Беэътиноӣ ба озмунҳо, интиқоди доварон ва дурахши ситораи нав. Нахустин ғолиби озмуни байнулмилалии овозхонӣ Фаррух Ҳасанов кист?
Нашр шуд
Ҳаводорони ҳунари мусиқӣ иттилоъ доранд, ки чанде қабл овозхони ҷавони тоҷик Фаррух Ҳасанов дар мавсими панҷуми шоу-барномаи озмунии “Ну-ка, все вместе!”, ки аз сӯйи шабакаи телевизиёнии “Россия 1” пахш мегардад, сазовори мақоми аввал шуд. Ӯ дувумин тоҷик баъд аз Фахриддин Ҳакимов аст, ки дар озмуни “Ну-ка, все вместе!” иштирок кард. Фаррух дар даври ниҳоии озмун таронаи “Talking to the moon”-ро аз эҷоди Бруно Марс иҷро карда, маблағи пулӣ ба андозаи 5 милёни рубли русӣ бурд кард. Аммо Фаррух дар мусоҳибааш бо рӯзноманигорон тасдиқ кард, ки расман ба мукофоти пулии ӯ 1 милён рубли русӣ илова шудааст. Ба дунболи ин шаҳрдории Душанбе ба ӯ кошонаи сеутоқдор тақдим кард. Ҳамчунин номбурда бо унвони “Корманди мумтози фарҳанги Тоҷикистон” сарфароз гардид.
Дар зер муаллифи Halva.tj дар бораи ҷараёни озмун, фаъолияти эҷодӣ ва зиндагии шахсии Фаррух Ҳасанов қисса мекунад.
ҚАБУЛИ ПЕШНИҲОДИ УСТОД Ё ҲАВОДОР?
Зафар Абдуалимов, устод ва роҳнамои Фаррух Ҳасанов рӯзе ба шогирдаш занг зада, дар бораи оғози мавсими панҷуми шоу-барномаи озмунии “Ну-ка, все вместе!” хабар медиҳад ва пешниҳод мекунад, ки ба ин озмун дархост гузорад. Аммо Фаррух рӯзҳои наздик ба ИМА сафар доштанашро баҳона карда, маҳдуд будани вақташро мегӯяд. Устод кӯшиш мекард, то кадом андоза маъруф ва баландэътироф будани лоиҳаро ба Фаррух фаҳмонад, вале ӯ инро дарк намекард, то рӯзе ки...
Фаррух дар қаҳвахона менишаст ва чун ҳамаи ҷавонон машғули телефонбозӣ буд. Ногоҳ ба саҳифаи инстаграмии Фаррух як тан аз пайнавардонаш пайванди электронӣ ирсол карда, менависад, ки: “Салом, Ҳасанов. Бисёр мехостам, ки дар ин озмун ширкат варзед. Бовар дорам, ки пирӯз мешавед”. Ҳамин тавр Фаррух таваккал карда, дархости озмуни байнулмилалиро пур кард.
“Ростӣ мехостам вақти худро танҳо барои сайқал додани истеъдодам ба кор барам. Натиҷаи бебарори озмунҳо ба рӯҳияи ҳунарманд таъсири манфӣ мерасонад. Ман ба шаффофияти озмунҳо бовар надоштам. Мегуфтам, ки пушти ин сабқатҳо моҷароҳои пасипардагӣ мавҷуданд. Вале акнун фаҳмидам, ки андешаҳоям ба куллӣ нодуруст будаанд”.Ба гуфтаи Зафар Абдуалимов, рӯзе ба ӯ аз кумисюни қабули озмуни мазкур занг зада пурсидаанд, ки ҷавоне бо номи Фаррух аз Тоҷикистон дархости иштирокро пур кардааст, оё ӯро мешиносад? Зафар ба василаи ин занг огоҳӣ меёбад, ки Фаррух дарниҳоят ба тавсияи устодаш амал кардааст. Фаррух дар даври интихобӣ тариқи барномаи Zoom ҳунарнамоӣ карда муваффақ шуд ва ба даври ҳузурӣ роҳ ёфт. Дарзимн сабаби ба Зафар занг задани масъулини лоиҳа дар он аст, ки номбурда низ яке аз доварони озмун ба шумор меравад.
Фаррух мехост ҳамроҳи навозандагонаш Хусрав ва Суннатуллоҳ дар саҳнаи Маскав истеъдоди худро нишон диҳад, аммо мутасаддиёни озмун иҷоза надоданд ва гуфтанд, ки танҳо сароянда метавонад дар озмун ҳунарнамоӣ кунад.
ЧАРО 3 ДОВАРИ ОЗМУН БА ИШТИРОКДОРИ ТОҶИК ОВОЗ НАДОДАНД?
Ба андешаи Фаррух, “Ну-ка, все вместе!” душвортарин озмуни таронаҳо дар минтақаи пасошӯравист. Зеро дар дигар лоиҳаҳо, масалан дар озмуни “Голос” 3-4 кас доварӣ кунанд, дар ин озмун 100 кас дар курсии доварӣ менишинанд. Ба дили ҳар яки онҳо роҳ ёфтан кори саҳл нест. Дар озмун таснифро интихоб бояд кард, ки ба ҳама баробар писанд шавад ва иштирокдорро лозим меояд дар муддати 3 дақиқа истеъдоди худро нишон дода тавонад.
Фаррух ибрози назар мекунад, ки тарона набояд дар як оҳанг иҷро шавад. На танҳо дар озмун, балки берун аз он ҳам қабл аз ҳунарнамоӣ истифодаи оҳангҳои таронаро аз аввал то охири он барномарезӣ кардани овозхон мувофиқи мақсад аст.
Дар ин замина устоди Фаррух Зафар Абдуалимов меафзояд, ки ҳамчунин иҷрои бозхонӣ набояд чун нусхае пешниҳоди тамошобин гардад. Тавре худи Фаррух дар саҳнаи озмун навгониҳое ба суруд зам мекард, ки ин ба доварон писанд меуфтод. Зеро ҳакамон баъди шунидани иҷрои 4-5 иштирокдор хаста мешаванд, иштирокчиёни навбатӣ водоранд тавре ҳунар намоянд, ки ба доварон энержӣ бахшад.
Зафар ва Фаррух муддати 4-5 сол мешавад, ки бо ҳам ошноӣ доранд. Вақте навбати ҳунарнамоии Фаррух дар саҳна расид, Зафар барои тавлид нашудани андешаҳои нодуруст миёни танқидгарону тамошобинон аз минбари доварӣ поин омад ва ба пуррагӣ озмунро тарк кард. Сарфи аз ин доварон баъди ҳунарнамоии нахустини Фаррух назди Зафар истеъдоди баланди ин ҷавони тоҷикро меситоянд.
“Вақте пушти саҳна дар интизории навбати ҳунарнамоиям менишастам, ҳунарнамоии дигар иштирокдоронро таҳлил мекардам. Дар хотир мегирифтам, ки кадом ҳаракати садоии онҳо ба доварон ва тамошобинон писанд наомад, то хатои онҳоро такрор накунам”.
Аз ин рӯ ӯ ҷараёни ҳунарнамоияш кӯшиш мекард тамоми ҳиссиёташро дар саҳна ошкор кунад. Камбахтона дар даври ниҳоии озмун бархе аз доварон, аз ҷумла Сергей Лазеров аз ҳад зиёд худбовар будани Фаррухро насиҳатомез интиқод карданд. Лазеров бовар дорад, ки сабаби аз ҷо бархоста ба Фаррух овоз надодани се довари озмун низ дар ҳамин аст. Аммо дар асл бовар ними муваффақият аст, ки инро Фаррух дар саҳнаи бузурги Маскав исбот кард. Ва ин нахустин пирӯзии тоҷик дар саҳнаи байнулмилалӣ дар бахши овозхонӣ аст. Ин андешаро Зафар Абдуалимов таъйид мекунад ва дар ин баробар мегӯяд, ки: “Чоршанбе Аловатов низ барандаи озмуни овозхонӣ аст, вале он дар байни Осиёи Миёна буд, яъне минтақаӣ. Аммо дар ин озмун ҳатто аз Амрико иштирок мекунанд”.
Ба гуфтаи Фаррух, ӯ на аз ҳунарнамоӣ ва гирифтани баҳои баланди доварон, балки аз хондани паёмҳои инстаграмӣ ҳаловат мебарад. Ҳатто баъд аз иштирок дар даври нимниҳоӣ пайнавардонаш ба инстаграми ӯ то 10 ҳазор паёмаки шодбошӣ ирсол кардаанд.
НОБОВАРИИ ПАДАР ВА САРМОЯИ МОДАР
Овозхони боистеъдод Фаррух Ҳасанов 20-уми июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Модараш дар кӯдакӣ вайро ба мактаби мусиқии Миратуллоҳ Атоев мегузорад, вале баъд аз 3-4 соли омӯзиш Фаррух тарки ин мактаб мекунад. Мусиқӣ дар зиндагии ӯ ҳамчун саргармӣ боқӣ мемонад.
Падари Фаррух аз нахуст рӯз ба овозхонии писараш зид буд. Таъкид мекард, ки беҳтар аст забон ва ё касби падарӣ омӯзад. Вале модараш ҳамеша ӯро дар ин ҷода пуштибонӣ мекард. Маблағи пулие, ки модари Фаррух барои харҷи худ аз ҳамсараш мегирифт, барои овозхонии писар сарф мекард. Фаррух ёд меорад, ки сурудҳоро барои пахш ба телевизиёни “Баҳористон” ва радиёҳои пойтахт мебурд. Воқеъан дар расонаи иҷтимоъии YouTube намоҳанги Фаррухро пайдо кардем, ки дар васфи пойтахт таронахонӣ мекунад ва он солҳо тақрибан наврасе будааст 12-13 сола.
Баъд аз хатми мактаби миёна Фаррух бо хоҳиши волидон дар риштаи равобити байнулмилалӣ таҳсил кард ва ин ихтисос ба ӯ имкон дод, ки забони инглисиро беҳтар омӯзад. Ӯ ҳамчун тарҷумон тӯли ду сол фаъолият мекунад, вале муҳаббати мусиқӣ боз ҳам домонашро намегузорад.
Фаррух соли 2017 дубора ба муҳити эҷод баргашт. Фаъолияташро аз иштирок дар лоиҳаи репсароёни тоҷик “Садои кӯча” оғоз кард. Баъдтар ӯ аз пайи омӯзиши мусиқии ҳирфаӣ рафт.
Соли 2019 Фаррух бо ду нафар навозандааш Хусрав ва Суннатуллоҳ, бо продюсер ва менеҷер Фаридун Раҳимов ба ҳамкорӣ пардохтанд. Ин нахустин қадамҳои ӯ буд барои шинохта шудан дар олами мусиқӣ.
Рӯз аз рӯз пайнавардони Фаррух дар расонаи иҷтимоъии Youtube зиёд мешуданд ва маъруфияташ меафзуд. Дар давраи “тоҷвирус” ӯ низ мисли бештари овозхонҳои ҷавон ба пешбурди барномаи “чат-рулетка” дар Youtube рӯ овард. Сипас дар ошкада (рестурон) ва шабнишиниҳо бо навозандагонаш ба ҳунарнамоӣ пардохт.
Рӯзе ӯ пасандозҳояшро ба маблағи тақрибан 20 ҳазор сомонӣ ҷамъ карда оварду назди падараш гузошт. Падар бо ҳайрат мепурсад, ки ту як одами бекор ин пулҳоро аз куҷо дуздидӣ? Ин саволи падар Фаррухро аз таҳи дил механдонад ва сипас ҳисоботи пулҳои ҷамъшударо нишон медиҳад. “Падарам шӯхикунон гуфтанд, ки маро ҳамроҳат таблакзан намегирӣ?”, - бо лабханд нақл мекунад Фаррух.
Падари қаҳрамони мо соҳибкор аст, яъне ширкати хусусии бинокорӣ дорад. Аммо Фаррух аслан бо корҳои падар сарукор намегирад, яъне намехоҳад ҳеч баҳонае вайро аз мусиқӣ дур созад. Фаррух фарзанди бузурги оила аст ва баъд аз худ ду додар дорад.
ЧАРО ФАРРУХ ХУДРАВИ ХУДРО ФУРӮХТ?
Фаррух нахуст таронаҳои маъруфро бозхонӣ мекард. Вале ҳамакнун дар ин сабк сароидан намехоҳад, чун мехоҳад танҳо сурудҳои худро пешниҳоди ҳаводорон гардонад.
“Овозхон ҳар қадр зиёд бозхонӣ кунад, ҳамон қадр дар нақши дувум мемонад. Яъне шунавандагон ҳамеша хоҳанд гуфт муаллифи суруд фалонист. Аммо ман мехоҳам, ки ҳамеша дар нақши аввал бошам. Орзу дорам бо таронаҳои эҷодии худ дар варзишгоҳи бузург консерт гузорам ва онро пур аз ҳаводорони ашаддӣ бибинам”.Таронаҳои эҷодии Фаррух низ кайҳо маъруфият пайдо кардааст, ки унвони яке аз онҳо “Шейла” аст. Ба гуфтаи ӯ, сохтани ин таронаро ба яке аз дӯстони оҳангсози Фаррух шахсе аз доираи овозхонон супориш медиҳад. Вақте суруд омода мешавад, супоришдиҳанда хариди таронаро рад мекунад, чунки ӯ овозхони сурудҳои миллӣ буд. Оҳангсоз ба Фаррух занг зада, харидани ин сурудро пешниҳод мекунад. Аз чӣ бошад, ки Фаррух номи оҳангсозро ифшо накардааст, танҳо дар анҷоми намоҳанги “Шейла” номи муаллифи матн ва оҳанг Jenom Smile навишта шудаасту халос.
Ҳаводорони Фаррух огоҳанд, ки ӯ издивоҷ кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳамсарам ҳамеша аз ман менолад, ки рӯзҳои зиёд дар хона нестам, ман ба вай мефаҳмонам, ки зиндагии ҳунарманд чунин аст. Фаррух эътироф мекунад, ки бархе аз одамон ӯро худбин фикр мекунанд, аммо баъди ошноӣ бо ӯ хатои худро дарк мекунанд.
Ду сол қабл овозаҳо буд, ки Фаррух аз падар худрави нави тамғаи “Мерседес” туҳфа гирифтааст. Вале Фаррух дар мусоҳибаи худ иттилоъ дод, ки ӯ барои баргузории ҷашни домодияш водор шуд “Мерседес”-ро фурӯшад.
Фаррух намехоҳад аз ин ба баъд дар озмунҳо ширкат варзад. Ният дорад тамоми вақту нерӯяшро сарфи роҳи эҷод кунад ва рӯзе бо овозхони тоҷик Сафармуҳаммад Рустамов дуэт сарояд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед