Ru  | Tj
Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба хотири тавсеаи гардишгарӣ дар минтақа Маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба хотири тавсеаи гардишгарӣ дар минтақа Маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис ёфт
Акс: ТоҷикТА

Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба хотири тавсеаи гардишгарӣ дар минтақа Маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис ёфт

Нашр шуд

Кумитаи рушди  сайёҳӣ хабар дод, ки дар шаҳри Леваканти Хатлон бо дастури Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар заминаи филиали Донишкадаи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъол гардонида шуд. 

Гуфта мешавад, ин марказ ба хотири тавсеа бахшидан ба бахши сайёҳӣ дар вилоят ва бо маълумоти лозим таъмин намудани донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамчунин, манбаъ зикр намудааст, ки айни замон дар шаҳри Левакант барои қабули сайёҳон ду меҳмонхона, панҷ мавзеи сайёҳӣ  ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо фаъолият менамоянд. 

Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ аҳаммияти махсус зоҳир менамояд ва барои сармоягузорӣ дар ин самт имтиёзҳои зиёде ҷорӣ кардааст. 

Тибқи омори расмӣ қабл аз паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон шумори сайёҳони ба Тоҷикистон омада дар як сол аз марзи миллион убур карда буд, аммо ду соли ахир ин нишондод бо сабаби ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо ба таври назаррас поин рафтааст.

Аз ҷумла, дар шашмоҳаи аввали соли равон аз шаҳри Левакант 1675 нафар сайёҳи дохилӣ ва 45 гардишгари хориҷӣ дидан кардаанд, ки дар қиёс ба замони қабл аз паҳншавии коронавирус ба таври назаррас камтар аст. 

Агентии омор аз афзоиши истеҳсоли гӯшт дар соли ҷорӣ хабар дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед