Ru  | Tj
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад
Акс: Tajik Startups

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад

Нашр шуд

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гуфтааст, ки имсол дар ин донишгоҳ Маркази зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад.

Ба гузориши Halva.tj, Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ рӯзи 18-уми январ дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ гуфт, ки онҳо дар садади таъсиси як маркази зеҳни сунъӣ ҳастанд.

Давлатзода афзуд, ки дар ин маврид ба садорати факултетҳо супориш дода шудааст, ки дар муҳлати як моҳ Низомнома ва нақшаи кории Маркази мазкурро таҳия ва ба Шӯрои олимон пешниҳод намоянд.

Вай таъкид дошт, ки ин иқдом бо таваҷҷуҳ ба дастури Президенти кишвар ва дарёфту рушди малакаи зеҳнии донишҷӯёни лаёқатманд гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар дар охири соли гузашта ба Ҳукумати кишвар супориш дода буд, ки ҷиҳати таҳия ва васеъ истифода намудани технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди мамлакат Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ таҳия ва татбиқ карда шавад.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дониста шудааст. Ин донишгоҳ соли гузашта дар радабандии донишгоҳҳои ҷаҳон, ки аз сӯи Шӯрои миллии тадқиқотии Испания (CSIC) таҳия шуд, миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон мавқеи аввал ва дар байни беш аз 31 ҳазор донишгоҳи ҷаҳон зинаи 5983-умро касб карда буд.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон соли 1956 дар Душанбе таъсис ёфтааст ва айни замон ҳудуди 11 ҳазор донишҷӯ дорад. Дар замони шӯравӣ номаш Институти политехникии Тоҷикистон буд.


"Зеҳни сунъӣ" дар Тоҷикистон: дафтари TajRupt дар Душанбе ифтитоҳ ёфт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед