Ru  | Tj
Дар мувофиқа бо Президент: Парчами Тоҷикистонро дар Токио кӣ мебардорад?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар мувофиқа бо Президент: Парчами Тоҷикистонро дар Токио кӣ мебардорад?
Акс: Кумитаи миллии олимпӣ

Дар мувофиқа бо Президент: Парчами Тоҷикистонро дар Токио кӣ мебардорад?

Нашр шуд

Дар мувофиқа бо Президент Эмомалӣ Раҳмон паҳлавони маъруф Темур Раҳимов парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Олимпиада дар Токио интихоб шудааст.

Дар ин бора Кумитаи ҷавонон ва варзиш хабар дод.

Темур Раҳимов соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мебошад. Падараш Бахтиёр Раҳимов, бобояш Рустам Абдураҳмонов ва тағояш Сӯҳроб Абдураҳмонов ҳама гуштингир буданд. Темур аз 13-солагӣ ҷиддӣ ба тамрин машғул шудааст. Ӯ барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиё (2019; 2021); барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон (2017); барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон (2017); барандаи медали биринҷии Гран Прии Марокаш (2019) ва барандаи ду медали тилло ва як нуқраи Ҷоми Осиё миёни наврасону ҷавонон (2014, 2016, 2017) мебошад.

32-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки бо сабаби авҷи пандемияи коронавирус як сол ба таъхир уфтод, аз 23 -юми июл то 8-уми август дар Токио баргузор мешавад. Маросими кушодашавии олимпиада дар Варзишгоҳи олимпии Токио 23 июл баргузор мешавад.

Ҳайати олимпии Тоҷикистон иборат аз 10 варзишгар аз рӯи чор намуди варзиш имрӯз озими Токио шуданд.



Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Токио рафт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед