Озмун барои ҷоизаи сифат дар ИДМ
Нашр шуд
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои ширкат дар озмун барои дарёфти ҷоизаи сифат дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил даъват шудаанд.
Дар ҷаласаи 65-уми Шӯрои байнидавлатии стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, озмуни даҳумин солгарди Ҷоизаи ИДМ дар соли 2025 барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ эълон шуд.
Дар ин замина корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасонӣ аз Тоҷикистон барои иштирок дар ин озмун даъват карда мешаванд.
«Ҳадафи озмун бардоштани сифату рақобатпазирии маҳсулот ва хизматрасонӣ, ҳавасмандгардонии содироти онҳо, ҷорӣ намудани фановариҳои навин ва усулҳои муассири мудирият дар корхонаву ширкатҳо дар кишварҳои узви ИДМ аст», - мегӯянд ташаббускорони озмун.
Озмун барои дарёфти ҷоизаи сифат дар чаҳор самти фаъолият баргузор мешавад. Аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, тавлиди молҳои сермасраф, маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзӣ ва инчунин бахши хизматрасонӣ дар озмун баҳогузорӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки ин озмун дар 2 сол як маротиба баргузор мешавад. Тақдими ҷоиза барои ғолибон, соҳибони диплом, инчунин гирандагони мукофоти махсус дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи ичроияи ИДМ баргузор мешавад.
Ширкатҳое, ки мехоҳанд дар озмун ширкат кунанд, бояд то 1 октябри соли ҷорӣ дар сомонаи расмии озмун (https://easc.by/konkurs-na-soiskanie-premii-sng ) дархост ва мавод пешниҳод намоянд.
Қобили зикр аст, ки озмун барои дарёфти Ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ бо қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви ИДМ аз 29 майи соли 2020, гузаронида мешавад.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед