
Қоидаҳои рухсатии хуб ва истироҳати воқеӣ
Нашр шуд
Тобистон маъмулан вақти рухсатӣ ва таътил маҳсуб мегардад. Барои он, ки рухсатӣ эҳсоси ризоият ва оромиш орад, риояи реҷаи корӣ ва истироҳат муҳим аст. Равоншинос Тахмина Зокирова дар мавриди пайдо намудани чунин як мувозинат нақл кард.
Ба гуфтаи мутахассис, замоне, ки ин реҷа нақз мешавад, шахс ё беш аз ҳад шуруъ ба кор мекунад, ки боиси мондагии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ мегардад, ё аслан кор намекунад ва аз худ эҳсоси норизоятӣ мекунад. Ҳардуи ин ҳолатҳо – ниҳояти тавозуни нақзшудаи кор ва истироҳат мебошад ва ҳардуи онҳо даврӣ ҳастанд. Пас аз афсурдагӣ, бетафовутӣ ва танбалӣ ба миён меояд, ки ҳамчун ҷазо оқибати он - пурра ба кор ғарқ шудан аст.
-Таҳмина, бо чӣ фикре бояд ба рухсатӣ рафт?
- Ҳама чиз бастагӣ ба ҳолате мебошад, ки бо он ба рухсатӣ меравед. Маъмулан мо кор карданро то ҳадде дӯст медорем, ки қудрати нишастан дар маҳалли кор ва дидани ҳамкоронро надошта бошем, дар ин сурат афкор дар инҷо манфӣ хоҳанд буд, на хушоянд. Аммо худро ба он хотир набояд маломат кард. Арзёбии вазъият дар ин маврид ниҳоят муҳим аст: чӣ гуна ба ин ҳолат расидед? Чӣ эҳсосе доред? Оё ба худ иҷозати истироҳатро медиҳед? Ба истироҳат, оромиш ва ғундоштани ҳавоси худ тамаркуз кунед.
- Оё мешавад, ҳамаи ҳамкорону дӯстонро мутмаин кард, ки дар давраи рухсатӣ шумо вуҷуд надоред?
- Ин ҳолат низ нишондиҳандаи ба ҳадди ифрот зиёд кор кардан аст: "ё ман нестам, ё дар рухсатӣ худро пурра ба кор мебахшам". Аксар вақт мехоҳед, ки дар тӯли рухсатӣ "нопадид шавед", то марзҳои шахсии шуморо касе халалдор насозад. Бо вуҷуд, инро метавон на бо иҷтиноб, балки бо иҷоза додан ба худ барои муҳофизат аз марзҳои шахсиатон роҳаттар кунед. Шумо ҳақ доред, ки ҳангоми рухсатӣ ба зангҳои корӣ ва саволҳо посух надиҳед ва бо ин роҳ шумо марзҳои шахсии худро ҳифз мекунед. Бо ин ҳол, баъзан ҳолатҳои фаврӣ ва фавқулоддае ба миён меоянд, ки мумкин аст назари шумо низ мавриди ниёз бошад. Ман тавсия медиҳам, ки вазъиятро аз мавқеияти бузургсолона арзёбӣ ва таваҷҷуҳ кунед: марзҳои шахсии ман нақз мешаванд дар рухсатӣ ё ин ҳақиқатан ҳам зарур аст?
- Чӣ тавр аз кор ба истироҳат бояд гузашт?
- Дар ҳафтаи охир қабл аз рухсатӣ муҳим аст, ки тамоми лоиҳаҳои худро ба поён расонида, корҳоеро, ки ба амал мебароред ба ҳамкоронатон супоред. Омодагии ҳамвор ба рухсатӣ ба шумо имкон медиҳад, то ба ин давра оромона ворид шавед ва худро фориғбол эҳсос кунед. Муҳим аст, ки рухсатии худро бо рӯйдодҳое, ки аз онҳо лаззат мебаред, барномарезӣ кунед. Агар рухсатӣ аз ифроти "ман кордӯст ҳастам" то ифроти "ман ҳеҷ кор намекунам" бошад, дар ин сурат каме истироҳати ҷисмонӣ вуҷуд хоҳад дошт, аммо он ҳолат зуд бармегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, то ба таври аслӣ ва рангоранг истироҳат кард.
- Оё метавон телефонро комилан хомӯш кард?
- Ин масъала ба марзҳои шахсии шумо низ марбут аст. Агар посух надодан ба силсилаи номаҳо ва зангҳои воридотӣ паёмадҳои манфӣ надошта бошанд, пас хомӯш кардани телефон ва ворид нашудан ба роёнаҳои корӣ воқеан ҳам роҳаттар аст. Инчунин, метавон миқдори вақтеро, ки дар соатҳои корӣ дар телефони худ сарф мекунед, маҳдуд созед. Ҳар чанд гоҳе барои мо муҳим аст, ки аз телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ фосила бигирем, то ҷараёни иттилооти аз берун воридшударо коста гардонем, вале ин як кори фардӣ аст. Ба худатон ва он чӣ барои шумо эҳсоси роҳатӣ меоварад руҷуъ кунед: хомӯш кардани телефон бароҳат аст, пас хомӯш кунед, муҳим он аст, ки бо худ бояд созиш дошта бошед.
- Оё зарур аст, ки василаҳои роёнаро ҳангоми рухсатӣ бо худ гиред ё тамоми чизеро, ки аз кор хотиррасон мекунаду корро ба истироҳаткунанда наздиктар месозад, дар хона гузоред?
- Кор бахши муҳим аз зиндагии мо аст, аммо он набояд тамоми ҳаёти моро банд кунад. "Оё зарур аст, ки тамоми василаҳои роёнаро, ки аз кор хотиррасон мекунанд бо худ гиред?" Бастагӣ ба навъи рухсатӣ дорад. Тасмим гиред, ки чӣ корро хоҳед кард, оё ин василаҳо он ҷо лозиманд? Истифодаи онҳо то чӣ андоза воқеӣ аст? Оё барои истифодаи онҳо макон, хоҳиш ва фазо вуҷуд дорад? Масалан, ман як бахши олии худро дорам, ки бо майл ба навиштани китоб, роёнаро ба рухсатӣ бо худ мебарам, вале бахши воқеии ман дар рухсатӣ ин роёнаро накушода, аз истироҳат лаззат бурд. Дарки ин нуқта муҳим аст, ки навиштани китоб низ кор аст.
- Ба ҳисоби миёна барои оромиш ва истироҳати пурраи шахс чӣ қадар вақт зарур аст?
- Ба ҳисоби миёна барои аз кор таҷрид кардан, ба рухсатӣ мутобиқ шудан, истироҳат кардан ва ба кор пазмон шудан ду ҳафта кифоя аст. Бо вуҷуди ин, ҳамаи чиз бастагӣ аз навъи робитаи шумо бо коратон дорад. Агар худро ба кори дилнохоҳ маҷбур кунед, мутаассифона, рухсатӣ кумак нахоҳад кард, зеро мумкин аст пас аз бозгашт ба кор, ҳолатҳои манфии гузашта дар шакли тақвиятшуда дамида бароянд.
- Дар рухсатӣ чӣ корҳоеро набояд анҷом дод?
- Аксар вакт шахс рухсатиро барои кор дар хона мегирад, зеро вақти муносиб барои нигоҳубини хоҷагӣ ва боғро наметавонад пайдо кард. Тағйири фаъолият таҷрид мекунад, вале ин истироҳат ҳисоб намешавад. Шумо на истироҳат мекунед ва на нерӯи тоза мегиред. Аз ин рӯ, дар тӯли рухсатӣ кор кардан тавсия дода намешавад. Метавон кор дар хона ва боғро ҳамчун саргармӣ анҷом диҳед, аммо на дар ҳадди хастагӣ.
- Чӣ бояд кард, агар ба ташвиш афтодед ва гузаштан ба реҷаи истироҳат ғайриимкон аст?
- Барои муқобила бо изтироб метавон тамринҳои нафасӣ ва медитатсияро оғоз кард. Медитатсия барои муттавақиф кардани ҷараёни афкор, эҳсоси худ дар инҷо ва ҳоло, эътимод ба бадан ва ҷаҳони худ кумак мерасонад. Агар медитатсия ҳам кумак накунад, он гоҳ муҳим аст, то сабабҳои изтиробро тафтиш ва пайдо кард. Инро метавон тавассути худтаҷзия ва ё машварат бо равоншинос анҷом дод.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед