Ru  | Tj
Аз Абдулҳамид Самад то Сатторзода: Насли калонсоли тоҷик дар “Facebook” чӣ мегӯянд?
Аз Абдулҳамид Самад то Сатторзода: Насли калонсоли тоҷик дар “Facebook” чӣ мегӯянд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Аз Абдулҳамид Самад то Сатторзода: Насли калонсоли тоҷик дар “Facebook” чӣ мегӯянд?

Нашр шуд

“Facebook” ҳоло майдони озодеро мемонад. Майдоне, ки дилхоҳ нафар аз он ба таври бояду шояд истифода карда метавонад. Дуруст аст, ки имкони ин шабакаи иҷтимоӣ боиси тавлиди саҳифаҳои зиёди бидуни ҳадаф ва “фейк” гардидааст, вале фаъол будани саҳифаҳои донишмандони соҳаҳои мухталиф, ки намояндагони насли калонсоли мо ҳастанд, аз ҳар ҷиҳат барои насли нав омӯзанда мебошанд.

Мо дар матлаби зер доир ба саҳифаҳои фаъоли “Facebook”-и тоҷикӣ мегӯем, ки намояндагони насли калонсоламон то қадри имкон фикру ақидаи худро вобаста ба соҳаи худ иброз медоранд.

Абдулҳамид Самад – Нависандаи халқии Тоҷикистон

Абулҳамид Самад, яке аз нависандагони дӯстдоштаи насли мо ҳам ба наздикӣ дар Facebook саҳифаи худро фаъол карданд ва ҳоло бо ҳаводорони худ дар иртибот ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир дар саҳифаи мазкур як акси Абдулҳамид Самад ҷойгир карда шудааст, вале боварӣ дорем, ки нависандаи маҳбуб дар оянда аз осори худ ҳам барои мухлисон он ҷо мегузоранд. 

Ҳоло саҳифаи Абдулҳамид Самад дар Facebook ҳудуди 1635 обуначӣ дорад.

Урун Кӯҳзод – Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дар Facebook-тоҷикӣ номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Кӯҳзод ҳам ҳаст ва он хеле фаъол мебошад. 

Ба иттилои дастрас, саҳифаи Урун Кӯҳзодро духтарашон пеш мебарад ва ба ҳар саволу паём ҳатман аз ҷониби нависанда ҷавоб мегардонад.

Саҳифаи мазкур солҳои зиёд аст, ки фаъол мебошад, вале то ҳол дар он аз осори мавсуф чизе монда нашудааст, балки бисёртар паёму шодбошиҳои мардум ба устод дарҷ гардидаанд. Ҳоло он 2648 обуначӣ дорад. 

Абдунабӣ Сатторзода - профессор

Донишманди маъруфи тоҷик Абдунабӣ Сатторзода ҳам дар Facebook  саҳифаи худро доранд ва бо дӯстону шогирдон дар робита ҳастанд. Эшон ҳоло 1166 дӯсти маҷозӣ доранд.

Мавсуф вақтҳои охир дар саҳифаи худ чизе намегузоранд, балки дӯстони маҷозӣ саҳифаашонро бо навишҳои худ пур мекунанд. Вале дар шарҳҳои матолиби гуногун фикри Абдунабӣ Сатторзодаро вохӯрдан мумкин аст, ки созанда ҳастанд.

Абдуқодир Рустам – донишманди тоҷик

Бешак метавон гуфт, ки дар миёни корбарони калонсоли Facebook-и тоҷикӣ Абдуқодир Рустам фаъолтарин нафар ҳастанд. 

Абдуқодир Рустам қариб ҳамарӯза дар саҳифаи худ матлаб нашр мекунанд, ба шарҳҳо ҷавоб медиҳанд ва матолиби писандидаи худро бознашр менамоянд.

Навиштаҳои Абдуқодир Рустам дар Facebook мавзӯи рӯз мебошанд. Рӯзе аз таълиму тадрис мегӯянд, рӯзи дигар аз баҳсҳои бефоидаи мардум, рӯзе дар бораи дурӯғ мегӯянду рӯзи дигар барои беҳбудии ҷомеа пешниҳоде мекунанд. 

Ёдовар мешавем, ки Абдуқодир Рустам дар Facebook моҳи сентябри соли 2012 саҳифаашонро фаъол карда, ҳоло шумораи дӯстонашон ба 4940 нафар расидааст. 

Аскар Ҳаким – Шоири халқии Тоҷикистон

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон ҳам дар Facebook аз ҷумлаи фаъолон маҳсуб меёбанд.

Мавсуф дар Facebook шеърҳояшонро бо аксҳои мувофиқ мегузоранд, вобаста ба мавзӯъҳои рӯз фикрашонро менависанд ва дӯстону наздиконро ба санаҳои муҳимми ҳаёташон табрик мекунанд.

Шоири тоҷик солҳои зиёд аст, ки корбари фаъоли Facebook  мебошанд ва ҳоло шумораи дӯстонашон ба 3711 нафар расидааст.  

Нурулло Абдуллоев – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон

Ҳунарманди театру синамо ва ровии шинохтаи тоҷик – Нурулло Абдуллоев чанд сол мешавад, ки дар Facebook дар қатори фаъолон ҳастанд.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар Facebook монолог менависанд, монологҳои солҳои пеш навиштаашонро бознашр мекунанд, наршҳои барномаи “Беғараз панди ман”-ро аз YouTube мубодила менамоянд. 

Ҳамчунин, Нурулло Абдуллоев ба шарҳҳо ва паёми шахсӣ бисёр зуд ҷавоб медиҳанд. 

Қироншоҳ Шарифзода – устоди ДМТ

Ба ному насаб ва аксҳои Қироншоҳ Шарифзода, устоди факултети журналистикаи ДМТ дар Facebook  саҳифаҳои зиёд мавҷуд аст ва оне ки ҳоло фаъол асту устодро ёфтан мумкин аст, дар худ 489 нафарро ҷамъ овардааст. 

Қироншоҳ Шарифзода солҳои зиёд аст, ки дар ин шабакаи иҷтимоӣ фаъол ҳастанд. Эшон доир ба масъалаҳои доғ фикри худро баён мекунанд, матолиби ба ақидаашон мувофиқро мубодила менамоянд ва ҳамчунин дар зери навиштаҳои дигарон шарҳ менависанд.

Ҷовид Муқим - профессор

Ҷовид Муқим, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии факултаи журналистикаи ДМТ ва журналисти варзида ҳастанд. Эшон ҳоло дар саҳифаи худ 1916 дӯст доранд.   

Профессор дар Facebook навиштаҳои худро мегузоранд, мушоҳидаҳояшонро менависанд, доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз фикрашонро баён мекунанд, матолиби блоги шахсияшонро мубодила менамоянд ва дар ғаму шодии дӯстони маҷозӣ шарик мешаванд.

Ҳамчунин, мавсуф дар Facebook гурӯҳе бо номи “Маҳфили “Анис” доранд, ки доир ба маҳфили инфиродияшон дар факултети журналистикаи ДМТ маълумот нашр мекунанд.

Ҳуриннисо Ализода – раиси Шӯрои ВАО

Ҳуриннисо Ализода, журналист ва раиси Шӯрои ВАО аз ҷумлаи корбарони фаъоли Facebook мебошанд. Эшон корбари фаъол ба маънои томаш ҳастанд. 

Мавсуф дар саҳифаи худ доир ба мавзӯъҳои мубрам фикрашонро баён мекунанд, шеърҳо мегузоранд, матолиби дигаронро, ки писанд ҳастанд, мубодила мекунанд, дар шарҳо фикрашонро мегӯянд.

Дар ҳоли ҳозир саҳифаи журналистро 4686 нафар пайгирӣ мекунад. 

Бобоҷон Шофеъ - рӯзноманигор

Журналисти соҳибноми мо Бобоҷон Шофеъ ҳам яке аз фаъолони Facebook-и тоҷикӣ мебошанд. Эшон ҳоло 4997 дӯсти маҷозӣ доранд, ки бо гумони ғолиб дар саҳифаашон се дӯсти дигар қабул мекунанду халос.

Бобоҷон Шофеъ Facebook-ро ҳам минбари андеша, ҳам ҳамчун макони тарғиби сомонаи Китобхонаи миллӣ ва ҳам майдони баҳс истифода мекунанд. 

Рӯзноманигор вобаста ба масоили гуногуни ҷомеа фикри худро баён мекунанд, матолиби фоидаовари сомонаҳоро мегузоранд ва кӯшиш мекунанд, ки дар баҳсҳои ин майдон ақидаи худро баён кунанд.

Аҳмадшоҳ Комилзода - профессор

Дар рӯйхати корбарони фаъоли Facebook аз ҳисоби насли калонсол номи донишмани тоҷик Аҳмадшоҳ Комилзода ҳам дар сархат аст. 

Дар саҳифаи Аҳмадшоҳ Комилзода корбарон матолиби гуногунро, аз ҷумла фикру ақидаи эшон нисбат ба ҳоводиси рӯзро дида метавонанд.

Эшон дар Facebook аз моҳи январи соли 2011 фаъоланд ва ҳоло 4869 дӯст доранд.

Ёдгори Нозир - роҳбари маркази матбуоти “Барқи тоҷик”

Журналист ва роҳбари Маркази матбуоти “Барқи тоҷик”- Ёдгори Нозир аз миёни насли калонсон дар қатори фаъолон ҷой гирифта, дар саҳифаи худ 4826 дӯсти маҷозӣ доранд.

Дар саҳифаи Facebook-ии Ёдгори Нозир корбарон зиёдтар аз ҳама ба шеърҳои эшон дучор меоянд. Устод бештар шеърҳои ишқӣ мегузоранд ва ҳамчунин дар баҳсҳо фаъол ҳастанд.

Марям Давлатова - равоншинос

Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик дар миёни бонувони тоҷик яке аз корбарони фаъоли Facebook маҳсуб меёбанд.

Эшон дар саҳифаашон андешаи худро доир ба масоили гуногуни ҷомеа баён мекунанд, матолиби гуногунмазмуну гуногунжанрро мубодила менамоянд, ба саволҳои корбарон посух мегӯянд ва шеърҳо нашр мекунанд.

Хулоса

Будани насли калонсол барои насли мо бисёр фоидаовар аст. 

Як нафар аз таҳлилҳои Абдуқодир Рустам чизе ба худ мегирад...

Як нафар фикру назари Абдунабӣ Сатторзодаро дар гуфтораш истифода мебарад...

Як нафар ба дидгоҳи Аҳмадшоҳ Комилзода шинос мешавад...

Як нафар ба Урун Кӯҳзод саволе медиҳад...

Як нафар шеъри нави Аскар Ҳакимро мехонад...

Як нафар ба эҷоди нави Абдулҳамид Самад ошно мешавад...

Як нафар дар симои Ҳуриннисо Ализода аз ҷасорату матонати зани журналист огаҳ мегардад...

Як нафар барномаи “Беғараз панди ман”-и Нурулло Абдуллоевро мебинад...

Як нафар ба андешаҳо ва мушоидаҳои Ҷовид Муқим хубтар шинос мешавад...

Як нафар бо худи Бобоҷон Шофеъ шинос мешавад...

Як нафар аз матолибу шарҳҳои Қироншоҳ Шарифзода муаммоеро барои худ мекушояд...

Як нафар аз саҳифаи Ёдгори Нозир шеъреро интихоб карда, ба дӯстдоштааш равон мекунад...

Як нафар аз маслиҳатҳои Марям Давлатова истифода мекунад...

Хуллас, насли калонсол барои мо ҳамеша омӯзанда ҳастанд ва буданашон дар Facebook сифати ин шабакаро барои тоҷикон беҳтар мекунад.


Падидаи Даря: Маҳбубияти дубораи силсилафилми тасвирӣ дар “Tik-Tok”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед