Ru  | Tj
«Ороиши ҳунарии рӯй аз Tik-Tok». Чӣ гуна ҷавонон ба рӯю сурати худ шоҳкорӣ наққошӣ мекунанд?
«Ороиши ҳунарии рӯй аз Tik-Tok». Чӣ гуна ҷавонон ба рӯю сурати худ шоҳкорӣ наққошӣ мекунанд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола

«Ороиши ҳунарии рӯй аз Tik-Tok». Чӣ гуна ҷавонон ба рӯю сурати худ шоҳкорӣ наққошӣ мекунанд?

Нашр шуд

Мӯйҳои рангоранги равшан, ороиши ғайриоддии рӯй, усули ғайримаъмули либоспӯшӣ - одатҳои фарқкунандаи ҷавонони муосир аст. Бо пайдоиши Tik-Tok баъзеҳо мехоҳанд, ки симои зоҳирии худро ба сурати ғайриоддӣ ороиш диҳанд, аз ин рӯ, тасмим гирифтем, доир ба якчанд навъи ороиши ғайриоддии рӯй ба шумо маълумот диҳем. Ҳамчунин, донистан мехоҳем, ки миёни ҷавонони тоҷик низ шояд чунин нафароне бошанд, ки ороиши ғайримаъмули рӯйро дӯст доранд. Умуман, нигоҳи атрофиён ба ин намуди ороиш чӣ гуна бошад?

24–уми марти соли 2021 блогери машҳур Карина Karrambaby дар навори нави худ дар бораи “Асрори зебоӣ” барои Vogue сухан гуфт. Ӯ дар ин навор чӣ гуна барои видео «Ороиши ҳунарӣ» истифода бурданро шарҳ дод.

Ба андешаи ӯ аксарияти ҷавондухтарон дар ороиши рӯйи худ аз ранги сафед истифода мебаранд. Карина аз хурдӣ филмҳои аниматсионии ҷопониро зиёд тамошо мекардааст ва аз ин рӯ, дар ороиши рӯйи ӯ низ унсурҳои ин филмҳо дида мешаванд.


«Ба рӯям гузоштани ашёҳои гуногунро хеле дӯст медорам. Ман ба рухсораам гулҳои сунъӣ ва табииро бо ширеш мечаспонам ва дар ороиши рӯйи худ аз рангҳои гуногун ва парҳои ҳархела истифода мебарам. Ҳамчунин, ба рӯям расми қаҳрамонҳои дӯстдоштаи худро мекашам».


Имрӯзҳо ин блогер тасвирҳои зебоеро эҷод мекунад, ки он дар сомонаҳои иҷтимоӣ диққати ҷавононро зуд ба худ ҷалб менамояд: чашмони калон, мижгонҳои ғафс ва мӯйҳои рангоранг ва рангҳое, ки ҳар лаҳза симои Каринаро дигар мекунанд.


Блогери дигаре, ки миёни истифодабарандагони TikTok маҳбубияти хосаро касб кардааст, Белла Порч ном дорад. Ин блогер на танҳо наворҳои ҷолиб, балки оҳангҳои хубро низ замзама намуда, дар саҳифаи худ мегузорад. Ҳамчунин, ӯ бо номи «Белла» фирмаи ороиши рӯйро таъсис додааст.

«Ман дар хурдӣ филмҳои антиматсиониро зиёд тамошо мекардам ва медидам, ки дар онҳо духтаракон рухсораҳои гулобӣ доранд. Ин ба ман хеле писанд омада буд ва тасмим гирифтам, ки худро шабеҳи онҳо кунам ва ба навор гирам. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ман дар офтоб сиёҳ шудаам, аммо барои ман чунин симо хеле писанд аст» - мегӯяд Белла.


Шояд шумо ҳам фикр кунед, ки рухсораҳои доғдорро чӣ гуна пӯшонидан мумкин бошад? Инро мо ба шумо мегӯем. Нахуст рӯятонро пурра рангубор кунед, сипас ба рухсораатон ранги сурхи равшан бимолед. Бояд гуфт, ки Белла ҳангоми ороиш аз шоткачаҳо истифода намебарад. Ӯ бо дасташ рӯяшро оро медиҳад, зеро ба андешаи ӯ тавассути даст фаҳмидан мумкин аст, ки ороиш кофӣ аст ё не.


Ҷавондухтари дигаре, ки бо ороиши ғайриоддии рӯйи худ аллакай симои махсуси худро сохтааст - Ясмина Лоренс мебошад.


Ӯ нахустин образи худро баҳори соли 2019 дар саҳифаи иҷтимоии худ гузошт ва яку якбора 2000 тамошобин пайдо кард. Ҳаводорони ӯ ҳамеша образҳои офаридаи Ясминаро дастгирӣ карда, дар ин самт ба ӯ илҳом мебахшанд.


Ясмина мегӯяд, ки гулҳо низ ба вай илҳом мебахшанд.


«Ман мехоҳам зебогии гулҳоро дар чеҳраи инсонҳо нишон диҳам, аз гули офтобпараст шурӯъ намуда, то гули садбарги камёфт».

Ӯ мегӯяд, ки албатта ин тарзи ороишаш ба ҳама писанд намеояд, аммо ҳар як шахс андешаву нигоҳи худро дорад, аз ин рӯ, ӯ ба ин аҳамият намедиҳад.


«Бадхоҳон рамзи саҳифаи маро шикастанд, мудате аз ин кори худ даст кашидам, аммо ба зудӣ дубора ба кори худ шурӯъ намудам. Ин дафъа тасмим гирифтам, ки аз ороишоти косметикӣ истифода намоям» - мегӯяд Ясмина дар бораи нақшаҳои ояндаи худ. 

Ба андешаи мо ин навъи ороиш хеле зебо ва ғайримуқараррӣ аст, шумо ба «ороиши ҳунарии рӯй» (арт-макияж) чӣ назар доред?


“TikTok -хӯрока”: 4 дастурамале, ки ба омода кардан меарзад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед