Ru  | Tj
Ҷавонони тоҷик барои ширкат дар ҳамоиши ҷавонони кишварҳои исломӣ ба Қазон мераванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷавонони тоҷик барои ширкат дар ҳамоиши ҷавонони кишварҳои исломӣ ба Қазон мераванд
Акс: РБК

Ҷавонони тоҷик барои ширкат дар ҳамоиши ҷавонони кишварҳои исломӣ ба Қазон мераванд

Нашр шуд

Ҷавонони тоҷик ба манзури ширкат дар Ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия мераванд.

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Шабнам Раҳимзода, муовини раиси ин ниҳод дар раъси як ҳайати 30-нафараи ҷавонони тоҷик ба Ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба шаҳри Қазон меравад.

Гуфта мешавад, ин ҳамоиш рӯзҳои 27-30-уми август бо ҳузури ҷавонони беш аз 50 мамалакати ҷаҳон, аз ҷумла,  Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон, Бангладеш, Қазоқистон, Камерун, Мадагаскар, Нигер, Серра-Леоне, Озарбойҷон, Алҷазоир, Гамбия, Гана, Миср, Индонезия, Урдун, Эрон, Канада, Шоҳигарии Баҳрайн, Қирғизистон, Лубнон, Либия, Малайзия, Мали, Марокаш, Мозамбик, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Уганда баргузор мегардад.

Манбаъ меафзояд, ҷавонони кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ дар ин ҳамоиш мавзуъҳои марбут ба муҳоҷират ва соҳибкории ҷавонон, муколамаи байнифарҳангӣ ва дигар масоили муҳимро баррасӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли гузашта Қазон аз сӯйи Созмони ҳамкории исломӣ пойтахти ҷавонони ҷаҳони ислом дар соли 2022-юм интихоб шуда буд.

Созмони ҳамкории исломӣ соли 1969-ум таъсис ëфта, айни замон 57 кишвари узв дорад. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ 1-уми декабри соли 1992 узви созмони мазкур гардида буд.


Мутахассисони ҷавони тоҷик барои таҳсили дусола ба Ҷопон мераванд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед