Ru  | Tj
“Албатта муваффақ хоҳед шуд”. Олимҷону Таҳмина чӣ тавр муаллим, блогер ва маслиҳатчӣ шуданд?
“Албатта муваффақ хоҳед шуд”. Олимҷону Таҳмина чӣ тавр муаллим, блогер ва маслиҳатчӣ шуданд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“Албатта муваффақ хоҳед шуд”. Олимҷону Таҳмина чӣ тавр муаллим, блогер ва маслиҳатчӣ шуданд?

Нашр шуд

Имрӯз ҷавонони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо вақт мегузаронанд, балки меомӯзанду донишҳояшонро тақсим мекунанд. Halva.tj оилаи ҷавонеро пайдо кард, ки гарчӣ худро дар Instagram “оилаи оддӣ” муаррифӣ кардаанд, донишҳои доштаашонро ғайриоддӣ ба обуначиҳояшон меомӯзонанд.

Ҳамсуҳбатони мо як оилаи ҷавон – Олимҷон Ҷӯраев ва Таҳмина Саидова мебошанд, ки дар Instagram саҳифае бо номи “JSENG” ба роҳ мондаанд ва он ҷо ба ҳамсолони худ забони англисиро ба таври осону фаҳмо меомӯзонанд.


Аз набудани “шефи хона” то афсӯси кори нокарда

- Бисёр кам мо якбора бо ду нафар суҳбат мекунем. Нахуст бигӯед, ки ба саволҳо ҳарду мустақил посух мегӯед ё бо ҳам ҳамфикр шуда, як ҷавоб медиҳед?

- Беҳтараш варианти дуюм, яъне бо ҳам ҳамфикр шуда, якҷо ҷавоб медиҳем.

- Шумо дар фазои маҷозӣ бисёр маъруфед ва худатонро “оилаи одӣ” муаррифӣ намудаед, чаро чунин?

- Барои он ки мо як оилаи ҷавони оддии тоҷик ҳастем. Муаллими забони англисӣ, тютор, блогер ва маслиҳатчӣ, ки мехоҳем ба ҳар ҷавони тоҷик забони хориҷиро ҳамчун як забони осонфаҳм ва шавқовар нишон диҳем.

- Шумо дар чӣ гуна оила таваллуд шудаед, дар чӣ гуна муҳит ба воя расидаед, дар чӣ гуна мактаб таҳсил кардаед?

- Мо дар оилаи одӣ ба воя расидаем. Ягон мактаби махсуси забономӯзӣ нахондаем. Ман Олимҷон дар Литсейи инноватсионии "Душанбе"-и Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон таҳсил кардаам, ва Таҳмина бошад, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28 – ро хатм намудааст.

- Дар мактаб ба ҷуз фанҳои таълимӣ боз чӣ омӯхтед?

- Мактаб ба мо нишон дод, ки чӣ хел дӯсту душманро фарқ кунем ва бидонем, ки дӯсти ҳақиқӣ кисту ёри бевафо кист.

- Шумо дар кадом донишгоҳ хондаед?

- Ман Олимҷон хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошам ва Таҳмина – ҳамсарам Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм кардааст.

- Аз рӯи ихтисос чӣ касб доред ва ҳоло дар куҷо кор мекунед?

- Аз рӯи ихтисос ҳардуямон забоншинос – тарҷумони забони англисӣ ҳастем ва инчунин таҷрибаи зиёда аз 5 сол, яъне аз даврони донишҷӯӣ дар соҳаи педагогӣ дорем. Ҳардуямон айни ҳол дар маркази омӯзишии “PROGRESS.TJ” кор мекунем.


- Дар рушди шахсии Шумо нақши волидон ва аҳли оила то кадом андоза назаррас аст?

- Барои Олимҷон саҳмгузори асосиаш дар рушди шахсӣ ин падараш мебошад, ки ҳамавақт барои пешравӣ ва омӯзиш ӯро рӯҳбаланд кардааст ва барои Таҳмина низ саҳми волидайн дар рушди шахсӣ бениҳоят мақоми хоса дорад. Дар навбати худ, аз ин минбар ба саҳҳомони ҳаётамон арзи сипос мекунем.

- Шумо чӣ гуна бо ҳам шинос ва чӣ гуна оиладор шудед?

- Дар ин мавзӯъ китобҳо навиштан мумкин, чун таърихи ишқи мо ё ба қавле “love story”- и мо хеле ҷолиб, дарднок ва пурасрору фантастикӣ мисли филмҳои туркӣ аст. Кӯтоҳ карда гӯем, махсусан ҳамин забони англисӣ буд, ки моро ба ҳамдигар наздик намуд, чунон наздик, ки оқибат ба ҳамдигар оиладор шудем. Ва ҳоло шукргузор ва хеле хурсанд ҳастем, ки дар зиндагӣ якдигарро дар ҳама масъала мефаҳмем.


- Ҳамон тавре ки мо шуморо дар наворҳоятон ором, самимӣ ва боэҳтиром мебинем, дар зиндагии шахсӣ ҳам чунинед?

- Албатта, имиҷе, ки мо дар наворҳо ба мардум нишон медиҳем, аз зиндагии шахсӣ ягон фарқият надорад. Чун мо дар наворҳо дарс мегӯем, на ин ки нақше меофарем.

- Дар оила “шефи хона” кист?

- Дар оилаи мо чунин фаҳмиш ҳамчун “шеф” ё “зур” вуҷуд надорад. Асоси оилаи мо ин аз ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмат бунёд ёфта, ҳар кас вазифаи худро иҷро мекунад.

- Дар оиладорӣ аз ҳама чизи муҳим чист?

- Қадрдонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстдорӣ, дастгирӣ, ҳурмат, ҳамфикрӣ ва дар ҳар ҳолати душвори зиндагӣ барои якдигар ҳамчун сутуни оҳанин пуштибон будан.


- Ба фикри худатон аз якдигар чӣ қарздоред?

- Мо ҳоло як духтарча бо номи Танзила дорем. Таҳмина ба ман ваъда додааст, ки дар оянда соҳиби як фарзанди дигар мешавем. Ман бошам, бояд Таҳминаро ба Туркия ба тамошо барам. Ин аст қарзҳои мо аз ҳамдигар, агар инҳоро ҳамчун қарз гуфта тавонем.

- Одатан дар мо волидон ба оилаҳои ҷавон кӯмак мекунанд, бигӯед, ки барои пешбурди зиндагии шумо касе кӯмак мекунад ё кӯмаки волидайнро қабул мекунед?

- Бале, одатан дар оилаҳои тоҷик чунин аст, вале дар оилаи мо ҳамин ки соҳибмаълумот шудиву ҳамчун шахси бавоярасида кор карданро сар кардӣ, дигар бояд мустақил бошиву бори зиндагиро бар душ гирӣ. Лекин агар волидайн кӯмак кунанд, албатта, қабул мекунем.

- То имрӯз дар якҷоягӣ чӣ коре кардаед, ки аз он фахр кунед?

- Албатта ин кушодани саҳифаи таълимӣ бо номи “JSENG” дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Мо ифтихор мекунем, ки мардум ба мо бовар мекунанд ва ҳамчун муаллими хуб пазируфта, ҳурмат мекунанд. Ё вақте шогирдони муваффақи моро мепурсанд, ки аз кӣ омӯхтаед, онҳо номи моро мегиранд ва ин барои мо як фахр аст.


- То имрӯз дар якҷоягӣ чӣ коре кардаед, ки аз он пушаймон шуда бошед?

- Дурусттараш гӯем, чӣ коре накардаем, ки аз накардани вай пушаймонем. Мо мехостем, баъди издивоҷ ба хориҷа рафта фаъолияти худро давом диҳем, аммо бо сабаби ба таъхир гузоштани ин кор ва баъдан таваллуди фарзанд ва инчунин хурӯҷи пандемия рафта натавонистем, аз ҳамин чиз каме пушаймонем.

- Дар оила ҳам шавҳар ва ҳам ҳамсар муаллим – блогер бошанд чӣ хубиву чӣ бадӣ дорад?

- Хубияш ин ки ҳардуямон дар як вайб (мавҷи ҳаётӣ) ҳастем ва ҳамеша ҳамдигарро аз як нигоҳ мефаҳмем. Бадияш, баъзе нафароне ҳастанд, ки аз ҳисси бахилӣ ё бадбинӣ дар Instagram шаҳрҳои дурушт менависанд ва ин барои мо хеле ногувор аст.


Баробарӣ дар кор, фаҳмиш ва рисолату вазифаҳо

- Шумо ҳоло дар Instagram саҳифае доред бо номи “JSENG”, чаро “JSENG”?

- Калимаи “JSENG” акроним мебошад ва дар шакли пурра чунин аст “J” – Juraev (насаби ман), “S” – Saidova (насаби ҳамсарам) ва “ENG”- English яъне забони англисӣ.

- Идеяи бунёди “JSENG” кай ва чӣ гуна пайдо шуд?

- Мо мехостем, як саҳифаи дарсии худро дошта бошем ва дар интихоби номи саҳифа хело зиёд андеша кардем. Билохира, идея бори аввал ба сари Таҳмина омад ва ба ман хело ҳам маъқул шуд, ҳамин тавр, “JSENG” пайдо гардид.

- Шумо дар пештоқи Instagram-атон “омӯзиши англисии ғайриоддӣ” навиштаед, инро чӣ шарҳ медиҳед?

- Мо чунин навиштаем ва дар ҳақиқат фикр мекунем, усули мо ғайриоддӣ мебошад. Чунки мо идеяҳоро барои видео аз ягон ҷо намегирем ба қавле копия (асардуздӣ) намекунем. Мехоҳем, ки ҳар видеодарси кӯтоҳе, ки мекунем дар ҳақиқат ба фаҳмиши мардуми тоҷик наздик бошад.

- Шумо дар Instagram калимаву ибора ва ҷумлаҳоеро тарҷума карда, мефаҳмонед, ки ба қавле халқӣ ҳастанду аз даруни дили мардум мебароянд. Бигӯед, ки тарҷумаи онҳоро чӣ тавр ва аз куҷо пайдо мекунед?

- Бо сабаби он, ки мо худамон забоншинос ҳастем, бо бисёр падидаҳое, ки дар ин ҷода пеши назар меоянд аллакай шинос мебошем. Вале асосан худи обуначиҳои саҳфаи мо чунин калимаҳои ғайриоддӣ ва лаҳҷавиро суол мекунанд ва кори мо ҳамчун лингвист кофта ёфтани эквиваленти дурусти калима дар забони англисӣ аст. Тарҷумаи калимаҳоро бошад, баъзан аз филмҳо ва аксари ҳол аз фарҳангҳои машҳуртарини забони англисӣ меёбем.


- Аз куҷо медонед, ки калимаву ибора ва ҷумлаҳое, ки шумо ба обуначиҳоятон тарҷума мекунед, барои онҳо фоидаовар ҳастанд?

- Аз таҷрибаи чандинсола маълум гардида аст, ки калимаву ибораҳое, ки мо тарҷума мекунем дар ҳақиқат барои гуфтугӯ лозим ҳастанд ва захираи луғавиро ғанӣ гардонида, барои пешбурди нутқи шифоҳӣ кӯмак мекунанд.

- Ба ин тарзе, ки ҳоло шумо ба обуначиҳоятон забони англисиро омӯзонида истодаед, то кадом андоза боварӣ доред, онҳо аз чунин шакли омӯзиш чизе бардошт мекунанд?

- Чунин шакл ҳамчун омӯзиши асосӣ он қадар самаранок нест. Чунки барои аз худ кардани забони хориҷӣ солҳо лозим ва меҳнати зиёд. Вале агар ҳамчун як усули иловагӣ гирем, масалан, барои аз ёд кардани луғатҳои нав, тарзи дурусти талаффузи калимаҳо, такрори мавзӯъҳои грамматикӣ бениҳоят хуб аст.

- Шумо барои пешбурди саҳифаатон дар Instagram вақт сарф мекунед, бигӯед, ки дар баробари сарфи вақт чӣ фоида мегиред?

- Рости гап, ҳоло ягон фоидаи молиявӣ нагирифтаем, вале ин фаъолияти мо моро рӯҳбаланд мекунад ва илҳом мебахшад, ки рушди шахсиро давом диҳем ва дигар ин, ки ҳангоми танзими наворҳо мо бояд якчанд маротиба онҳоро аз назар гузаронем ва ин боис мешавад, ки дарсҳо дар хотири мо нақш болои сангро монад.


- Кори саҳифаатонро дар миёни худ тақсим кардаед ё ҳар кадоме мувофиқи табъу завқи худ контент омода мекунад?

- Албатта тақсим кардаем ва пеш аз ба навор гирифтани ҳар як дарс бо ҳамдигар маслиҳат мекунем. Таҳмина асосан бо “сториз”-ҳо кор мекунад ва аксар вақт матни навор (скрипт) омода мекунад. Бар дӯши Олимҷон бошад, танзими наворҳо мебошад.

- Пайхас кардаед, ки мухлисон ё шогирдони кадоматон зиёданд?

- Фикр мекунем, ҳама моро ҳамчун як оила мебинанд ва мухлису шогирдонамон ҳам моро ҳамчун “JSENG” мешиносанд, на ин ки алоҳида-алоҳида.

- Дар оянда барои беҳтар кардани коратон чӣ нақшаҳо доред?

- Мехоҳем аз формати наворҳои кӯтоҳмуддати Instagram ба шабакаи YouTube гузарем. Чунки Instagram-ро аксарияти мардум ҳамчун як платформаи омӯзишии ҷиддӣ қабул намекунанд. Албатта, аллакай дар YouTube саҳифаи худро дорем, лекин он ҷо видео зиёд нест.

- Шумо дар саҳифаатон 16-уми сентябри соли 2021 акси сертификатҳоятонро гузоштаед ва он ҷо Олимҷон 89 хол ва Тахмина 90 хол гирифтаед, бигӯед, ки ҳоло кадоматон забони англисиро зиёдтар медонед?

- Рости гап, дар як сатҳ қарор дорем, лекин ҳамчун забоншинос Таҳмина беҳтар асту Олимҷон бошад дар гуфтугӯ ва нутқи шифоҳӣ.

- Забони хориҷиро донистан барои одам кадом намуди имкониятҳоро медиҳад?

- Бо донистани забони хориҷӣ ба шумо умуман дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ имкониятҳои нав кушода мешаванд. Ҳатто мувофиқи тадқиқотҳои илмӣ мағзи сари шахсе, ки ду ва зиёда забонро медонад дигар хел кор мекунад. Шумо метавонед, филмҳои дӯстдоштаатонро дар забони асл тамошо карда, ҳаловат баред, ҳама вақт дилпуред, ки дар тамоми нуқтаҳои кураи замин шуморо мефаҳманд. Ва албатта, омӯзиши дигар забонҳо барои шумо осонтар аст, чунки аллакай таҷрибаи забономӯзӣ доред.


- Чаро баъзеҳо мехоҳанд забондон бошанд, вале намехонанд?

- Барои он ки танҳо хостан кам аст, бояд дар баробари хоҳиш доштан, кӯшишу меҳнати зиёд намуд.

- Дар охир, маслиҳат ё тавсияҳои шумо ба ҳама забономӯзон, муаллимони ҷавон, оилаҳои ҷавон ва умуман ҷавонон...

- Агар дар зиндагӣ ба сари шумо ягон идеяи хуб омад, ҳатман онро иҷро кунед, ба таъхир нагузоред, нагӯед, ки ин намешавад ё ман наметавонам. Бовар кунед, идея як чизи қимматарин аст! Ва аз ҳама муҳим ба суханҳои бади мардум аҳаммият надиҳед, зеро мардум ба хубу бади мо камбудӣ меҷӯянду мегӯянд. Барои ҳамин, ба худ боварӣ дошта бошед ва албатта, ки муваффақ хоҳед шуд!


Ҳамеша роҳе ҳаст: Ҷойгузини YouTube, Instagram ва Facebook


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед