Ru  | Tj
Топ 10 саҳифаи омӯзишӣ дар “Instagram”-и тоҷикӣ: Аз техникаву забономӯзӣ то тиҷорату ҳуқуқшиносӣ
Топ 10 саҳифаи омӯзишӣ дар “Instagram”-и тоҷикӣ: Аз техникаву забономӯзӣ то тиҷорату ҳуқуқшиносӣ
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Топ 10 саҳифаи омӯзишӣ дар “Instagram”-и тоҷикӣ: Аз техникаву забономӯзӣ то тиҷорату ҳуқуқшиносӣ

Нашр шуд

Аксар ҳолат калонсолон ҷавононро барои зиёд истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мекунанд ва хоҳони онанд, ки ҷавонон беҳуда вақташонро зоеъ накунанд, зеро ба фикре ҳастанд, ки аз фазои маҷозӣ фоидаи модиву маънавӣ гирифтан номумкин аст. Албатта, аз як ҷониб онҳо ҳақ доранд, зеро қисме аз ҷавонони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ба саҳифаҳое обуна мешаванд, ки фароғатӣ ҳастанд ва аз онҳо фоида бардошта наметавонанд. Вале аз ҷониби дигар, дар  “Instagram”-и тоҷикӣ кам нестанд саҳифаҳое, ки ба обуначиҳояшон дар соҳаҳои гуногун маълумоти муфид пешниҳод мекунанд. Мо дар матлаби зер доир ба 10 саҳифаи Instagram-и тоҷикӣ мегӯем, ки омӯзишӣ ҳастанд ва мақсади муайяни фоидаи маънавӣ расониданро доранд.

“Омӯзиши забони русӣ” – забони русӣ аз сифр

Саҳифаи мазкур дар Instagram-и тоҷикӣ аз ҷумлаи саҳифаҳои омӯзишиест, ки ба қавле бо тартиби муайян ба обуначиҳо дарсҳо пешниҳод мегарданд. 

Дар саҳифаи “Омӯзиши забони русӣ” муаллиф худро нишон намедиҳад ва дар дасрҳои муайян доир ба мавзӯъҳои муҳими омӯзиши забони русӣ мегӯяд. Барои мисол, дар дарси 14 доир ба ҷумлаҳои содаи забони русӣ гуфта мешаваду дар дарси 17 дар бораи ибораҳои забони русӣ. 

Гуфтан мумкин аст, ки то чанде пеш дар саҳифаи мазкур танҳо омӯзиши забони русӣ тариқи аксҳо сурат мегирифт, вале ҳоло дарсҳо ба таври видеоӣ ва ҳам дуовоза пешниҳод мегарданд. 

Мубориз Аҳадов – омӯзиши навгониҳои техникӣ

Мубориз Аҳадов, як ҷавони тоҷик, ки ҳоло  дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунад, дар саҳифааш  ҳамарӯза ба обуначиҳояш дар бораи навигариҳои техника ва технология маълумот медиҳад.

Дар мавриди таъсиси саҳифааш муаллиф чунин мегӯяд: “Кори маслиҳатдиҳӣ ё худ омода кардани наворҳо дар шакли “лайфхак” дар фикри ман набуд, балки чанде пеш мушкили насбу коркарди барномаи “Чӣ гап” пеш омад, худам омӯхтам ва ҷараёни корро видео карда, дар интернет гузоштам. Наворро мардум бисёр хуб қабул карданд ва аз ҳамон вақт омодаву пахши ин гуна наворҳо бароям шуғл шуд”. 

Мубориз барои наворҳояш бо ду роҳ мавзӯъ меёбад: худаш ҷустуҷӯ мекунад, ки дар олами техника чӣ навгонӣ аст ва дуюм, обуначиҳояш ба ӯ саволҳои нофаҳмояшонро пешниҳод мекунанд, то мушкилоташонро ҳал кунад. Масалан, чӣ тавр метавон паёмҳои несткардашудаи мухотабро дар паёмрасони “WhatsApp” мутолиа кард? Ё чӣ тавр метавон тарзе паём навишт, ки пас аз хондани мухотаб паём худ аз худ нест шавад?  

Дар ин самт, Мубориз Аҳадов ният дорад, ки то қадри имкон донишҳои техникии ҷавононро баланд бардорад.

Рабонӣ Воҳидов – ҳаёт ва тиҷорат дар Хитой 

Рабонӣ дар саҳифаи худ доир ба ҳаёту кор дар Ҷумҳурии халқии Чин ба обуначиҳояш маълумот медиҳад. Ӯ бо наворҳои кӯтоҳи худ содаву фаҳмо маълумоти заруриро пешниҳод мекунад. 

Номбурда асосан дар саҳифааш ба саволҳои маъмулии “Чӣ тавр ба Хитой рафтан?, “Дар Хитой чӣ гуна таҳсил кардан?”, “Дар Хитой чӣ тавр кор ёфтану кардан?”, “Дар Хитой чӣ тавр мавқеъ ёфтан?” ва “Дар Хитой чӣ тавр ба тиҷорат машғул шудан?” ҷавоб медиҳад.  

Ҳамчунин, Рабонӣ аз маконҳои диданиву даркории мардум наворҳои зиёд пешниҳод мекунад. Масалан, дар як навор ӯ ба телефонбозор меравад ва доир ба нарху навои телефонҳо ба обуначиҳояш маълумот медиҳад. 

Дар баробари ин, муаллифи саҳифа доир ба таълиму тарбия ва фарқиятҳои фаҳмишу дарки тоҷикистониёну хитоиҳо наворҳои зиёд пешкаш мекунад.

“Qonun.tj” – маслиҳатҳои ҳуқуқӣ

Дар саҳифаи “Qonun.tj” маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон дода мешавад. Муаллифи ин саҳифа ҳоло кӯшиш карда истодааст, ки ҳамарӯза наворҳои гуногун омода кунад ва манзури обуначиҳояш гардонад. 

Ӯ мавзӯъҳои муҳимми рӯзро интихоб карда, аз шарҳи ҳуқуқӣ медиҳад. Барои мисол дар як навораш мегӯяд: “Мутобиқи моддаи 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масъалаҳои тиббию гинетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳо ба таври ройгоҳ ва бо ризоияти шахсони никоҳкунанда анҷом дода мешавад. Аз он ки баъзеҳо ҳуқуқи худро намедонанд ва барои ин намуди хизматрасонӣ пул медиҳанд, хато мекунанд ва бояд ҳар нафаре, ки пул хост, ин моддаи кодексро ёдовар шаванд”. 

Инчунин, дар саҳифаи “Qonun.tj” муаллиф ба саволҳои обуначиҳояш, ки дар шарҳи наворҳо пешниҳод мекунанд, ҷавоб меӯяд.   

Умар Азизов – маслиҳатдиҳандаи масоили тиббӣ 

Дар фазои маҷозӣ бисёранд нафароне, ки доир ба масоили тиббӣ ба обуначиҳояшон маълумот диҳанд, вале дар сегменти тоҷикии интернет ин тавр нест. 

Умар Азизов яке аз табибони ҷавонест, ки дар Instagram ба обуначиҳои бешумораш доир ба дилхоҳ нофаҳмиҳои тиббӣ маълумот медиҳад. 

Ӯ доир ба муҳимтарин мавзӯъҳо, ки ба дарди мардум бармехӯранд, суҳбат карда, паҳлӯҳои мусбату манфии онҳоро мегӯяд. Масалан, дар бобати дорунависиву доруфурӯшӣ чунин мегӯяд: “Мешавад ҳолате, ки мо ба беморон дору менавсем, вале онҳо аз дорухонаҳо ба мо занг мезананд ва мегӯянд, ки доруфурӯш доруи навиштаи шуморо надорад ва мегӯяд, ки аз он беҳтарашро медиҳад. Дар ин ҳолат бояд бигӯям, ки ҳар кас кори худро кунад ва корафтодагон доруҳои тавсиядодаи духтурро харидорӣ намоянд, зеро кори духтур ташхису пешниҳоди дору асту кори доруфурӯш танҳо фурӯхтан”. 

Саидмурод Давлатов – тиҷорат ва худинкишофдиҳӣ

Саидмурод Давлатов, тоҷир, муаллими тиҷорат ва директори Маркази байналмилалии рушди инсон – “Само” дар Instagram-и тоҷикӣ мавқеи устувори худро дорад. 

Номбурда дар саҳифаи  Instagram-и худ доир ба мавзӯъҳои гуногуни муҳим, ки бисёртар ба тиҷорату худинкишофдиҳӣ ҳастанд, маълумот медиҳад. 

Ӯ дар бораи фоидаҳои истироҳат кардан, сайёҳат рафтан, тавлид кардани умед дар худ, боварӣ ба худ, тиҷоратсозӣ, пеш бурдани тиҷорат, бо маош зиндагӣ кардан, пул ҷамъ кардан ва ғайраҳо ба таври содаву фаҳмо ба мардум мегӯяд. 

Ҳамчунин, Саидмурод Давлатов дар саҳифаи худ ба пахши мустқим баромада, дар мавзӯъҳои муайян суҳбат мекунад ва ба саволҳои обуначиҳояш ҷавоб медиҳад.

Некрӯзшоҳ – гӯяндаи ногуфтаҳои ҷавонон

Дар хориҷи кишвар бисёранд ҷавононе, ки бо истифода аз интернет барои ҳамсолони худ маслиҳатҳои зиёд медиҳанд, онҳоро ба роҳе талқин мекунанд, барои онҳо китоб менависанд ва аз таҷрибаҳову хатоҳои худу замони худ мегӯянд, вале дар мо ин ҳолат мушоҳида намешавад. Мо дар Instagram-и тоҷикӣ ҷавонеро пайдо кардем, ки мисли хориҷиён барои ҳамсолонаш аз шунидаву донистаҳояш мегӯяд, китобҳои мотиватсионӣ менависаду мефурӯшад, аз навгониҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аввал худ бохабар шуда, пасон ба дигарон маълумот медиҳад.

Некрӯзшоҳ дар саҳифаи Instagram-аш ба ҷавонон доир ба навигариҳои Instagram-у TikTok маълумот медиҳад. Мақсадаш аз ин кор он аст, ки ҷавонон дар бораи ҳар падидаи шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти кофӣ дошта бошанду ба фиребу найранги дигарон дучор нашаванд.

“Zabon.tj” – омӯзиши забони тоҷикӣ 

Дар сегменти тоҷикии интернет бисёранд саҳифаҳое, ки тоҷикон ба мо забони хориҷӣ меомӯзанд, вале саҳифаи “Zabon.tj” ба обуначиҳояш доир ба забони ноби тоҷикӣ маълумот медиҳад. 

Дар саҳифаи Zabon.tj Осим Орифпур, муаллими забони тоҷикӣ ба обуначиҳояш забони тоҷикиро ба таври содаву фаҳмо меомӯзонад. 

Дар ин саҳифа асосан муаллиф мавзӯъҳои содаи забони тоҷикӣ, аз қабили овозҳо, ҳиҷо, зада ва ғайраҳоро омӯзонида, барои рушди омӯзиши забони тоҷикӣ саҳм гирифта истодааст.

“Забономӯз” – омӯзиши забони англисӣ

Саъдӣ Тоирзода, муаллифи аввалин саҳифаи омӯзиши забони англисӣ бо номи “Забономӯз” барои тоҷикзабонон аст. Номбурда забони англисиро ба таври онлайн бо забони тоҷикӣ ва ройгон меомӯзонад. 

Агарчи Саъдӣ муаллими касбии забони англисӣ аст, вале ҳоло дар саҳифаи Instagram-аш бештар калимаву ибораҳои лаҳҷавӣ ва кӯчагиро ба таври ғайриоддӣ омӯзонида истодааст. Масалан, “бра ғам нате”, “ба гуфтан осонай”, “кори т набоша”, “калата кор фармон” ва ғайраҳо. 

Гуфтан ба маврид аст, ки муаллифи саҳифаи  “Забономӯз” дар ҳоли ҳозир барои шавқовар шудани омӯзиши забони англисӣ худро дар ҷойи ду нафар мегузорад, яъне якеро шогирд дигареро устод, ё якеро кор афтодаву дигареро кордон. Ӯ ба ҳамин тарз ба воситаи як қаҳрамонаш саволро мепурсаду ба воситаи нафари дигар ба он ҷавоб мегӯяд. Ҷавоб ба ҳар саволу нофаҳмӣ оддӣ, сода ва фаҳмо мебошад. 

Зайниддин Каримов – омӯзиш ба воситаи дигарон 

Саҳифаи Зайниддин Каримов дар Instagram омӯзишӣ аст. Ӯ худ ба обуначиҳояш чизе намеомӯзонад, балки ба воситаи дигарон ин корро амалӣ менамояд. 

Номбурда дар саҳифааш бисёртар бо чеҳраҳои муваффақи кишвар доир ба масоили гуногун мусоҳиба анҷом медиҳад. Барои мисол, ӯ бо Ганҷина Махсудова доир ба ҳаёту кори як донишҷӯ дар Туркия, бо Фаррух Умарӣ доир ба соҳаи IT, бо гурӯҳи ҳаҷвии Zanjabil bro доир ба ҳаҷв, бо Мубориз Усмонов доир ба ҳадафгузорӣ ва қадам гузоштан ба сӯи он, бо Азизҷон Азимӣ доир ба касби оянда суҳбат мекунад. 

Суҳбатҳо дар пахши мустақим доир мешаванд ва инчунин шакли пурраи онҳо дар саҳифаи мазкур сабт мегарданд.


“Албатта муваффақ хоҳед шуд”. Олимҷону Таҳмина чӣ тавр муаллим, блогер ва маслиҳатчӣ шуданд?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед