Ru  | Tj
Нагузоред, ки шуморо фиреб диҳанд. Рӯйхати китобҳо барои кӯмак ба рушди тафаккури интиқодӣ
Нагузоред, ки шуморо фиреб диҳанд. Рӯйхати китобҳо барои кӯмак ба рушди тафаккури интиқодӣ
Акс: аз Интернет

Нагузоред, ки шуморо фиреб диҳанд. Рӯйхати китобҳо барои кӯмак ба рушди тафаккури интиқодӣ

Нашр шуд

Ибтидо, биёед бифаҳмем, ки тафаккури интиқодӣ чист ва чаро он ба мо лозим аст. Ин таъриф қобилияти шубҳа доштан ба иттилооти воридотӣ, инчунин қобилияти фикрронии оқилона ва ҷустуҷӯи пайвастаи робитаи мантиқӣ мебошад. Маҳорати асосии ин гуна тафаккур қобилияти фикр кардан аст.

Маълум мешавад, ки фарде, ки интиқодӣ фикр мекунад қодир аст, то маълумоти дастрасгардидаашро таҳти санҷиш қарор диҳад. Илова бар ин, вай бидуни истифода аз андешаи бегона омӯзиши мустақилонаи ин маълумотро ба роҳ монда, барои муайян намудани андозаи мантиқӣ ва беғаразии он таҳқиқи мустақилона мегузаронад.

Ҳамин тариқ, бартариҳои асосии чунин шахс қобилияти ҳифзи худ аз ақидаҳои қалбакӣ ва таҳмилшуда мебошад.

Барои расидан ба сатҳи чунин шахс зарур аст, то сарчашмаҳоро дуруст интихоб ва муқоиса карда, робитаи сабабу натиҷаро низ дид. Мо пешниҳод менамоем, ки бо рӯйхати китобҳои ба рушди ин маҳорат мусоидаткунанда шинос шавед.


«ТАШРЕҲОТИ ИШТИБОҲ. КИТОБИ КАЛОН ДАР БОРАИ ТАФАККУРИ ИНТИҚОДӢ»


Китоби мазкур соли 2021 аз чоп баромада, муаллифаш Никита Непряхин мебошад. Ӯ дар бораи тафаккури асосии мутавозини аслӣ сухан ронда, дар бораи шинохтани фейк ва таҳриф маълумот медиҳад. Дар баробари ин, муаллиф дар бораи далелорӣ сухан ронда, фасона ва иштибоҳҳои маъруфро низ фош мекунад.


«ПАҲНКУНИИ БЕШТАР (РЕПОСТ). ЧӢ ТАВР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ МОРО БАРОИ БОВАР КАРДАН БА АХБОРИ БАРДУРӮҒ (ФЕЙКОВЫЙ) ВОДОР МЕСОЗАНД»


Китоби рӯзноманигори илмӣ Борислав Козловский соли 2021 нашр шуда, муаллиф дар бораи ахбори бардурӯғ маълумоти кофӣ пешниҳод мекунад. Ҳамзамон , Б. Козловский барои даст кашидан аз эътимод ба чунин ахбор маслиҳати муфид медиҳад ва дар ин замина маълумотро тавассути абзори илмӣ ба ҳам мебинад. Ҳамин тавр, бо истифода аз мисоли занҷирҳои ғизо ӯ таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти моро нишон медиҳад.

 

«РОҲНАМО БА САМТИ КИЗБ. ТАФАККУРИ ИНТИҚОДӢ ДАР ДАВРОНИ ПОСОҲАҚИҚАТ»


Китоби мазкур ба қалами олим ва руҳшиноси америкоӣ Дэниел Левитин таалуқ дошта, соли 2017 ба табъ расидааст. Бо таваҷҷуҳ ба шарҳи мухтасари ин роҳнамо, хонанда фарқ кардани кизб ва таҳлили дақиқи маълумотро аз худ мекунад. Инчунин Левитин ба мухлисони худ дар масъалаи кор бо графика ва фарқ кардани сохтакориро низ меомӯзонад.

 

«ДУРӮҒ. ҲАР ОН ЧӢ, КИ ДАР БОРАИ ТАРҒИБОТ, АХБОРИ СОХТА ВА НАЗАРИЯҲОИ СУИҚАСД БОЯД ДОНИСТ»


Ин китоб маҳсули дастони нависанда Аннемари Бон ва рассом Венди Пандерс буда, соли 2020 барои хонандагон пешкаш шудааст. Муаллифони китоб ҳар он чизеро, ки бисёриҳо ба он бовар доранд, равшану возеҳ нишон дода, хонандагонро барои дар ҷараёни маълумот сарфаҳм рафтан ва ҷудо кардани ахбороти боэътимод меомӯзонанд.


«БОВАР НАДОРАМ! ЧӢ ТАВР ҲАҚИҚАТРО ДАР ҶАРАЁНИ МАЪЛУМОТИ БАРДУРӮҒ БОЯД ДИД»


Ин китоб соли 2017 интишор шуда, муаллифи он Ҷон Грант ҳолатҳои таҳти дурӯғ қарор гирифтани одамонро бо забони дастрас баён кардааст. Дар китоби номбурда муҳимтарин намунаҳои кизб, ҳилаҳои дабдабанок ва қолиби маъруфи фиребгарӣ дарҷ гардидаанд. Дар баробари ин, Ҷ. Грант роҳи ҳақиқии фаҳмидани исботи илмиро пешкаши хонандагон менамояд.

 

«АҲЛИ ШАК: НАЗАРИ ОҚИЛОНА БА ҶАҲОН»


Китоби дигаре, ки соли 2017 нашр шудааст, ба қалами Майкл Шермер таалуқ дорад. Дар ин китоб 75 мақолаи илмӣ гирд оварда, мавзуҳои муосир, аз ҷумла аз тибби алтернативӣ то таҳаввулоти инсон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон, муаллифи китоб ба хонандагон нигоҳ доштани нуқтаи назари оқилона ба далелҳоро низ меомӯзонад.

 

«ЧӢ ТАВР МЕТАВОН БА ИСТИФОДА АЗ ОМОР ДУРӮҒ ГУФТ»


Китоб аз ҷониби Дарелл Хафф соли 1954 навишта шуда, муаллиф дар он оид ба роҳҳои сӯистифода аз омор барои фиреб сӯҳбат мекунад. Аз китоб шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр воқеан пурсишҳо гузаронида мешаванд. Илова бар ин, Дарелл Хафф абзорҳои муҳимро номбар мекунад, ки шуморо аз гумроҳӣ эмин нигоҳ хоҳанд дошт.

 

«ДАЛЕЛНОКӢ. ДАҲ САБАБИ ИШТИБОҲИ МО ОИД БА ҶАҲОН – ВА ЧАРО ҲАМАИ ЧИЗ ИН ҚАДАР, КИ БА НАЗАР МЕРАСАД БАД НЕСТ»


Ин китобро духтури шведӣ Ханс Рослинг дар якҷоягӣ бо фарзандонаш навиштааст ва он соли 2018 ба табъ расонида шуд. Дар китоби мазкур муаллифон дар бораи мубориза бо воҳимаи ахборотӣ ва домҳои маъруфи ақлӣ нақл мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед