Ru  | Tj
Агар як рӯз ронандагӣ накунам, гурусна мемонам: “Чорчашмае”, ки мусиқии ҷаз гӯш намекунад
Агар як рӯз ронандагӣ накунам, гурусна мемонам: “Чорчашмае”, ки мусиқии ҷаз гӯш намекунад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

Агар як рӯз ронандагӣ накунам, гурусна мемонам: “Чорчашмае”, ки мусиқии ҷаз гӯш намекунад

Нашр шуд

Чанд касбе ҳаст, ки аксарияти мо намояндагонашонро ҳамчун соҳибкасб намешиносем ё шинохтан намехоҳем ва яке аз чунин касбҳо ронандагӣ асту соҳибкасб ронанда. То чанде пеш ҷараёни омӯзиши касби ронандагӣ ҷиддӣ, зиёд ва сангин буд, вале ҳоло чунин нест, зеро фаҳмиш, қабул ва арҷгузорӣ костааст.

Мо бо ронандаи касбӣ Шамсиддин Исроилов доир ба тамоми паҳлӯҳои ронандагӣ сӯҳбат анҷом додем.

Мо бояд барои “мурдани” дигар касбҳо ғам хӯрем


- Ронандагӣ касб аст ё шуғл?

- Барои нафароне, ки бо ронандагӣ зиндагияшонро пеш мебаранд, касб аст. Вале он касоне, ки ба воситаи мошин ба ҷойи корашон мераванд, наметавон ронандагиро касбашон гуфт. Ва боз ҳастанд нафароне, ки ронандагӣ барояшон шуғл аст. Яъне мошинсавориро дӯст медоранд ва ҳар вақте ки аз кор фориғ шуданд, дар роҳҳои каммошину камодам мошин меронанд.

- Барои Шумо чист: касб ё шуғл?

- Ман агар як рӯз ронандагӣ накунам, гурусна мемонам. Ронандагӣ кори асосӣ ва ягона роҳи даромадам мебошад, ки тавассути он рӯзгорамро пеш бурда истодаам.

- Ронандаро дар ҷомеаи мо чӣ гуна қадр мекунанд?

- Ҳама якранг нестанд. Баъзеҳо муносибати хуб доранд, бархе баръакс. Баъзеҳо аз роҳкироро камтар медиҳанд, бархе зиёдтар

- Иҷрои кадом амалҳо ё гуфтани кадом суханҳо ба ронанда мумкин нест?

- Ҳамон қонунҳои нонавиштаи инсонӣ, ки бояд ҳар як тоҷик риоя кунад. Масалан, бад нагӯяд, бо мусофирон беэҳтиромӣ накунад, мусофиронро фиреб надиҳад ва ғайраҳо.

- Ман дар ҷойе хонда будам, ки ба ронанда мусиқӣ шунидан мумкин нест, ин дуруст аст?

- Мусиқиҳои ҷазмӣ ё аз ҳад ором ба ронандагон ҳангоми иҷрои корашон тавсия дода намешавад.


- Барои чӣ?

- Сабаб он аст, ки мусиқии ҷазмӣ ронандаро ба рақсидан водор мекунаду мусиқии ором ба фикр мебарад, ки ҳамагӣ хатарзо ҳастанд.

- Ронандагиро пешрафти технология таҳдиди аз миён рафтан намекунад?

- Ба фикрам не, зеро мо дар Тоҷикистон бояд аз “мурдан”-и касбҳое ҳарос кунем, ки аллакай дар Аврупову Амрико ё Чин намояндагонашонро роботҳо иваз кардаанд.

- Мегӯянд, ки ронанда бояд устои мошин ҳам бошад, ин дуруст аст?

- Ман ба ҷойи “бояд” мехоҳам “хуб мешавад”-ро гузорам, зеро ҳақиқатан ҳам усто будани ронанда хуб аст, вале он ҳатмӣ нест, зеро агар ҳатман ҳар ронанда устои мошини худ мебуд, пас касби устои мошин нодаркор мешуд.

- Шумо чӣ хел ронанда шудед?

- Ман ронандаи касбӣ ҳастам. Чандин сол пеш автобус меронадам. Баъд бо талаби рӯзгор устои чӯб шудам. Гаҳворатарош, табақтарош, қошуқтарош ва зини асптарош будам. Пасон, боз барои гурусна намондан муаллими синфҳои ибтидоӣ ва таълими меҳнат шудам. Баъдан, шароит пайдо шуду сабукраве харида ва чун ин айём синну солам ҳам ба ҷойе расид, боз ба ронандагӣ пардохтам.

- Шумо таксист ҳастед, хатсайре, ки кор мекунед, мусофири зиёд дорад?

- Аз деҳаи мо то маркази ноҳия тақрибан 15 киллометр роҳ аст ва ман дидам, ки дар деҳаи навбунёд барои хариди масолеҳи сохтмонӣ ва рӯзгор ба сокинон таксӣ бисёр даркор аст. Мушоҳида мекардам, ки мардуми деҳа ҳатто рӯзона то 2-3 маротиба ба маркази ноҳия рафтуо доштанд ва дар охир ба хулосае омадам, ки таксисти ҳамин роҳ мешавам. Дар ин роҳ мусофирон бисёранд ва умуман ба маркази ноҳия зиёд мераванд.


- Аз он пуле, ки бо чархонидани чархҳо ва кор кардани муҳаррики мошинатон меёбед, розиед?

- Чун хати сайри мо дароз, сӯзишворӣ қиммат ва роҳкиро арзон ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон аз кори таксистӣ дар ин ҳолат фоидаи хуб ба даст овард ва рӯзгорро таъмин намуд. Аз ин сабаб, ду рақами телефони ман доимо фаъол ҳатсанду ҳар ҳамдаҳаам бемамоният дар вақти дилхоҳашон занг задаву ҳоҷаташонро арз мекунанд.

- Тақрибан дар як рӯз чанд сомонӣ меёбед?

- Рӯзона аз 50 то 300 сомонӣ меёбам.

- Мешавад ҳолате, ки аз гирифтани фармоиш даст кашед?

- Қариб ки не, зеро қисми зиёди мусофирони ман аз деҳаи худамон ё аз гирду атроф ҳастанд ва ин сабаб мешавад, ки бисёриҳоро рӯи хотир дида, ҳоҷаташонро бароварда кунам.

- Дар ин самт Шумо таҷрибаи чандсола доред?

- Дар умум зиёда аз 40 сол мешавад, ки сари чанбараки мошин ҳастам.

- Дар ин 40 сол ҷумлаи “Дар ин касб умрамро ҳайф кардам”-ро ба забон овардаед?

- Не. Ронандагӣ рӯзгори маро ба пеш ҳаракат дода истодааст, ба ман нон медиҳад, ба ман ном додааст. Фикр мекунам, агар чунин ҷумларо ба забон орам, ношукрӣ мешавад.


- 3 ҳолати ногувори кори таксистиро номбар кунед?

- Вақте ки бо чор мусофир ба роҳи калони дароз баромадаӣ, вале сӯзишворӣ тамом мешавад. Вақте ки бо бори вазнину мусофирон ҷонибе ҳаракат мекунӣ, вале дами чархи мошин мебарояд...

- 24 соати Шумо чӣ гуна сипарӣ мегардад?

- Ба мисли дигарон хоб мекунам, се вақт хӯрок мехӯрам, вақтам шуд истироҳат мекунам. Аз ҷиҳати корӣ бошад, фарқ мекунад. Яъне ман аз субҳ то бегоҳ дар роҳ ҳастам ва дар баробари ин, агар дилхоҳ вақт фармоиш шавад, ҳамон замон кор мебароям.

- Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин касб зиёд аст, вале ба назар менамояд, ки аксарият аз рӯи ҳавову ҳавас мошин меронанд. Шумо ба ин гуфта розӣ ҳастед?

- Бале, розиям. Ронандагиро аз рӯи ҳавову ҳавас кардан ҳам ба ҷони худ ва ҳам ба ҷони атрофиён метавонад зарар орад.

- Ҳар нафаре, ки шаҳодатномаи ронандагӣ дорад, ронанда аст?

- Вазъияти имрӯзро дида, барои ҷавоб додан ба ин саволатон душворӣ мекашам, зеро ҳоло бо нафароне, ки шаҳодатномаи ронандагӣ доранд, бисёр дучор мешавам ва аз ронандагии онҳо дар тааҷҷуб меафтам. Лекин ба ҳар ҳол гуфта наметавонам, ки онҳо ронанда нестанд, зеро мактабҳои ронандагӣ ба онҳо шаҳодатнома додаанд.

- Барои ронанда шудан бояд дар куҷо таҳсил кард?

- Дар мактаби ронандагӣ, ки дар кишвари мо шумораашон кам нест.

- Киҳо бояд ронанда нашаванд?

- Нафароне, ки “чор” чашм надоранд. Нафароне, ки дар замони худ зиндагӣ намекунанд. Нафароне, ки аз ҳодисаҳои табиат метарсанд...


- Ду ҷумлаи аввалатонро шарҳ дода метавонед?

- Ронанда бояд бо ду чашмаш ҳатман чор тарафро бубинад, зеро агар як тарафро каме нигоҳ накунад, ҳодисае шуданаш мумкин аст. Дигар, ронанда набояд хаёлӣ бошад. Масалан, одамоне ҳастанд, ки дар соати 14:30, рӯзи 20 октябри соли 2021 зиндагӣ доранд, вале фикрашон дар соати 10:10, рӯзи 14 октябри соли 2020 аст. Ин гуна нафарон дар дилхоҳ вақт ҳам барои худ ва ҳам атрофиён метавонанд ҳолати ногувор ё садамавиро ба вуҷуд оранд.

- Чӣ ё чиҳо лозим аст барои аз худ кардани ронандагӣ?

- Фаҳмиши хуб, устоди олӣ, хоҳиши бисёр ва доштани се хусусияте, ки ба саволи “Киҳо бояд ронанда нашаванд?” ҷавоб гуфтам.

- Тавсияҳои Шумо ба ронандаҳои оянда...

- Чун ин суҳбатро аксарият довталабон мехонанд, дар умум барои тамоми довталабон мегӯям. Ҳар касберо, ки дӯст медоранд, ҳамонро интихоб кунанд, дар беҳтарин мактаби олӣ таҳсил кунанд, аз пурсидан наҳаросанд, дар вақти таҳсил бисёр хонанд ва ҳар ҳарфи хондаашонро ба фикри мутахассис шудан аз худ кунанд.


Фарҳанги ору номус ё худ чаро занҳои тоҷик дар мавриди таҷовуз шуданашон хомӯширо ихтиёр мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед