Ru  | Tj
Аз Исмоили Зоир то Манижаи Сангин. Кумитаи ҷавонон 30 ҷавони муваффақи Тоҷикистонро эълом кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аз Исмоили Зоир то Манижаи Сангин. Кумитаи ҷавонон 30 ҷавони муваффақи Тоҷикистонро эълом кард
Акс: ASIA-Plus

Аз Исмоили Зоир то Манижаи Сангин. Кумитаи ҷавонон 30 ҷавони муваффақи Тоҷикистонро эълом кард

Нашр шуд

Кумитаи ҷавонон ва варзиш 30 ҷавони муваффақи Тоҷикистон дар соли гузаштаро муайян ва дар як маросими вижа эълом кард.

Ба иттилои саҳифаи расмии Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар Фейсбук, дирӯз дар толори меҳмонхонаи “Ҳайат реҷенси”-и Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои самти кор бо ҷавонон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар ин маросим дар баробари тақдими Ҷоизаҳои Кумита ҳамчунин ин ниҳод феҳрасти 30 ҷавони муваффақи кишвар дар бахшҳои мухталифро эълом намуд.

Ин феҳраст бо номи Исмоили Зоир оғоз меёбад ва Фатҳиддини Замон, Азизҷон Азимӣ, Ризои Баҳромзод, Нафиса Имронова, Манижа Сангин ва Чоршанбе Аловатов аз шумори ҷавононе ҳастанд, ки ба он ворид шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба ҳамин монанд радабандии дигареро бо номи “10 чеҳраи сол” нашр намуда буд, ки дар он Исмоили Зоир ҳамчун “Хайрхоҳи сол” ва Манижаи Сангин чун “Чеҳраи сол” интихоб шуда буданд.

Исмоили Зоири 21 сола набераи калонии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст ва факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷиктабори Русия 30 сол дорад ва имсол Русияро дар озмуни байналмилалии “Евровидение-2021” намояндагӣ карда буд.

Кумитаи миллии олимпӣ: Танҳо як варзишгари тоҷик ба Бозиҳои паралимпии Токио меравад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед