Ru  | Tj
Ҷаласаи фаврии Файзов. Даъват ба таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷаласаи фаврии Файзов. Даъват ба таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон
Акс: Sputnik

Ҷаласаи фаврии Файзов. Даъват ба таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон

Нашр шуд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои омодагӣ ба таъмини амният дар марз бо Афғонистон дар пасманзари ихроҷи қӯшунҳои амрикоӣ аз ин кишвар ҷаласаи фаврӣ баргузор кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Раиси вилоят, Ёдгор Файзов бинобар ноором шудани вазъ дар манотиқи марзии Афғонистон дар пайи ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён нишасти фаврӣ баргузор намуд.

Файзов вазъи хатарнок дар марзро бонге барои зарурати ҳифзи суботи дохилӣ унвон карда, таъкид намуд, ки «дар сурати эҳтимоли вайрон кардани сарҳади давлатӣ, мо ба ҳифзи марзи давлатӣ бармехезем ва ба ҳуҷумгарон посух хоҳем дод».

Манбаъ навиштааст, ки вазъ дар шимоли Афғонистон бениҳоят мураккаб буда, гурӯҳҳои ифротгаро ишғоли аксари ноҳияҳои наздимарзиро идома медиҳанд ва ба инфрасохторҳо зарари калон мерасонанд.

Раиси вилоят таҳкими заминаи моддӣ — техникӣ ва кадриро дар шаҳру ноҳияҳои бо Афғонистон ҳаммарзи ВМКБ вазифаи аввалиндараҷа номида, ба зарурати мувофиқа кардани нақшаи кор бо аҳолӣ ва расонидани кумак ба марзбонон таъкид кардааст.

Ёдгор Файзов дар ин нишасти фаврӣ инчунин бо зикри аҳамияти баргузории машқҳои муштарак, аз тӯлонӣ будани марзи ВМКБ бо Афғонистонро ёдовар шуда, гуфтааст, ки дар ин вазъ зарурати тақвияти мунтазами фаъолияти минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ пеш омадааст.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо манотиқи шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад.



Садир Ҷапаров: Барои ҳалли масъалаи марз ҳар як қадам бояд санҷида гузошта шавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед