
Фирор аз хона барои тамрин: Чӣ гуна духтари деҳотӣ мураббии бадансоз шуд?
Нашр шуд
Насиба Карликова дар ноҳияи Ёвон таваллуд шуда, ба воя расидааст. Аз кӯдакӣ рӯҳи озодӣ ва бартарӣ дар вай ҳоким буд. Насибаи хурдсол аз синфи дуюм ба қадре дилбохтаи варзиш буд, ки ҳатто ба хотири тамрин аз хона фирор мекард. Худи мураббӣ иқрор мешавад, ки дар маконе ба воя расидааст, ки духтарон дар варзиш ҷой надоштанд. Ба гуфтаи Насиба, дар ҳар ноҳия ва ё минтақаи берун аз шаҳр арзишҳои дигаре вуҷуд доранд, ки духтар дар 17-солагӣ бояд издивоҷ кунад ва дар хона биншинад. Аммо чунин ҳолат ба ақидаҳои дунявии қаҳрамони мо мухолифат мекард, зеро ӯ аз рӯи хислаташ инсёнгари аслӣ буд.
Дар мавриди роҳёбии Насибаи хурдсол ба касби варзишӣ, дар матлаби мо бихонед.
Мушкилу пурталотум
-Насиба, бигӯед, ки чӣ тавр шумо мураббии андом шудед? Оё дар ибтидои роҳи пешгирифтаи шумо ягон мушкилие пеш омада буд?
- Ман фикр мекунам, ки «гирифторӣ» бо варзиш ва тамрин ин тақдири азалӣ ва кори тамоми ҳаёти ман аст. Дар ибтидо ман аз хурдсолӣ вориди варзиш шудам. Дар он давра ман ин фурсатро аз ҷомеа ва волидонам ҳазф мекардам. Ман бо каратэ шуғл мекардаму, дар ин ҷода аз пирӯзиҳои зиёд ва таҷрибаи ғанӣ бархӯрдор гаштам. Дар мавриди тамрини бадан бояд бигӯям, ки ин ҷодаро ман аз синни 16-солагӣ пеша кардам ва дар як вақт ба тамрини андом низ таваҷҷуҳ зоҳир намудам. Дар 19-солагӣ саҳнаи варзиши ҳирфаиро тарк намуда, комилан ба тамрини андом рӯ овардам. Ман намехостам дар ин ҷода собиқаи корӣ созаму, умдатан бо далели нигоришҳо ва далелҳое, ки бояд таҳсил кунам, оиладор шавам, дар вазифаи “муқаррарӣ” на ҳамчун мураббӣ кор кунам.
Соли 2021 дарк намудам, ки каратэ ҷодаи ман нест ва ба фаъолият ба ҳайси мураббии андом шуруъ намудам. Баъдан ба интихоби корманд дар Crocus Fitness Душанбе роҳ ёфта, то ифтитоҳи он ба кор шуруъ намудам. Алъон, албатта, шавқам ба ҳунарҳои размӣ кам нашуда, дар ҷодаи муҳориба бидуни қоида ва ҷудо шуғл варзида, дар як вақт кӯдаконро бо нозукиҳои каратэ низ омӯзонида истодаам.
-Дар ибтидо волидону наздиконатон ба интихоби шумо чӣ гуна муносибат доштанд? Алъон эҳсоси мутафовите доранд?
-Дар кӯдакӣ албатта модарам мухолиф буданд, вале матонат ва хислати ғаюри ман кори худро анҷом дод. Ҳоло наздиконам маро комилан дастгирӣ мекунанд, зеро дар зиндагӣ пайдо кардани мавқеи худ хеле муҳим аст.
- Бигӯед, ки ҳоло бо чӣ кор машғулед, бо кадом варзиш шуғл доред? Чӣ чизеро бештар дӯст медоред?
- Ҳоло саъй дорам, то ба тамринотам вақт бигзорам, аммо ин хело мушкил аст, зеро ба сурати инфиродӣ тамрин медиҳам, ки боздеҳи зиёдеро талаб мекунад. Айни замон ба ҷудо шуғл дорам ва ин ҷодаро хело дӯст медорам. Ҳамчунин замонеро барои тамриноти қудратӣ ихтисос медиҳам, зеро мураббии андом бояд ба мақоми худ мутобиқат дошта бошад.
- Холкӯбии зиёде доред. Оё ба хотири онҳо ба интиқод дучор шудаед?
- Айни замон ман 8 холкӯбӣ дорам. Ҳар боре мегӯям, ки ин холкӯбии охирини ман аст ва инак теъдоди онҳо то ба 8 расидааст. Аксар вакт дучори интиқод мешавам, зеро ҳар кас мудохила ба ҳаёти шахсии маро қарзи худ шуморида, кӯшиш дорад, то ин иқдоми маро нодуруст инъикос кунад. Ман ба чунин вокуниши наздиконам одат кардам ва ба он умуман таваҷҷуҳе надорам. Ман ҳар як холкӯбии баданамро дӯст медорам, онҳо барои ман хеле муҳиманд.
Волидон дар мавриди холкӯбиатон чӣ муносибате доранд?
-Аз 17-солагӣ, метавон гуфт, мустақилона зиндагӣ мекунам ва аз таҷрибаи шахсиям медонам, ки ҳаёти ҷудогона аз волидон ба робита бо онҳо таъсири мусбӣ мерасонад, яъне муошират дар сатҳи калонсол бо калонсол, на калонсол бо кӯдак сурат мегирад. Дар чунин ҳолат маъмулан калонсолон якдигарро хуб мефаҳманд ва метавонанд ба як қарори муштарак оянд. Модарам холкӯбиро қабул надорад, вале мефаҳмад, ки ин бадани ман ва бо он чӣ кор карданро танҳо худам тасмим мегирам.
Дар мавриди мурабии бадансозӣ
-Насиба, агар фарде барои аввалин бор бо муштоқ будан ба дунёи варзиш назди шумо биёяд, машғулиятҳоятонро чӣ гуна баргузор ва аз куҷо шуруъ мекунед?
- Қабл аз ҳама эҳтиёҷоти ӯро муайян мекунам: чаро ба толор омад, чӣ натиҷае мехоҳад ба даст орад, чӣ қадар омодаи тамрин аст. Сипас дар мавриди саломатӣ, аломати манъ, фаъолияти ҷисмонӣ ва ғайра пурсиш мешавад.
- Кадом қисмати тамрин мавриди алоқаи бештари шумо қарор дорад?
-Ин замоне аст, ки шумо кор мекунед ва метавонед тахассусияти худро ба як фард мунтақил кунед, вақте ки ӯро меомӯзед ва барномаеро ба таври возеҳ барои дархосту қобилияти як фард месозед, то ӯ онро пазируфта бошаду ба худ ҷабр накунад. Ба ман маъқул аст, вақте ки мизоҷи ман тамринро бо ҳисси қаноатмандӣ тарк кунад ва ин бароям як ангезае дар роҳи тавсеаи бештаре дар ин ҷода мебошад.
- Мушкилтарин қисмати коратон кадом аст?
- Аз ҳама мушкил ин аст, ки рӯи як фард кор кунӣ, вале бар ивази ин аз ҷониби ӯ ягон иқдоме пеш гирифта намешавад ва тамоми саъю кӯшиши шумо беқадр мегардад. Кори мураббӣ бо зертобеаш дар фоизнокӣ 50/50 аст, яъне ман 50 фоизи нерӯямро сарф мекунаму, боқимонда 50 фисади дигарро шогирдам - ин ҳамеша натиҷаи хубро ба бор меорад. Дар баробари ин хуношомҳои энергетикӣ низ мавҷуданд, ки комилан тавсеаи додаи мураббиро риоя намекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ дар доираи тарҳи таълим ва ғизо фаъолият накарда, пас аз як моҳ бидуни ҳеҷ коре толори варзиширо тарк мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои бузург ба толори варзишӣ омадаанд. Ман ҳамеша мегӯям, ки одамон солҳои зиёд барои сохтани ҷисмашон сарф мекунанд, низомро бе вайрон кардани реҷаи ғизо, машқ ва хоб риоя мекунанд. Аммо бо нафароне, ки дар як моҳ натиҷаро ба даст оварданианд, кор кардан ниҳоят мушки ласт. Ман ҳамоно аз кор бо ин гуна одамон даст мекашам.
– Боз ягон саргармии дигареро низ доред?
– Амалан замоне барои саргармии нав боқӣ намемонад, вале ман девонавор ошиқи кӯҳҳо, табиат ҳастам ва дар сурати имкон саъй мекунам то ба саёҳат бароям, солҳои тӯлонӣ рассомӣ яке аз сагармии дӯстдоштаи ман буд, вале ҳоло дигар расм намекашам.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед