Ru  | Tj
Бонувони Душанбе ҷоизаҳои Зебинисо Рустамоваро дарëфт намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонувони Душанбе ҷоизаҳои Зебинисо Рустамоваро дарëфт намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Бонувони Душанбе ҷоизаҳои Зебинисо Рустамоваро дарëфт намуданд

Нашр шуд

Дар шаҳри Хуҷанд барои дарëфти ҷоизаҳои Зебинисо Рустамова мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ баргузор гардид.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзҳои 1-4-уми сентябр ба муносибати 31- солагии  Истиқлоли  давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаҳои Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебинисо Рустамова гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ширкат намудаанд.

Манбаъ меафзояд, дар ин мусобиқа дар масофаи 50м+30м миёни бонувон Фотима Зулфиқорбекова ва миёни мардҳо Фаррух Қурбонов, ҳарду аз Душанбе ҷои аввалро гирифтанд.

Дар масофаи 70 метри даври олимпӣ  низ миёни бонувон Фирӯза Зубайдова аз Душанбе пирӯз гардида, Мавзуна Азимова аз дастаи Суғд ҷои дуюм, Мадина Раҷабова аз Душанбе ҷои сеюмро гирифтанд.

Дар ҳамин масофа миёни мардон ҳар се ҷои ифтихориро намояндагони вилояти Фарғона: Шоҳҷаҳон Абдулҳамидов- ҷои якум, Келдиёр Ҳасанов- ҷои дуюм ва Тигран Эсанов ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Мусобиқаи кушод барои дарëфти ҷоизаҳои Зебинисо Рустамова ба таври пайваста гузаронида мешавад.

Зебинисо Рустамова барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монтреал-1976, 4 карат чемпиони ҷаҳон дар ҳисоби инфиродӣ ва даставӣ,  барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон ва чемпиони секаратаи Аврупо  мебошад.


Шоири тоҷик Карим Ҳайдар сазовори ҷоизаи Русия шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед