Ru  | Tj
“Духтари фантастикӣ” ва Зебуннисои замон
“Духтари фантастикӣ” ва Зебуннисои замон
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

“Духтари фантастикӣ” ва Зебуннисои замон

Нашр шуд

Бурун орам аз замирам ҳама буғзу кинаҳоро,

Чу муборизи адолат ба дил инқилоб дорам.

Муаллифи ин мисраъҳои нобу равон шоири ҷавони 21-сола, дӯстдори каломи бадеъ, ҷоизадори озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020, ғолиби фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», ҷоизадори номинаи суханварии Фестивал- озмуни «Бӯстон – 2017» ва дигар озмунҳои ҷумҳуриявиву минтақавӣ Нодира Ханҷарова мебошад. Қаҳрамони қиссаи мо зодаи шаҳри Турсунзода буда, ҳоло дар риштаи рӯзноманигорӣ фаъолият дорад.

Ӯ, 9 сол дошт, ки ба машқи шеър машғул шуд. "Воқеан, он навиштаҳоям танҳо як машқ буд, тамрини қаламу майнаи сар. Инчунин, тақлид ба шоирони гузаштаю имрӯз", - мегӯяд Нодира.  Аввалин шеъре, ки ӯ ба риштаи қалам кашид дар васфи Ватан буд: 

Сарзамини нозанинам, эй Ватан!

Ҷаннати рӯи заминам, эй Ватан!

Нодира ошиқ аст, ошиқи Ватан, модар, табиати нотакрори ин сарзамини кӯҳанбунёд, ошиқи ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистони муқаддас. Ин ҳама муҳаббат ӯро пайваста илҳом мебахшанд. "Бим надорам, агар рӯзе аз ҳарорати баланди ин ишқ сӯхта хокистар шавам", мегӯяд ӯ. 

Ба андешаи шоири ҷавон ҳар кас бояд худро бисозад. Нафареро дар зиндагӣ идеал қарор додан, монанди тариқи чопгар (принтер) нусхабардорӣ кардани ҳуҷҷат ё тасвире мебошад. Офаридаи нав таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб месозад. Одамиро мебояд, ки пеш аз ҳама худро офарад. Дар мавриди шеър пайравӣ не, балки бештар мутолиа мекунад. Аз ашъори Ҷалолиддини Балхию Фахриддини Ироқӣ, устодон Гулрухсору Фарзонаю Озарахш, шоирони шаҳири Эрон Фурӯғу Сӯҳроб, шоири тасаввуфпардози туркзабон Машраб ва боз чандин шоироне, ки дар адабиёти муосиру ҷаҳон аз худ дурри бебаҳо гузоштаанд. "Дар роҳи эҷод пеш аз ҳама модари азизам раҳнамои мананд. Хоки пояшон шавам! Баъдан шоири шинохтаи тоҷик Абдуқаҳҳор Қосим. Он кас бароям на танҳо устод, балки падари маънавӣ низ ҳастанд". Ба андешаи Нодира эҷодкори асил ҳамонест, ки нигоштаҳояш барои ояндаи дур чун дурдона боқӣ мемонад.

"Фарз кардем баъд аз ҳазор сол аз навиштаҳои ман ақаллан ду байташ монанди мисраъҳои мондагори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мақоми волоро сазовор шавад, маълум мегардад, ки беҳуда хома надавондаам".- мегӯяд ӯ.

Аз орзу то амал...

Дастоварди назарраси Нодира ишғоли мақоми дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», буд, ки аз рӯи номинаи чорум "хондан ва азёд кардани адабиёти ҷаҳон" ба даст овардааст. Воқеан, озмун барои зиндагии ҳар як шахси китобхону китобдӯсти кишвар тавонист, ки бо нуру партави офтобиаш латофату обу ранги тоза бахшад. Эълони ин озмун аз ҷониби Сарвари хирадсолори кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ҳазорон нафар ҷавонону калонсолон гӯиё пайки осмонӣ буд ва тавонист монанди оҳанрабо сӯйи махзани хирад - китоб моил созад. Иштироки Нодира дар ин озмуни аз нури хирад муҷалло, сараввал бо хоҳишу иштиёқи худи ӯ, баъдан пешниҳоди қиблагоҳаш– Собир Ханҷаров сурат гирифтааст.  Нодира қисса мекунад, ки ҷараёни озмун бисёр ҷиддӣ буд. Ҳакамони сахтгиру донишманду нуктасанҷ мушоҳида мекарданд, ки аз ин пули “сироти маънавӣ” кадом довталаб метавонад гузар кунад. Ҳар як иштирокчие, ки қуллаи донишро фатҳ кардааст, барои ҳимояи манзалат ва боло бардоштани маърифати адабиаш, дар ҷанги ақлҳо муҳориба мекард. 

"Хушбахтона, толеи хуршедам нурпошӣ кард ва тавонистам дар ин муҳориба пирӯз шавам. Мо - ғолибони озмун то шуруъ гардидани маросими ҷоизасупорӣ, дар пушти пардаи толор чун бародару хоҳар бо меҳру муҳаббати самимӣ сӯҳбат доштем ва бо бисёри онҳо аҳди дӯстӣ кардем. Вақте ба ман, бо зикри ному насаб ҷоиза месупориданд, аз фарти шодию ҳаяҷон ҳатто гулдастаи тадорукот омодакардаро фаромӯш кардам, ки қабул фармоям.  Дар фарҷоми маросим қариб тамоми намояндаҳои ВАО ғолибону ҷоизадоронро дастаҷамъона расм мегирифтанд, то ин лаҳзаҳои фаромӯшношуданиро ба сафҳаи таърих сабт намоянд", - мегӯяд Нодира.

Қаҳрамони  қиссаи мо баъди  ҷоизадор гардидан дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» боз машғули мутолиаи китобҳои дигар ҳастанд ва теъдоди осори мутолианамудаи эшон ба тайи 400 адад расидааст. Воқеан, асарҳои адибони ҷаҳон ба рӯйи ҳар як хонанда дари як олами навро мекушоянд. Ҷаҳонбинии касро васеътар гардонда, зеҳну тафаккури шахс тезу нутқаш бурротар мегардад. 

Адабиёти ҷаҳон бартариятҳои хеле зиёд дорад. Аз осори адибони ҷаҳон «Ғӯрмагас” (Э. Л. Войнич), “Мартин Иден” (Ҷ. Лондон), “Савораи бесар” (Т. М. Рид), “Содиқ ё ки тақдир” (Волтер), “Пуаро ба тафтишот роҳбарӣ мекунад” (А. Кристи), “Ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холмс” (А. К. Дойл), “Се мушкетдор” (А. Дюма), “Шоҳзодаи хурд” (А. де Сент – Экзюпери), “Завол” (Р. Такур), “Рӯзҳои гузашта” (А. Қодирӣ), “Арӯси Фарғона” (Ҷ. Зайдон)  писандидатарин асарҳои мутолинамудаи Нодира ҳастанд. Ӯ мегӯяд, дар ҳамаи ин асарҳо адолат ва ҳақиқат, некӣ ва шараф мақоми муҳимро касб мекунад ва аз ин лиҳоз, ин осори номбаршуда дилашро тасхир кардаанд.

Нодира ба  хонанда маҳз, «Ғӯрмагас»-ро тавсия медиҳад, зеро қаҳрамони ҷасуру пухтакор ва дар сари мақсаду андешаҳояш устувор Артур Риварес, ки бо лақаби «Ғӯрмагас» маъруф аст, метавонад барои хонанда ҷасорату матонат ва дар ҳама ҳолат ба сахтию душворӣ тоб оварданро омӯзад. Ӯ, инчунин ба навиштани қиссаҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ машғул буда, гоҳ-гоҳ аз эҷоди шоирон диклома ҳам омода мекунад. Ба аккосӣ низ шавқи зиёд дорад. Бештари аксҳояшро табиати нотакрори диёрамон ташкил медиҳанд. Инчунин, ниҳолпарвариро дӯст медорад. "Агарчи дастонам ба дастони меҳнатӣ монанд нест, вале шуморо бовар кунонда мегӯям, ки дар ҳавлиамон якчанд намуди дарахтҳои мевагиро парвариш мекунам",- мегӯяд ӯ. 

Нодира фалсафаи зиндагиро чунин дарк карда, ки агар ғолибият ҳамеша насиби ҳақиқат гардад, ин худ муваффақият аст. Муваффақият бошад, зиндагии ҳар як инсон хушбахтона мегузарад. Ва зиндагии хушбахт чӣ гуна зебост?! Яъне, ин ҳар чор дар як радифанд, ки сарчашмаи онҳоро ҳақиқат ба ваҳдат мерасонад.

Шоираи ҷавон мегӯяд, ман ба афсонаҳо бовар дорам, агарчи маънои он худ «дурӯғ» аст. Зеро дар анҷоми афсона қаҳрамони мусбат ба муроду мақсад мерасад. Шояд аз ин ҷост, ки дӯстонам маро "духтари фантастикӣ" мегӯянд. Инсон агар аз таҳи дил бикӯшад, дилхоҳ афсонаро ба ҳақиқат табдил дода метавонад. Ман ҳам бо василаи ҳақиқат ояндаамро афсонавӣ дидан мехоҳам. 

Нодира метавонад, барои ҷавонони замони истиқлол намуна бошад. Ҷасорат, сахткушӣ, боварӣ ба нафс ва дигар паҳлӯҳои фаъолияташ духтарону писарони ҷавони миллатро ба самти шарафу меҳнат ва худсозӣ раҳнамун месозад. Яъне шахс дар худ мафҳуми "ман метавонам" - ро камол медиҳад.


10 сол назария, 20 сол амалия. Далер Миҳтоҷев доир ба дирӯзу имрӯзу фардои рассомӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед