Ru  | Tj
Имкони таҳсил барои довталабони тоҷик дар донишкадаҳои ҳуқуқшиносии Русия
Имкони таҳсил барои довталабони тоҷик дар  донишкадаҳои ҳуқуқшиносии Русия
Акс: аз манбаъҳои боз

Имкони таҳсил барои довталабони тоҷик дар донишкадаҳои ҳуқуқшиносии Русия

Нашр шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон довталабонро барои таҳсил дар донишкадаву донишгоҳҳои Русия даъват мекунад.

Дар доираи ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар, қабули довталабон барои таҳсил дар барномаҳои таҳсилоти олии касбии Вазорати корҳои дохилии Русия барои соли таҳсили 2024-2025 оғоз мешавад.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод, таҳсили довталабон ба ҳайси бакалавр ба муддати 5 сол дар муассисаҳои таълимии ВКД Русия дар наар аст.

Гуфта мешавад, ки довталабон ба таҳсили рӯзона дар донишгоҳу донишкадаҳои ҳуқуқшиносии Русия баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ қабул карда мешаванд.

Зикр мешавад, ки ҳангоми интихоби номзадҳо ба сатҳи дониш, маданият, ба камолоти рӯҳӣ, сифатҳои корӣ, коршоямии касбӣ, вазъи саломатӣ ва омодагии ҷисмонии онҳо аҳамияти махсус дода мешавад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, омӯзиш бо забони русӣ гирифта, тартиби таълим, дигар намудҳои таъминот тибқи шартнома амалӣ мешавад.

 Ба довталабон лозим аст, ки маълумотномаи тиббӣ дар мавриди вазъи саломатӣ пешниҳод карда, ҳолати ҷисмонии довталаб бояд ба талаботи мутобиқати ҷисмонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мувофиқ бошад.

Довталабон аз Тоҷикистон имкон доранд то 22 июли соли 2024 санадҳо худро пешниҳод кунанд.
 
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тартиби қабул ва таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои ҳуқуқшиносии Русия довталабон метавонанд тариқи телефони 221-30-38 муроҷиат кунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед