Ru  | Tj
Шоири тоҷик Карим Ҳайдар сазовори ҷоизаи Русия шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар сазовори ҷоизаи Русия шуд
Расм аз Khovar.tj

Шоири тоҷик Карим Ҳайдар сазовори ҷоизаи Русия шуд

Нашр шуд

Шоир ва сармуҳаррири барномаҳои ахбори телевизионии "Тоҷикистон" Карим Ҳайдарро иттифоқи нависандагони Русия бо ситораи "Наследие" - 2020 қадрдонӣ кард

Тавре аз сухани шоир маълум шуд ин мукофот дар маросими ҷоизасупории "Наследие" ба ӯ дода мешавад ки баҳори соли 2021 баргузор мешавад.

Карим Ҳайдар қаблан бо ҷоизаи Сергей Есенин сарфароз гардида буд, ки нахустин ҷоизаи ӯ дар соли 2020 аз иттифоқи нависандагони Русия буд.

Карим Ҳайдар 6 январи соли 1961 дар Истаравшан дар оилаи рӯзноманигор Раҳим Ҳайдар таваллуд шудааст.

Соли 1983 факултаи забон ва адабиёти руси донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, аз соли 2006 дар шабакаи телевизиони "Тоҷикистон" фаъолият мебарад.

Шоир узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рӯзноманигорон ва аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад.

Карим Ҳайдар муаллифи маҷмааҳои шеърии "Садои аҷдодон" ("Голоса предков"), "Қиссаи Ҳисор", ҳикояву очеркҳо мебошад, ки бештарагон дар маҷмааҳои кишварҳои ИДМ мунташир шудаанд.

Маблағгузории Русия ва фонди СММ ба лоиҳаи "Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон"


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед