асар ду акси якхелаи тасвири мағозаи «Ҳама чиз бо 99 сент»-ро нишон медиҳад. Мисли акси «Рейн II» дар ин сурат низ барои тоза кардани чизҳои нодаркор аз “Фотошоп” истифода шудааст.

Акси Диптих се нусха аст, ки ҳар яки он миллионҳо доллар арзиш дошт. Нахустин нусхаи ин аксро дар музоядаи «Sotheby's London» соли 2007 сарватманди украинӣ Виктор Пинчук харидааст.

10. Эдвард Стайхен: «Кӯл дар рӯшноии моҳтоб» 

Қимат: 2 928 000 миллион доллари амрикоӣ


Аксбардори америкоӣ Эдвард Стайхен дар баробари аксгирӣ, инчунин, ба рассомӣ низ машғул буд. Мутаассифона, ин рассом ҳама тасвирҳои офаридаи худро сӯзонидааст.

Аз ҳама акси машҳури Стайхена – «Кӯл дар рӯшноии моҳтоб» (соли 1904) мебошад. Ӯ нахустин аккосе ба ҳисоб меравад, ки чандин сол қабл аз пайдоиши дастгоҳи суратчопкунии ранга, аз технологияи аксбардорӣ истифода кардааст.

Ин акс аз табиати назди хонаи дӯсти аксбардор дар Ню-Йорк гирифта шудааст.

Акси «Кӯл дар рӯшноии моҳтоб» соли 2006 дар музоядаи «Sotheby's New York» фурӯхта шуд. 


«Ҷилои миллат": 5 зани донишманде, ки тоҷикон аз онҳо ифтихор мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед