Ru  | Tj
Бонуи ихтироъкор. Таҳмина аз донаҳои ангур равған ва аз ин равған сӯзишвории алтернативӣ ихтироъ кард
Бонуи ихтироъкор. Таҳмина аз донаҳои ангур равған ва аз ин равған сӯзишвории алтернативӣ ихтироъ кард
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Бонуи ихтироъкор. Таҳмина аз донаҳои ангур равған ва аз ин равған сӯзишвории алтернативӣ ихтироъ кард

Нашр шуд

Барандаи стипендияи президентии гимназияи №1-уми ноҳияи Қубодиён, иштирокдори фаъоли олимпиадаҳои фаннӣ, дорандаи дипломи сурхи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ - Таҳмина Маҳмудова факултети технологияи химиявии энергиябарандаҳои табиӣ ва маводҳои карбондорро соли 2014 бо ихтисоси муҳандис - химик – технолог ба итмом расонид. Ӯ хушбахт аз он аст, ки аз озмоишгоҳи таълимӣ барои донишҷӯён ба озмоишгоҳи илмӣ –тадқиқотии аспирантон, унвонҷӯён ва докторантон раҳ ёфта, домани таҳқиқу озмоишашро фарох кардааст.

“Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад”

Агар хоре бувад, гулдаста гардад», - гӯён таҳти роҳбарии устодаш Дилшод Иброҳимзода пайи ҷустуҷӯи навгонӣ гардид. Роҳбараш таваҷҷӯҳи шогирдро ба масъалаи аз партовҳои маишиву техникӣ ҳосил кардани сӯзишвории алтернативӣ ҷалб сохт.

Панҷ соли заҳматаш самар овард ва соли 2020 дар мавзӯи «Ҷанбаҳои физикию химиявии технологияи регенератсия ва безараргардонии як қатор равғанҳои техникӣ ва хӯрданӣ бо истифода аз гилхокҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ кард.

Таҳминабону номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калони кафедраи «Коркарди энергия­барандаҳо ва хизматрасонии нафту газ», ҳамзамон, муовини декан оид ба илм ба донишҷӯёни шартномавии факултети нақлиёти донишгоҳ аст. Гарчи  ҷавон асту ҳамсоли истиқлоли кишвар, вале ӯ тавониста, ки муаллифи 3 патент барои ихтироот, 1 монография, 2 санади татбиқ, 4 дастури таълимӣ бо унвонии «Химияи фенолҳо» (2016), «Химияи коллоидӣ» (2017), «Витаминҳо» (2019) ва «Химияи равғанҳо» (2021) ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ гардад.

Яке аз ихтирооти ҷолиби Таҳмина аз донаҳои ангур ҳосил кардани равған ва аз ин равған ҳосил кардани сӯзишвории алтернативӣ аст.

- “Дар коргоҳҳое, ки ангурро ҷабида, спирт ва машрубот истеҳсол менамоянд, донаҳои он партов ҳисобида мешаванд. Мо равғани ин донаҳоро ҷабида, баъдан дар асоси он бо усулҳои махсус дигар навъи сӯзишвории дизелиро ҳосил намудем, ки онро алтернативӣ мегӯянд. Истифода аз ин навъи сӯзишворӣ дар шароит ва иқлими Тоҷикистон хеле қулай аст. Одатан, ҳаракати мошинҳо дар баландкӯҳҳо аз норасоии оксиген суст ва ё пурра қатъ мегардад. Бартарии сӯзишвории алтернативӣ дар он аст, ки он дар таркиби худ оксигени омехта дошта, ин камбудиро рӯйпӯш менамояд дар натиҷа суръати ҳаракати мошин бетағйир мемонад ва сӯзишворӣ барзиёд масраф намегардад. Ин навъи сӯзишвориро на дар шакли тоза, балки бо омехтаи 1 бар 5 – 7 бо сӯзишвории муқаррарии дизелӣ истифода кардан ҷоиз аст”, - иброз дошт бонуи муҳаққиқ.

Соли 2020 тамсила ва видеолавҳаи ихтирои Таҳмина Маҳмудова ба 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор «KIWIE - 2020» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея фиристода шуд. Моҳи октябри ҳамон сол бо сабаби пандемияи коронавирус ширкат дар форум ба тариқи видеоконфронс доир гардиду Таҳмина барои ихтирои сӯзишвории алтернативӣ ба гирифтани медали тилло шарафёб гашт.

- “Ҳар як нақлиёт масофаи убури худро дорад, ки ба онҳо равғанҳои техникӣ ва нафтии воридотиро мерезанд. Ҳамин ки нақлиёт масофаи муайянро убур кард, равғани онро иваз бояд кард. Равғанҳои кӯҳна барои экология зарароваранд. Дар сурати ба хоку об рехтан ва ё сӯзондан, замину об заҳролуд ва ҳаво ғализ мегардад. Ҳадафи мо ҷамъоварии чунин партовҳои хатарзо ва бо истифода аз гилхокҳои маҳаллӣ (сорбентҳо) полондану безарар кардани онҳост. Хокаеро, ки равғанҳои оксидшударо ба худ меҷабад, метавон дар корҳои сохтмонӣ истифода бурду равғани тозаро дубора истеҳсол кард. Ба мисли ин, равғанҳои ғизоиро, ки беш аз ду маротиба бо ҳарорати баланд истифода мебаранд, онҳо аз худ моддаҳои заҳрдор (акролеини алдегид) хориҷ менамоянд, ки он ба саломатии одам зараровар аст. Бинобар ин, агар коргоҳе таъсис ёбаду чунин равғанҳои кӯҳнаро аз ошхонаҳо ҷамъоварӣ ва коркард намоянд айни муддао хоҳад шуд. Ин идея алҳол дар марҳилаи омӯзиш аст”, - гуфт Таҳминабону.

Шароити таҳсил ва гузарондани тадқиқоту озмоишҳо дар донишгоҳ хуб буда, баҳри ҳавасмандии донишҷӯён озмунҳои ихтироъкорони ҷавон васеъ роҳандозӣ мегардад. Донишҷӯёни лаёқатманд ва ихтироъкор ба гирифтани стипендияҳои донишгоҳ ба номи Менделеев ва Осимӣ қадрдонӣ мешаванд. Таҳмина Маҳмудова, ки яке аз дастпарварони донишгоҳ аст, замони донишҷӯӣ бо ташаббус ва навовариҳои хеш аз тамоми имтиёзҳо бархӯрдор буд ва имрӯз ҳамчун бонуи муваффақ дар омода намудани мутахассисони соҳа саҳми арзанда мегузорад.

- “Таҷрибаандӯзӣ барои омода кардани кадрҳои баландихтисос хеле муҳим аст. Агар имконият мебуд, донишҷӯён дар ҳар шашмоҳа ба муддати ду ҳафта ба корхонаҳо, мисли Тоҷикстандарт ва Маркази барқии гармидиҳии шаҳри Душанбе ба таҷрибаомӯзӣ рафта, дониши назариявиро дар амал татбиқ мекарданд. Албатта ба ин тариқ онҳо ҳамчун мутахассиси ботаҷриба баъди хатми донишгоҳ ба зуддӣ метавонанд ҷойи кори мувофиқ пайдо намоянд”, - изҳор медорад Т. Маҳмудова.

Таҳминабону, ки ихтирои худро борҳо дар озмоишгоҳ санҷида, патент ба даст овардааст, мегӯяд, барои ташкил намудани коргоҳи истеҳсоли сӯзишвории алтернативӣ сармоягузорӣ зарур аст.

- “Ба ихтирооти мо аз хориҷи кишвар таваҷҷӯҳ зиёд аст, зеро дар кишварҳои Аврупо, бахусус дар Олмон, ки нафту газ надоранд, аз сӯзишвории алтернативӣ васеъ истифода мебаранд. Ангишт доранд, вале нафту газ надоранд. Он ҷо аз ангишт синтез-газ ва синтез-бензин ҳосил менамоянд. Ҳоло дар донишгоҳ аспирантоне ҳастанд, ки аз ангишт, ки дар кишвари мо хеле зиёд аст, синтез-бензин ҳосил мекунанд. Ангиштҳое, ки нағз месӯзанду хокистарнокии кам доранд, зуд ба фурӯш мераванд, аммо конҳои зиёди ангишти нопӯхта дорем, ки аз онҳо метавон синтез-газ ва синтез-бензин ҳосил кард”, - ироа дошт ӯ.

Таҳмина Маҳмудова дар яке аз хонаводаҳои фарҳангии ноҳияи Қубодиён тарбия ёфтааст. Падару модари омӯзгораш се духтари хушахлоқу закиро ба воя расонда, ба зиндагии шоиста гуселондаанд. Таҳмина имрӯзҳо бахтиёру саодатёр аст, ки ҳамсари шафиқу ду ҷигарбанди ширингуна дорад. Фазои осоиштаи хонавода бо дастгириҳои ҳамсари дилбандаш, ки сартехнологи яке аз коргоҳҳои бонуфузи кишвар аст, ӯ тавониста, ба зинаҳои баланди касбӣ гом ниҳад ва дар рушди илми тоҷик ҳиссае аз худ боқӣ гузорад.


“Духтари фантастикӣ” ва Зебуннисои замон

Нилгуна

Муаллиф

Нилгуна

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед