Шарораи шеъргӯ. Розҳои нуҳуфтаи як духтари рустоӣ
Нашр шуд
Шарора Ниёзӣ. Ин ном ба хонандагони ашъори насли ҷавони Фейсбук ошност. Соҳиби ин номи зебо шеъру тарона менависад. Ҷойгоҳи каломи манзум дар рӯзгори ӯ жарф аст. Аслан номи ӯ Шарора нест, балки тахаллуси эҷодист, ё ба қавли дигар исми мустаор аст. Чеҳраи ӯ низ дар ин фазои маҷозӣ ошкор нест. Соҳиби ин тахаллуси ошнову чеҳраи ноошно дар суҳбат бо муаллифи Halva.tj дар бораии мушкили духтарони рустоӣ, орзу ва зиндагии худ ҳарф зад.
МУШКИЛКУШОИИ ФЕЙСБУК, Ё ЧӢ ТАВР ЛОЛА БА СИТОРАВУ ШАРОРА ТАБДИЛ ШУД?
Ӯ Лола ном дорад ва дар яке аз деҳаҳои дурдасти шаҳри Панҷиканд ба камол расидааст. Лола аз кӯдакӣ дилнавиштаҳое менигошт монанди тарона. Сипас ин истеъдод сайқал ёфт ва ӯ ба сурудани шеър оғоз кард. Лола пинҳонӣ шеър менавишт. Ҳарос дошт, ки касе аз перомунаш истеъдоди ӯро пайхас накунанд. Зеро мардуми минтақае, ки ӯ зиндагӣ мекард, ҳамеша рафтору кирдорҳои ҷавонони худро қазоват мекарданд. Ба қавли дигар, “духтар киву хонданаш чӣ” хоси гуфтори онҳо буд. Вале Лола мехост ба ҳар василае бошад, ҳарфҳои дили худро ба ихлосмандони адабиёт расонад.
“Фейсбук мушкилкушоям гардид, лекин мебоист худро пушти номи мустаор муаррифӣ кунам. Ба таври таваккал номамро Ситора навиштам ва ба нашри шеъргунаҳоям пардохтам. Аз тариқи ин олами маҷозӣ бо чанде аз шоирони ҷавон, аз ҷумла Родмеҳр Сулаймонӣ ва Мустафо Раҷабзод ошно шудам. Махсусан Родмеҳр барои ман чун ойина буд, иштибоҳи навиштаҳоямро мегуфт. Рӯз аз рӯз робитаи дӯстиам бо онҳо танготанг мегардид. Бо пешниҳоди ин бародарон табдили тахаллус кардам ва билохира шудам Шарора”.
Ба оҳистагӣ ашъори ӯ ҳаводорони худро пайдо мекард ва аз сӯйи шоирони шинохта баҳои баланд мегирифт. Ҳаводоронаш шеъру таронаҳои вайро дар саҳифаҳои худ ва гурӯҳҳои адабии Фейсбук ҳамрасонӣ мекарданд. Ҳамин тавр нахустин бор шеъри ӯ дар рӯзномаи “Паёми Суғд” бо ташаббуси шоир Насимбек Қурбонзод ба табъ расид. Сипас бо пуштибонии шоири шинохта Исмоил Зарифӣ намунаи ашъори Шарора дар маҷмуъаи “Бунафшаи Зарафшон” нашр гардид. Ҳамчунин аз ҷониби шоир барои иштирок дар Машварати адибони ҷавони Тоҷикистон, ки дар чор сол боре баргузор мешавад, тавсия дода шуд. Вале боз бо сабаби мавзуъи даҳони бефарози мардуми атроф нагардидан водор шуд даъвати иштирок дар ин ҳамоишро рад кунад. Аз даст додани чунин имкон барои ӯ бисёр аламовар буд ва оҳи дилашро ин тавр ба шеър омехтааст:
Ман ба тақдири Худо тан додам,
Ба ҳама дарду бало тан додам.
То ки бӯе набаранд аз дардам,
Зери лаб хонда дуо, тан додам.
Ё дар байте менависад:
Куштанд маро бар ивази ойина будан,
Аз кофарии ҷамъи мусалмон чӣ бигӯям?
“Духтари шарқ будан воқеъан масъулият аст. Лаҳзаҳое буд, ки ҳатто аз духтар будани худ бадам меомад (Худо бибахшад). Чунки аз навад дарсади хостаҳоям маҳдуд будам. Дуруст аст, ки волидони мо дар фикри фиреб нахӯрдану озор накашидани духтаронашон ҳастанд, аммо ҳама чиз ба худро идора кардани духтар бастагӣ дорад ва дар ниҳоди ҳар духтар як бабри мағруру қавӣ пинҳон аст”.
АЗ “ФАЗО” ТО ФАЗОИ МУҲАББАТ
Дар яке аз рӯзҳои баҳорӣ Лола барои ширкат дар барномаи фарҳангии “Фазо”-и телевизёни “Сафина” аз масъулини ин барнома пешниҳод гирифт. Ӯ аз ин пайки ногаҳонӣ хеле шод гардид, зеро муддатҳо буд, ки ширкати ҳамқаламонашро дар ин барнома пайгирӣ мекард. Шавқу ҳавас ба ҳисси тарс ғолиб омад ва фикри “мардум чӣ мегӯянд?”-ро як сӯ гузошт. Шарора ба таври қатъӣ ва бо риояи одоб аз аҳли оилааш барои сафар ба Душанбе иҷозат хост ва ҳамин тавр нахустин бор боҷуръат қадам гузошт.
Иштирок дар “Фазо” дар зиндагиаш нақши муҳим бозид. Нахуст ин ки ҳамдеҳагонаш суханронии Шарораро дар телевизён дида шод шуданд, яъне амали ӯро боифтихор қабул карданд ва ба ин васила ошкор шуд, ки ӯ шеър мегӯяд. Ин дарак медиҳад, ки ҳаросу ҳаяҷони чандинсолаи ӯ то андозае беҳуда будааст. Ва дувум, пахши ин барнома сабаб шуд, ки нимаи гумгаштаи қалбу вуҷуди Лола ӯро пайдо кунад. Ҷавоне аз сокинони пойтахт суханронии вайро тамошо карда, ошиқи Шарора гардида буд. Ҳангоме ҷавон хонаводаашро барои хостгории ин духтари ширинсухан равон кард ва онҳо якдигарро аз пеш диданд, дилҳояшон чун оҳанрабо ба ҳам пайваст. Оғози ишқ муборак шуд ва ҳоло соҳиби як дӯстрӯяки кӯчак ҳастанд.
ИНҚИЛОБИ ДУХТАРОНИ РУСТОӢ
Дар зодгоҳи Шарора одат ҳаст, ки духтаронро аз синни 15-16 фотиҳатӯй мекунанд. Ва баъд аз хатми синфи 11 дарҳол шуруъ мекунанд ба маросими арӯсӣ. Тибқи ин расму русуми деҳот, Лоларо низ ҳангоми 15 солагӣ хостгорӣ карданд. Вале ӯ ду пояшро ба як мӯза андохта, ҳамаи талабгоронро рад кард. Чунки бисёр мехост баъд аз хатми мактаб таҳсилашро дар донишгоҳ идома диҳад.
Ӯ аз он давра оғоз кард ба қолабшиканӣ. Кӯшиш мекард барои ҳамсинфу дугонаҳояш намуна бошад ва онҳоро низ барои идомаи таҳсил раҳнамоӣ кунад.
“Бо духтарон назди худ мақсад гузоштем, ки ҳатман донишҷӯ мешавем. Барои расидан ба ин орзу якдигарро пуштибонӣ мекунем. Воқеъан ҳар дафъа агар яке аз ҳамсинфонамро хостгорӣ мекарданд, назди модари ӯ рафта илтимос мекардам, ки орзуҳои дугонаамро поймол накунанд. Кӯшишҳоям бенатиҷа набуд, мо - ҳамаи духтарон, таҳсилро идома додем, ба ҷуз як нафар ҳамсинфамон. Ман низ агарчи намояндаи касби дӯстдоштаам буда натавонистам, вале ба ҳар ҳол соҳиби диплом шудам”.
“Омӯзгорӣ касби пуршараф ва масъулиятталаб аст. Шояд аз ин рӯ каме ҳарос дорам, то аз рӯйи ихтисосам фаъолият кунам. Ёдам ҳаст, ки овони хурдиам модарам зиёд бемор мешуду одатан дар бемористон мемонд ва ман аз дуриаш мариз мешудам. Ё агар дар хона бошад, то субҳ аз дард нолиш мекарду ман дар наздаш менишастам. Шояд аз ин хотир мехостам, ки духтур шавам ва ба дарди садҳо модар дармон бахшам”.
Шарора дар яке аз розгунаҳои худ аз тариқи муроҷиат ба модар навиштааст:
Ту медонӣ?
Аз он рӯзе ки дард омад суроғат,
Аз он шабҳо, ки биспурдӣ ба даргоҳи Худо оҳат
Ва ман ҳам заҷрҳоятро бидидам,
Варақ пушти варақ андӯҳ чидам...
Шарора имрӯз худ ҳамсар ва модар аст. Ҳадаф дорад, ки баъд аз бузургтар шудани фарзандаш ба таври ҷиддӣ дар майдони адабиёт қалам ронад ва аз пайи фаъолияти илмӣ бошад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед